Кафедраи менечмент ва маркетинг - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
МЕНЕҶМЕНТ ВА МАРКЕТИНГ

Мудири кафедра: Абдалимов Абдураҳмон - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, ошёнаи 2, кафедраи “Менеҷмент ва маркетинг”
E-mail: maktub1955@inbox.ru 

 

 


 

    Кафедраи Менеҷмент ва маркетинг бо қарори Шурои олимони донишкада таҳти рақами №1.3 аз 5 сентябри соли 2012 дар заминаи кафедраҳои «Назарияи иқтисод ва маркетинг» ва «Иқтисодиёт ва идоракунии соҳибкорӣ» таъсис дода шудааст. Кафедра мутахассисонро аз руи ихтисосҳои зерин омода месозад:

 

    1-260202.00 – Менеҷмент;
    1-260203.00 – Маркетинг;
    1-260201.06 – Идоракунии зиддибӯҳронӣ.
     

   Кафедраи менеҷмент ва маркетинг  бо омӯзгорону мутахассисони варзида, олимони шинохтаву эҷодкор, ки таҷрибаи бойи илмӣ ва илмӣ-педагогӣ доранд, таъмин аст.  Айни замон дар кафедра барои омода сохтани мутахассисон 7 нафар омӯзгорони доимӣ ва 2 нафар омӯзгори ҳамкор фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 2 нафарашонро номзадони илм, дотсентон, боқимонда нафаронро омӯзгорони калон ва ассистентон ташкил медиҳанд.

   Барои омодасозии мутахассисон омӯзгорони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра барои самаранок ба роҳ мондани дарсҳо пайваста омода намудани дастурҳои методию таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Аҳли омӯзгорони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ мавқеи кафедраро ҳамчун сохтори асосии илмӣ - таълимии донишкада нигоҳ дошта, ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа мусоидат намоянд.