Кафедраи иқтисодиёти ҷахон ва муносибатхои байналмилалӣ - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мудири кафедра: Ҷумъаев Баҳовиддин Маҳмадназарович – номзади илмҳои иқтисод.

Барои тамос:Суроға: 734061, Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 13.

Тел.: (992 37) 234-88-03
E-mail: j_bahoviddin@mail.ru 

 

 

 


 

   Кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ 6-уми  майи соли 1998 бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуда, тайёр намудани мутахасисони баландихтисосро аз рӯи барномаи умумутаълимии омодакунии мутахассисон  дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ба роҳ мондааст. Кафедра мутахассисон-иқтисодчиёнеро омода менамояд, ки фанҳои иқтисодии заминавиро аз худ намуда, аз равандҳои дар иқтисодиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ бавуҷудоянда бархурдоранд ва малакаи баланди корро дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти иқтисодии беруна доранд. Дар айни замон дар кафедра 12 нафар устодон фаъолият доранд, ки дар байни онҳо 1 нафар доктори илм ва 4 нафар дотсент мебошанд.

Вазифаҳои асосии кафедра дар соҳаи таълим:

- омӯзонидани хусусиятҳои давраи муосири ҷаҳонишавии хоҷагии ҷаҳонӣ, фаъолияти бозорҳои байналмилалии мол ва хизмат, амалиётҳои беруниқтисодии ширкатҳои байналмилалӣ;

- рушди малакаи таҳлилии донишҷӯён оид ба тағйиротҳои объективӣ байни субъектҳо ва объектҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалии муосир, рушди шаклҳо ва усулҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

- омӯзонидани усулҳои ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии берунӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ;

- омӯзонидани ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми робитаҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаклҳо ва усулҳои асосии фаъолияти берунии корхонаҳои ватанӣ..