Кафедраи хукуки сохибкори ва гумрук - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ГУМРУК ВА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Мудири кафедра: Нодиров Фозилбек Мирзошарифович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент.
Барои тамос: Адрес: 734061, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 11.
Тел.: (992 37) 934017817, 234-88-03
E-mail: fnodirov@list.ru

 

 

 

 


 

   Кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсия дар омода намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи ду ихтисос 1-96010101-таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва 1-96020202-таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ саҳмгузор мебошад. Роҳбарии кафедраро н.и.ҳ.,дотсент Нодиров Ф.М. ба уҳда дорад.

   Кафедра аз соли 2005 фаъолият карда истодааст. То имрӯз якчанд маротиба номи кафедра иваз карда шудааст. Аз ибтидо, яъне соли 2005-ум кафедра бо номи гумрук ва андозбандӣ фаъолият менамуд, баъдан солҳои 2007, 2010 ва 2017 бо қарори Шӯрои олимони донишкада номи кафедара ба кафедраи гумрук ва ҳуқуқ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук ва гумрук ва муқовимат бо коррупсия иваз карда шуд. Дар кафедра аз рӯи зиёда аз 42 - номгӯи фанҳо дарс дода мешавад. Кафедра чуноне дар боло зикр шуд мутахассисонро аз рӯи ду ихтисос тайёр менамояд. Дар кафедра ҳамаи шароитҳо барои тайёр кардани мутахасиссони баландихтисос муҳайё карда шудааст.  Дар назди кафедра лабараторияи гумрукӣ фаъолият дорад, ки барои ҳарчӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши гумрукии донишҷӯён мусоидат мекунад, бештари дарсҳои амалӣ дар лаборатория гузаронида мешаванд, ки дар он шароитҳои зарурӣ барои тайёр намудани мутахссисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳайё мебошанд. Дарсҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.