Кафедраи туризм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ТУРИЗМ

Мудири кафедра  – Қодиров Фазлиддин Садриддинович - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент   ​

Барои тамос: 734055, Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2.

Тел: (992) 918683767
E-Mail: Edelvis-07@mail.ru 

 

 


 

     Саноати сайёҳӣ  имрӯз босуръат дар ҳоли рушд қарор дошта, зиёда аз миллиард нафар сокинони сайёра хамасола аз манотиқи мухталиф дидан мекунанд. Ҷиҳати амали муваффақонаи соҳаи сайёҳӣ  омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дониши мукаммали касбӣ, забонҳои хориҷӣ, технологиияи муосир зарур аст. Айни ҳол муассисахои зиёди олии касбӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ ба омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ машғуланд, ки миёни онҳо Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмаи Вазорати саноат ва технологияхои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбар шинохта гардидааст. Кафедраи туризм аз сохторҳои таркибии донишкада буда, ба тайёр намудани мутахассисони ин соҳа машғул мебошад.  


   Кафедра дар заминаи ихтисосҳои 89010101 –Туризм ва меҳмондорӣ ва 26020210 – Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ  тибқи фармони  № 154/4 аз 9.06.2008 таъсис дода шудааст. Айни ҳол дар ихтисосҳои кафедра зиёда аз 200 нафар донишҷӯён дар зинаҳоии бакалавриат ва магистратура таҳсил доранд. Дар давраи фаъолияти кафедра 4 нафар устодони кафедра рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолияти илмӣ-омузгории хешро пеш бурда истодаанд.

   Устодони кафедра аз 26 фанни таълимии тахассусӣ ба шогирдон дарс мегӯянд. Дар баробари машғулиятхои маъмулии лексионӣ ва семинарӣ,  барои донишҷӯён экскурсияхои таълимӣ, машғулиятхои амалии омӯзишӣ, саёҳатҳои таълимӣ-омузишӣ бо ташрифоварӣ ба объектҳои сайёҳӣ аз қабили Искандаркӯл, Ҳафткӯл, базаи сайёҳии «Артуч», боғи таърихӣ-табиии «Ширкент», боғи табиии «Сарихосор», мавзеи «Чилдухтарон», инчунин ташрифоварӣ ба объектҳои фархангӣ-таърихии «Қасри шоҳони Ҳулбук», Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Кӯлоб, Истравшан ва амсоли инҳо пешбинӣ гардида, амалӣ мешаванд. Ин тарзи ташкили раванди таҳсилоти тахассусии сохаи туризм ба донишҷӯён имконияти омӯзиши амиқи махсусияти рушди соҳаи сайёҳии мамлакатро фароҳам сохта коллективи донишҷӯёнро бо ҳам наздиктару ошнотар месозад.  

            Дар раванди таҳсил донишҷӯён аз технологияҳои муосиртарини иттилоотӣ, лабораториҳои муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ, электронӣ, технопаркҳо, шабакаи ҷаҳонии  Интернет васеъ истифода намуда, дар машғулиятҳои беруназдонишкадавӣ,  дар субъектҳои хоҷагидории соҳаи туризм, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, экскурсионӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, нақлиётӣ,  инчунин  дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ширкат маварзанд.

 Устодони кафедра дар таҳияи ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёхии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои рушди туризм  барои солҳои  2010-2014, 2015-2017  иштироки фаъол намудаанд.

           Дар баробари ин, кафедра иштирокчии фаъоли фаъолияти созмонҳои байналмиллалӣ-Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони милали муттаҳид, Созмони байналмиллалии  хайриявӣ дар Тоҷикистон (VSO), Эразмус+  ва ғайраҳо мебошад. Ҳайати  профессорону омӯзгорони кафедра дар барномаҳои байналмиллалии илмӣ-таҳсилотӣ ва лоиҳаҳои  Иттиҳоди    Аврупо, аз ҷумла ТЕМПУС, (Trans-European Mobility Programme for University Studies ) ва Лоиҳаи  ҷумҳуриявии «Роҳу усулҳои такмили тайёр кардани мутахассисони  соҳаи туризм дар Тоҷикистон» фаъолона иштирок  менамоянд.

         Ҳамкории кафедра бо сохторҳои идоракунии давлатии соҳаи туризм ва субъектҳои хоҷагидории соҳа хуб ба роҳ монда шудааст. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ширкатҳои ёрирасони рушди туризми Тоҷикистон, ҶДММ «Тоҷикинтурсервис», ҶДММ «Алп Машков», ҶДММ «Помиринтурсервис», ҶДММ «Алп Навруз», КВД «Сайёҳ», ҶСП «Интурист -Точикистон», ҶДММ «Эл-тур», ҶДММ «Помир силк тревел», ҶДММ «SkyTour», ҶДММ «Панҷакент Интур», меҳмонхонаҳои «Хайят Редҷенси Душанбе», «Шератон Душанбе», «Азия Гранд Отел», ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон», ҶДММ «Осоишгоҳи Хоҷа оби гарм», ҶДММ «Осоишгоҳи Сатурн», ГК «Рахш такси», фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳамкорони фаъоли кафедра буда, давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён маҳз дар ҳамин муассисаҳо доир мегардад.

         Ҳамкории кафедра инчунин, бо шинохтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустакил, аз ҷумла Федератсияи Руссияи-Донишгоҳи туризм ва сервиси Руссия (ш.Маскав), Академияи байналмилалии туризми Руссия (РМАТ), Донишгоҳи давлатии Боку (Озорбойҷон),  бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷи дур-Донишгоҳи  Генуяи  Италия, Донишгоҳи технологии Братиславаи Словения, Донишгоҳи Айдын дар Стамбул  хуб ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёне, ки бо баҳои  хубу аъло мехонанд,  метавонанд  таҳсилро  дар  муассисаҳои олии таҳсилоти касбии зикршуда, дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (Phd) идома диханд.

   Дар  доираи ин ҳамкориҳо  коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ тибқи нақшаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ мунтазам  машғулиятҳои тренингӣ, дарси маҳорат ва вохӯриҳои судманд ташкил мекунанд. Ҳамзамон, ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра пайваста ба коркард ва татбиқи лоиҳаҳои  афзалиятноки омодасозии, мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ машғул мебошанд.

   Дар кафедра тайёр намудани  мутахассисони  қобили меҳнат аз рӯи ихтисосҳои 250107-иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 26020210-менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, 89010101- саёҳат ва меҳмондорӣ,, 89010102-тиҷорати меҳмонхонавӣ барои корхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ. ширкатҳои меҳмонхонавӣ, маҷмааҳои сайёҳию фароғатӣ, муассисаҳои экскурсионӣ, муассисаҳои хӯроки умум, ширкатҳои нақлиётӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, муассисаҳои фарҳангию-фароғатӣ, осорхонаҳо, корхонаҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо бо назардошти дарқи:

-қобилияти роҳбарӣ ба фаъолият дар соҳаи туризм;

-талаботи бозори сайёҳии ҷаҳонӣ дар шароити имрӯза;

-аҳамияти   иҷтимоӣ-иқтисодии туризм дар ҳаёти ҷомеаи муосир;

-бозори хизматрасонӣ дар соҳаи туризм;

-захираҳои сайёҳӣ-рекреатсионӣ;

-робитаҳои сайёҳӣ миёни кишварҳо;

-имкониятҳои рушди туризми экологӣ, иҷтимоӣ, этникӣ, варзишӣ- тандурустӣ;

-хизматрасонӣ дар муассисахои меҳмонхонавӣ, муассисаҳои хӯроки умум, нақлиёт, бахусус нақлиёти ҳавоӣ ва ғайраҳо амалӣ мегардад.

Ҳангоми таҳсил  мутахассисони оянда роҳҳо  ва технологияҳои тарҳрезии фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбарӣ ба фаъолияти ширкатҳо, фаъолияти туроператорӣ ва турагентӣ, механизмҳои коркарди хатҳои сайру сайёҳӣ, технологияҳои тарҳрезӣ ва ташкили истироҳату вақтхушии сайёҳон, хизматрасонии экскурсионӣ-сайёҳӣ,  хизматрасонии меҳмонхонавӣ, химатрасонӣ дар нақлиёти ҳавоӣ ва дигар намуди нақлиёт, хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умум, роҳбарӣ ба гуруҳҳои сайёҳон ва ғайраҳоро меомӯзанд.

Маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра «Ҷаҳони саёҳат» донишҷӯёнро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намуда, мунтазам чорабиниҳои илмӣ, семинар-машваратҳо ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ доир менамояд.

Дар назди кафедра Клуби сайёҳии донишҷӯён «Сайёр» амал  мекунад. Ҳамасола аъзоёни клуби мазкур барои омӯзиши хатҳои сайёҳии мамлакат ба саёҳат сафарбар мешаванд. Аз ҷумла, аз ҷониби аъзоёни клуби мазкур хатҳои сайёҳии пиёдагардӣ ва нақлиётии Душанбе-Қаратоғ-Искандаркӯл, (с.2012) Душанбе –Каратоғ-Искандаркӯл-Ҳафткӯл (с. 2013), Душанбе-Гусгарф-Лучоб-Кӯли Пайрон-Дараи Қаратоғ (с.2014), Душанбе-Норак-Дангара- Балҷувон-Восеъ-Сари Хосор (с. 2015), Панҷакент-Ҳафткӯл-Артуч-Кӯли калон-Искандаркӯл (с. 2017) омӯхта шуд.

Таҳкиқотҳои бунёдӣ ва амалии  кафедраи туризм аз рӯи самтҳои афзалиятдори зайл пеш бурда мешаванд: 

  • Коркарди консепсия ва барномаҳои рушди сохтори ҳудудии маҷмааи сайёҳӣ-рекреатсионии манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Асосноккунии ҷанбаҳои услубии омӯзиш ва баҳодиҳии иқтидори захиравии истироҳат ва сайёҳӣ дар манотиқи чумҳурӣ;
  • Ташхиси лоиҳаҳои азхудкунии сайёҳӣ-рекреатсионии манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ;
  • Коркарди хатҳои нави саёҳатӣ-экскурсионӣ;
  • Тадқиқотҳои имиҷеологии дар соҳаи истироҳат ва сайёҳӣ;
  • Баҳодиҳии ҷолибияти сармоягузорӣ ба минтақахои рекреатсионӣ;
  • Хусусияти омодасозии мутахассисони соҳаи туризм дар замони муосир ва ғайра

Кафедра вазифаи масъули такмили пайвастаи таъминоти услубии раванди таълимро бо дарназардошти стандартҳои муҳити таҳсилотии аврупоӣ  ба уҳда дорад.

Ҳайати илмӣ-омӯзгории кафедра: