Кафедраи назарияи иктисод - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Мудири кафедра : Алишоев Хуршедшоҳ Ҳасратшоевич                 
Барои тамос:
Суроѓа: 734061, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои
1 утоқи  18 - 19
Тел.: 918637840
e-mail:   akhurikshoh@mail.ru

 

 


 

  Кафедраи Назарияи иқтисод  ва фаъолияти соҳибкорӣ  29 сентябри соли 2016  бо қарори ШО-и  ДСХ дар натиҷаи якҷоя намудани ду кафедра (назарияи иқтисодӣ ва Иқтисоди соҳибкорӣ)  ташкил шудааст. Кафедра дар донишкада яке аз кафедраҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати дараҷаи донишазхудкунии донишҷўён, шумораи аълохонҳо ва иштироки фаъолонаи донишҷўён дар озмуну олимпиадаҳои дохилидонишкадавӣ ва берун аз он яке аз мавқеҳои аввалро ишѓол менамояд.

Теъдоди умумии кормандони илмӣ-педагогии кафедра дар соли ҷорӣ 15 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 10 нафарашон кормандони штатӣ ва 4 нафар ҳамкори дохилӣ ва 1 нафар беруна мебошанд. Роҳбарии кафедраро н.и.и., Алишоев Х.Ҳ ба ўҳда дорад. Дар кафедра 1 доктори илм, 7 номзади илм, 1 устоди калон ва 4 ассистент фаъолият менамоянд.

Кафедра дар базаи ихтисосҳои 25010711 - "Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ", 26020107 - "Фаъолияти соҳибкорӣ дар корхона" ва  27010116 – «Иқтисодиёт ва соҳаи энергетика» дар факултети «Соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷахон»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳамчун кафедраи тахасусӣ муаррифӣ шудааст, ки иқтисодчӣ-менеҷеронро барои ин соҳаҳо тайёр мекунад.  Мўҳлати меъёрии азхудкунии барномаи таълимӣ-касбӣ дар шакли таҳсили рўзона – 4 солро дар бар мегирад (бакалавриат).

    Устодони кафедра кўшиш доранд вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд бо сифати олӣ иҷро намоянд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра

   Устодони кафедраи дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва илмию методӣ низ диққати махсус медиҳанд. Ҳамаи устодон дар асоси равияи умумии илмии кафедра, ки « Муаммоҳоии микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ дар таъмини рушди иноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон »  ном дорад, тадқиқоти илмӣ мебаранд. Ичроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз омўзиши адабиёти илмӣ, оморӣ, омода намудани маърузаҳои илмӣ, иштирок ва баромад бо мақолаҳои худ дар конфронсҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, дар семинарҳо, навиштани мақолаҳои илмӣ, омодасозии дастуру воситаҳои методӣ ва ѓайра иборат мебошад.