Кафедраи низоми итилооти дар иктисодиёт - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ НИЗОМИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

Мудири кафедра: Шарапов Дилшод Саъдуллоевич - номзади илмҳои физика ва математика, дотсент.
Барои тамос: Суроға: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
Тел.: (992 37) 234-88-03
E-mail: dilsharaf@mail.ru

 

 


 

     Кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо қарори Шӯрои Олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз августи соли 2011 дар асоси ба ду кафедраи Информатика ва кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ҷудо кардани Кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ, таъсис дода шудааст.

   Дар ҳайати кафедра 12 нафар устодон фаъолият мекунанд, ки як нафар доктори илм, 4 нафар дорои унвони номзади илм буда, 3 нафари дигарашон дар арафаи рисолаи номзадӣ мебошанд: докторон – 1 нафар; дотсентон – 4 нафар;  устодони калон – 3 нафар;  ассистентон – 2 нафар. 

   Имрӯз дар кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт зиёда аз 20 фанҳои таълимӣ ба донишҷӯён таълим дода мешаванд. Ин фанҳо Асосҳои WЕВ-дизайн, Низоми идоракунии базаи маълумотҳо, Балоиҳагирии низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Барномасозии офисӣ, Бехатарии иттилоотӣ, Бехатарии низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Графикаи компютерӣ, Забонҳои барномасозӣ (BVA, С++, Сsharp, РНР ва ғайраҳо), Менеҷменти иттилоотӣ, Мошинҳои ҳисоббарорӣ, шабака ва системаҳои телекоммукатсионӣ, Радиоэлектроника, Системаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ, Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Таҳияи системаҳои иттилотии амалӣ дар иқтисодиёт, Технологияи барномасозӣ, Технологияи чандрасонагӣ, Технологияи иттилоотӣ ва тайёр кардани санадҳои электронӣ, Тиҷорати электронӣ ва ғайра. Дониши назариявие, ки донишҷӯ аз худ мекунад бо корҳои амалӣ ва лабораторӣ мустаҳкам карда мешавад. Ҳамаи ин аз хуб ба роҳ мондани таълим ва доштани имкониятҳои техникӣ ва лабораторияҳои компютерӣ мебошад, ки аз тарафи донишкада ва кафедра муҳаё карда шудааст. Дар тобеияти кафедра 6 лабораторияи компютерӣ мавҷуд дорад, ки бо зиёда аз 400 компютерҳои наву замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Ҳамаи компютерҳои дар кафедра буда, бо шабакаи саросарии Интернет пайваст буда барои устодону донишҷӯён шароити хуби дастрасӣ бо маводҳи таълимиро муҳайё месозад. Дар кафедра ҳамаи устодон дарсҳои лексионӣ ва лабораториро тариқи ноутбук ва проекторҳои электронӣ мегузаранд. Ин ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ буда, сатҳи донишандӯзии мутахасиссонро (бакалавр, магистр) дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба дараҷаи зарурӣ баланд мебардорад. Мақсади асосии кафедра омода намудани мутахассисони ботаҷриба буда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки барои самаранок истифодабарии технологияҳои информатсионии ҳозиразамонва автоматикунонии раванди фаолияти корхона, мутахассисони беҳтаринро омода намояд.

  Дар чаҳорчубаи лоиҳаи ҳамкории таълимии аврупоии «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ», ки аз тарафи Барномаи таълимотии аврупоии ТЕМPUS-и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизамат дар заминаи кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт таи солҳои 2010 то соли 2014-ум ҳамкорӣ намуд. Лоиҳаи мазкур ба самти тарҷума, таҷдид ва мутобиқгардонии модулҳои таълимотие, ки ба соҳаҳои «Муҳандисии компютерӣ», «Муҳандисии барномавӣ» ва «Амнияти иттилоотӣ» алоқаманданд аз тарафи ҳайати омӯзгорон ва профессорони се донишгоҳи Иттиҳоди Аврупо (Донишгоҳи техникии Дрезден, Олмон; Донишгоҳи Карлстад, Шветсия; Донишгоҳи технологии Каунас, Литва) таҳия гардида, равона шуда буд. Маводҳои таълимии модулҳои аврупоӣ (курсҳои лексия ва намоишномаҳои пешниҳодгардида) бо забони тоҷикӣ тарҷума карда шуданд. Модулҳои таълимии мазкур барои таълими ихтисосҳои кафедра пурра тадбиқ гардидаанд.

   Кафедра бо 7 донишкадаҳои бонуфузи Иттиҳоди аврупо ва Осиёи марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.