Кафедраи молия ва андозбанди дар сохибкори - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА АНДОЗБАНДӢ ДАР СОҲИБКОРӢ

Мудири кафедра: Раҳимов Олимхуҷа Нусратович - номзади  илмҳои иқтисодӣ, дотсент 

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 29, ошёнаи 3. 

Тел.:  934083338

E-mail: fxmg@dsx.tj

 

 


 

   Кафедраи Молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ дар заминаи кафедраи молия ва қарз дар асоси Низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23-юми июни соли 2010 таъсис дода шудааст.
   Кафедра бо стандарти меъёрию ҳуқуқии макотиби олии равияи иқтисодии талаботи байналхалқӣ пурра ҷавобгў буда, дар ҳамин замина фаъолияти худро аз рўи нақшаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ба роҳ мондааст.

   Устодони кафедра аз рўи равияи илмии кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодаанд, ки дар натиҷаи он монографияҳо, васоитҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастури методӣ ва як қатор мақолаҳои илмиро аз чоп мебароранд. Кафедра кўшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро дар бахши молия, андозбандӣ ва менеҷменти молиявӣ тарбия намояд.

   Хатмкунандагони кафедра дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, махсусан, дар бахши молиявии иқтисод кор ва фаъолият менамоянд. Бисёри аз хатмкунандагони кафедра ба муассисаҳои олии Федератсияи Россия баҳри таълим гирифтан дар зинаи магистратура ва аспирантура дохил шуда, онро ба баҳои хубу аъло хатм намуданд.

Бо мақсади устувор нигоҳ доштани мавқеи худ, кафедра дар байни дигар кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати молияи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мустаҳкам дорад. Бояд қайд намуд, ки кафедра робитаҳои худро бо яке аз машҳуртарин муассисаи таълимии Федератсияи Россия, бо Донишгоҳи давлатии Новосибирск ҳамкориҳои худро дар бисёр самтҳо ба роҳ монда аст.

 Айни замон дар кафедра 11 нафар кор мекунанд:

Садриддинов М.И. – мудири кафедра;

Насирдинов И.М. – дотсенти кафедра;

Исломова З.С. – дотсенти кафедра;

Кенжаева Р.Х. – дотсенти кафедра;

Юсупова З.И. – муаллимаи калон;

Хамидова Г.А. – ассистенти кафедра;

Бахромов Ф.Б. – ассистенти кафедра;

Имомов М.К. – ассистенти кафедра;

Хидиралиев Р.З. – ассистенти кафедра;

Ходжаева З. – ассистенти кафедра;

Сафаров У.Х. – ассистенти кафедра;

Пирхонова М. – ходимаи кафедра.

Масъалаҳои асосие, ки дар назди кафедраи “Молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ” гузошта шудаанд:

  1. Омӯзиш, таълим ва коркарди номгӯи фанҳои бахши молиявӣ-қарзӣ, андозбандӣ ва дигар фанҳои ба кафедра таалуқдошта бо истифода аз дастовардҳои ҷаҳонии бахши илмию таълимӣ;
  2. Ташаккул ва истифодаи усулҳои таълимии инноватсионӣ;
  3. Татқиқотҳои актуалии муаммоҳои иқтисодии бахши молиявӣ-қарзӣ ва раванди идоранамоии онҳо;
  4. Роҳбари намудани корҳои курсӣ ва корҳои тахассусии хатми бакалавриат ва магистратура;
  5. Баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии савияи дониши донушҷӯён бо истифода аз технологияҳои нав дар рафти омӯзиши фанҳо.