Кафедраи информатика - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ИНФОРМАТИКА

Мудири кафедра: Исматов Набиҷон Муҳаммадҷонович – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент.
Барои тамос: 734057, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, кафедраи Информатика.
Тел.: (992 37) 234-88-03
E-mail: ismatov_n_m@mail.ru

 


 

Кафедраи Информатика дар натиҷаи ба ду кафедра тақсим намудани кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 2011 ҳамчун кафедраи умумидонишкадавӣ барои дар ҳамаи ихтисосҳо омӯзонидани мазоминҳои базавӣ Информатика ва Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт ташкил карда шуд.Ҳадафи асосии кафедра — ба донишҷӯён омӯзондани асосҳои фундаменталии таълим дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ. 
Аз ибтидои соли таҳсили 2013-2014 ба кафедра ихтисоси нав 40010104 – «Ситемаҳои таъмини бехатарии иттилоот» вобаста карда шуд, ки айни ҳол дар курси якуми ин ихтисос 27 нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.