Кафедраи забонхои хоричи - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Мудири кафедра: Пиров Қурбоналӣ –номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.  Барои тамос: 
Барои тамос: 734055 ш.Душанбе, ноҳияи Сино. Кӯчаи Муҳаммадиев 64 утоқи 25
Тел.: (992) 917 58 35 09 
E-mail: pirov54@mail.ru

 

 


 

   Кафедраи забонҳои хориҷӣ дар сохтори донишкада ба ҳайси кафедраи мустақил  аз соли 1993 фаъолият намуда, тўли ин солҳо ба ҳайси яке аз кафедраҳои  пешбар  мавқеи хоса касб намудааст. Дар  муддати  фаъолияти  қариб бистсолаи хеш кафедра пайваста бо устодони доимӣ таъмин буда, барои ҷалб намудани мутахассисони соҳибкасб аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Аз ин ҷост, ки дар кафедра устодони варзида Аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Шобиддинов, Н. Ҳайбатов, устодони калон Мирзоумарова М.У, Ҷўрахонова С.Қ, Қурбонова Г.М, Нуракова Н.Ч., Шокирова М.М., Мирзоева Б.С. устодон Мирзоева М.К., Арбобова М.Т. ва дигарон фаъолияти босамар дошта, баъзеҳо, натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои хориҷи дуру низдик тахассуси худро такмил дода, таҷрибаи аз 25 то 45 солаи корӣ доранду ба шогирдон сирру асрори забонҳои бонуфузтарини дунё – забонҳои англисӣ ва фаронсавиро меомўзонанд.

   Ҳоло кафедраи забонҳои хориҷӣ зиёда аз 13- нафар устодонро муттаҳид намудааст. Сарварии онро устоди варзида, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қ. Пиров ба ўҳда дорад. Кафедра дар чорабиниҳои ҳамарўзаи Донишкада саҳми хеле калон дорад. Дотсенти кафедра Ҳайбатов Н.В., ки муддати зиёд сарварии онро ба ўҳда дошт, пайваста дар рушди таълиму омўзиши забонҳо ва тарбияи мутахассисони замони нав ва рушди касбии устодони кафедра талош меварзад. Дар баробари таълим,  дар кафедра маҳфилҳои илмӣ-адабӣ ва фарҳангию тарбиявӣ ба монанди « Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» ва ғайра  амал мекунанд, ки дар баланд бардоштани дараҷаи дониши шогирдон ва зиёдтар шудани рағбати онҳо ба забономўзӣ мусоидат менамоянд.