Кафедраи бахисобгирии бухгалтери ва аудит - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ

Мудири кафедра: Каримов Баҳодур Ҳасанович - номзади илмҳои иқтисодӣ,дотсент 
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 4, ӯтоқи 9.
Тел.: (992 37) 234-88-03
E-mail: bahodurkarim@mail.ru

 

 

 


 

   Кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” соли 1996 ташкил шудааст. 
Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит барои корхонаҳои тиҷоратӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Мутахассисони омоданамудаи кафедра ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дорои донишҳои баланди касбӣ ва малакаҳои корӣ мебошанд. Ҳоло дар кафедра бо се самт мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура омода карда мешаванд: 25010800 “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит”, 25010801 “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”, 25010805 “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат”. Дар тӯли фаъолияти кафедра донишкадаро бо ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён хатм карданд, ки онҳо дар тамоми соҳаҳои бахшҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодаанд.
Кафедра ҳамчунин бо мақсади рушди соҳаи илм ва маориф, иҷроиши корҳои илмӣ-амалӣ ва таълимӣ-методӣ, ташкили синфхонаҳои лабораторӣ ва методии муосир барои ба роҳ мондани таълим аз рӯи фанҳои таълимии кафедра фаъолияти худро равона намудааст. 
   Айни замон, дар кафедра 16 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки дараҷаи унвоннокии онҳо беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Тӯли фаъолият ҳайати кормандони кафедра ба он ноил гаштаанд, ки маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва стандарти маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шавад. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ , васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ омода гардидаанд, ки дар раванди таълими донишкада ва берун аз он истифода мешаванд.  Кафедра фаъолона бо дигар кафедраҳои  макотиби олии ҷумҳурӣ ва мамолики ИДМ (Россия, Украина, Қазоқистон) ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.