Факултети туризм ва хадамоти гумруки - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ТУРИЗМ ВА ХАДАМОТИ ГУМРУКӢ

Декани факултет: Хоркашов Исломбек Сангакович - номзади  илмҳои иқтисодӣ, дотсент 
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 3, ошёнаи 1. 
Тел.: (992 37) 234-88-02, (992) 935939900
E-mail: islom_2412@mail.ru

 

 

 


 

   Факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ яке аз факултетҳои  пешбари фаъолияти донишкада маҳсуб гашта, дар тамоми давраи фаъолияти худ стратегияи аниқи тайёр намудани  мутахассисони баландпояи соҳаҳои туризм, туризми байналмилалӣ, идоракунӣ дар бахши туризм, ташкил ва пешбурди кори меҳмонхона, таъминоти ҳуқуқӣ ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукиро  ба роҳ мондааст.

   Чунонки аз рушди иқтисоди миллӣ бар меояд, мутахассисони соҳаи зикргардида мунтазам афзоиш ёфта истодаанд ва ин ҳолат зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ ва мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро вобаста ба бозори меҳнат ба миён мегузорад.  Дар таҳсили рӯзонаи факултет  имрӯз мутахассисон аз рӯи панҷ ихтисос  омода карда мешаванд:


1.  89010101 -  Саёҳат ва меҳмондорӣ (бакалавр, магистр);
2.  89010102 - Фаъолияти меҳмонхонавӣ (бакалавр, магистр);
3.  26020210 - Менеҷмент дар соҳаи  сайёҳии байналмилалӣ  (бакалавр, магистр);
4.  96010101-  Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ (бакалавр,  магистр);
5.  96010102-  Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ (бакалавр, магистр).

   Дар таҳсили ғоибонаи факултет  имрӯз мутахассисон аз рӯи ду ихтисос  омода карда мешаванд:
1. 89010101 -  Саёҳат ва меҳмондорӣ;
2. 96010102 - Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ.
     Айни ҳол ба факултет чор кафедра шомил аст, ки аз ин ду кафедраи  тахассусӣ ва ду кафедраи ёрирасон мебошанд. Роҳбарии кафедраҳои факултетро олимони варзидаи соҳаҳои турзм, гумрук, забон ва варзиш, номзадони илм, дотсентон бар уҳда доранд. 
Ба кафедраҳои тахассусии факултет:
-  Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук (мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Нидоев Парвиз  Фозилович);
-  Кафедраи туризм  (мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қодиров Фазлиддин Садриддинович) дохил мешаванд.
Кафедраҳои ёрирасони факултет бошанд:
-  Кафедраи забонҳои хориҷӣ (мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Пиров Қурбоналӣ); 
-  Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист (мудири кафедра иҷрокунандаи вазифа устоди калон Мустафоқулов Шералӣ)  мебошанд.
Дар кафедраҳои факултет 35 нафар олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ, докторону номзадҳои илм, дотсентон ва як зумра собиқадорону коршиносони соҳаҳои  иқтисодиёт, гумрук, туризм, фарҳанг, забондонону варзишгарон ва ғайраҳо кору фаъолият доранд.

      Факултет бо тамоми шароитҳои моддӣ-техникӣ муҷаҳҳаз буда, шароити таълиму тадрис тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст.