Кафедраи риёзиёт дар иктисодиёт - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ РИЁЗИЁТ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

Мудири кафедра: Қараев Худояр  – номзади илмҳои физика математика, дотсент.
Барои тамос: 734055, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 22.

Тел.: (992 37) 234-88-03
E-mail:  kf.riyoziyot@dsx.tj​

 

 

 


 

   Кафедраи «Риёзиёт дар иқтисодиёт» аз рўзҳои аввали таъсисёбии донишкада, яъне моҳи ноябри соли 1991 ташкил карда шудааст. Номи кафедра якчанд маротиба иваз шудааст. Аз ҷумла кафедраи «Риёзиёти олӣ ва муҳандисӣ-техникӣ», кафедраи «Риёзиёти олӣ», кафедраи «Риёзиёти олӣ ва информатика», кафедраи «Риёзиёти иқтисодӣ» ва аз соли 2009 кафедра  номи «Риёзиёт  дар иқтисоёт-ро гирифт.

   Аз  соли 1992 то соли 2008 вазифаи мудирии кафедраи Риёзиёти оли-ро профессор М. Исматӣ ба ўҳда доштанд.

   Аз соли 2008 то соли 2011 вазифаи мудири кафедраи «Риёзиёт дар Иқтисодиёт»-ро дотсент Муродов Б. иҷро намудааст.

   Аз соли 2011 то соли 2012  вазифаи мудири кафедраро дотсент Азизов Р.Э. иҷро кард.

   Аз соли 2012 то соли 2013  вазифаи мудири кафедраро дотсент Xобиров X. Қ.  ба ўҳда доштанд.

   Аз  моҳи феврали  2013 то ноябри соли 2014 вазифаи мудири  кафедраро дотсент Қараев  Х. Х. ба ўҳда доштанд.

   Аз ноябри соли 2014 то ҳол иxрокунандаи вазифаи мудири кафедра дотсент Азизов Р.Э. мебошанд.

   Дар муддати арзи вуҷуд доштани кафедра ба ифтихор метавон қайд кард, ки ду нафар аъзоёни кафедра устод Муҳаммадҷон Исматӣ рисолаи доктории дар мавзўи «Оиди баъзе масъалаҳои омехтаи бо худ пайваста ва ғайри пайвастаи физикаи риёзӣ» (ноябри соли 2003) ва устод Ф.Комилов  дар мавзўи «Тарҳрези  иммитатсионии динамикаи экосистемаи маҳзанҳои   обӣ» (феврали 2004) ҳимоя  намуданд.

   Мавзўи асосии илмию тадқиқотии олимони кафедра бо роҳбарии профессор Исматӣ М. «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва масъалаҳои канории физикаи риёзӣ» ном дошта, дар бахшҳои муайяни он зери номҳои мушаххас профессор М.Исматӣ, дотсентон Xобиров X., Қараев Х.., Муродов Б., Раҷабов Б., Шарипов Б., Эркинбоев Х., Азизов Р.,  устодони калони кафедра Ризоева К., Шолчаев Ҳ., Норқулов Р., Сангмамадов Д. ва ассистенти кафедра Мирзораҳимов М.  корҳои илмӣ-тадқиқотиро иҷро менамоянд.

   Дар баробари муваффақиятҳои хеле назарраси илмию тадқиқотӣ устодони кафедра дар ҷодаи корҳои таълимӣ, илмию методӣ ва ташкилӣ муттахассисони забардаст ва шинохтаи xумҳурӣ мебошад. Аз он xумла китоби дарсии «Курси мухтасари риёзиёти олӣ» ба забони тоҷикӣ, иборат аз 3 қисм ба донишҷўёни  макотиби олӣ пешкаш шудааст, ки қисми якуми он «Геометрияи аналитикӣ ва элементҳои алгебраи хаттӣ» Б.Муродов: қисми дуюм «Таҳлили риёзӣ» муаллифон Б.Раҷабов ва М.Исматӣ ва қисми сеюми он Таҳлили риёзӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ», «Маҷмўаи мисолу масъадаҳои тестӣ аз математика»,  Математикаи олӣ барои тахассусҳои иқтисодӣ-ро профессор М.Исматӣ навиштаанд. «Корҳои мустақилона аз математика»-ро устодон Муродов Б. ва Шолчаев Ҳ. навиштаанд.