Кафедраи иктисодиёти сохибкори - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ СОҲИБКОРӢ

Мудири кафедра: Мамадалиев Фарухрӯз Сайфиддинович - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Барои тамос: 734061, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 19.

Тел.: (992) 918-12-10-12

E-mail: Farukhrur-83@mail.ru

 

 

  Хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ аз рӯи ихтисоси «Иқтисодчӣ-менеҷер» соли 2006. Соли 2011 шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро хатм намуда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявӣ ва хусусиятҳои амалнамоии иқтисодиёти ниҳонӣ дар иқтисоди гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ ҳимоя намудааст. Соли 2015 магистратураи Донишгоҳи славянии Қирғизистону-Руссияро аз рӯи барномаи MBA бо ихтисоси «Менеҷмент» хатм намуда, соҳиби дараҷаи магистри гаштааст.  
 


   Кафедраи иқтисодиёти соҳибкорӣ бо мақсади тайёр намудани бакалавр-мутахассис аз 1 сентябри соли 2012 дар сохтори факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон таъсис дода шудааст. Соҳаи фаъолияти касбии бакалавр ин таъмини самараноки иқтисодиёт ва идоракунии корхонаю муассиса, иштирок дар ташкил ва амалисозии низоми идоракунии корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, такмили идоракунӣ  вобаста ба тамоюли рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ мебошад. Объектҳои фаъолияти касбии бакалавр корхона, муассисаҳои мухталифи давлатию ғайридавлатӣ ва зерсохтори онҳо, равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, муаммоҳои фаъолият ва инкишофи давлат ва таъсири инсон ба ҷомеаро дар бар мегирад.

   Барномаи таълимии омодасозии бакалавр бо тахассуси иқтисодчӣ-менеҷер дар соҳаҳои иқтисодиёт ва идора дар корхона, дар асоси стандарти маълумоти давлатӣ таҳия карда шудааст.
  Барномаи таълимии тайёр намудани бакалаври соҳаҳои иқтисодиёт ва идораи корхонаҳои саноатӣ бо тахассуси иқтисодчӣ-менеҷер дар кафедра омӯзиши чунин фанҳоро дар бар мегирад: асосҳои соҳибкорӣ, иқтисоди корхона, ташкили истеҳсолот ва хизмат, иқтисодиёти соҳибкорӣ, иқтисодиёти корхонаҳои саноатӣ,  соҳибкорӣ дар корхонаҳои саноатӣ, ташкил ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ, муаммоҳои баланд бардоштани самаранокии саноати ҶТ, ташкили соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна, мукаддимаи ихтисос, ташкили ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат, иқтисодиёт ва пешгуикунии системаи хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмиллалӣ, соҳибкорӣ ва бизнеси хурд.
   Баъди хатми донишкада ба хатмкунандагони ихтисосҳои 25010711 - «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ», 26020104 - «Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна» , 25010728 – «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна»  ва 26020107 – «Фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна», тахассуси иқтисодчӣ-менеҷер дода мешавад, ки онҳо соҳиби дипломи намунаи давлатӣ мегарданд.
  
Хатмкунандагон метавонанд дар магистратура таҳсилро давом диҳанд ва баъди хатми он ба аспирантура бо ихтисоси 08.00.05-«Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ» дохил шаванд.