Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

Мудири кафедра: Алиев Олимҷон Махмудович - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5,
Тел.: (+992 37) 234-88-00
E-mail: olim.23@mail.ru

 

 

 


 

   Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани иқтисодчиён-менеҷерҳои насли нав барои мақомоти хокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкили захираи кадрҳои маъмурии дорандаи дониши амиқи касбӣ, малакаи ташкилотчигӣ ва менеҷмент, одоби муошират ва салоҳияти иҷтимоӣ, қобилияти зуд ва самаранок қабулкунии қарорҳои идоракунӣ бо назардошти ташаккул ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

   Кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ бо қарори Шурои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2009 таъсис дода шудааст.

   Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ яке аз кафедраҳои тахассусии донишкада маҳсуб ёфта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба проблемаҳои муосири идоракунӣ дар иқтисодиёти давраи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

   Иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ идоракунии самаранокро талаб менамояд, ки раванди мазкур омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллиро тақозо менамояд. Ҳоло кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мутахассисони соҳибихтисоси дараҷаи бакалавриат дар самтҳои «Идоракунии давлатӣ», «Идоракунии маҳаллӣ»  ва «Бизнес – маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат», дараҷаи мутахассис маълумоти дуюм ва магистр дар самти «Идоракунии давлатӣ», дараҷаи илмии доктор PhD дар самти «идоракуни давлатӣ ва маҳаллӣ» омода месозад.

   Барои омодасозии мутахассисон устодони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд.