Факултети сохибкори ва иктисодиёти чахон - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН

Декани факултет: Хоркашов Исломбек Сангакович - номзади  илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, ошёнаи 1.

Тел: (+992 37) 234-88-03, (+992) 935939900
E-mail: islom_2412@mail.ru

 

 

 


  Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон (ФСИҶ), ки дар сохтори донишкада аз рўзҳои аввалини таъсисёбиаш арзи вуҷуд намудааст бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон нақши хеле калонро соҳиб мебошад.

   Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии бакалаврҳо ва магистрҳо ва ихтисосҳои иқтисодии зерин ба роҳ монда шудааст:

1-25010301

-

Иқтисодиёти ҷаҳон

1-25010711

-

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ

1-25010728

-

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна

1-26020107

-

Фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳо

1-26020104

-

Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна

1-26020102

-

Фаъолияти соҳибкорӣ дар сайёҳии байналмилалӣ

   Раванди таълиму тарбияро дар факултет 3 кафедра роҳандозӣ менамояд, ки аз ин ду кафедраи  тахассусӣ ва як кафедраи дигар ғайритахассусӣ мебошанд:

  • Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ;
  • Риёзиёт дар иқтисодиёт;
  • Назарияи иқтисод ва соҳибкорӣ

   Аксар устодони ҷавони донишкада хатмкардагони факултети мо мебошанд.  Дар факултет зиёда аз 33 нафар устодони собиқадору соҳибунвон ва маълуму машҳури ҷумҳурӣ дарс мегўянд, ки аз онҳо 3 доктори илм, профессор, 15 номзади илм, дотсент, 15 устоди калон ва ассистент мебошанд.

   Мақомоти олии идоракунии факултет Шўрои олимон мебошад, ки аз 11 аъзо иборат мебошад.  Дар ҷаласаҳои Шўрои олимон масоили рўзмаррае, ки бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилӣ-тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, баррасӣ карда мешаванд. 

   Факултет бо устодони доимию ҳамкорон, пойгоҳи хеле хуби таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои бо техникаи компютерии муосир, васоити айёниву методӣ ва дигар маводи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз таъмин мебошанд.

   Дар ҳамаи кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён амал мекунанд, ки шумораи зиёди донишҷўёнро доир ба ин ё он фан муттаҳид месозанд. Дар вақтҳои озод донишҷўёни факултет имконият доранд, ки дар толори варзиш ва майдончаҳои варзишии донишкада ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.  Қайд намудан зарур аст, ки хатмкардагони донишкада - Алишер Каримов ва Алишер Шамиев дар дохили мамлакат ва ҷаҳон дар риштаҳои самбо ва бокс машҳур буда, қадамҳои нахустини худро аз донишкада шурўъ намуданд.

   Сатҳи хуби таҳсил ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмӣ, ҳамчунин ширкат дар чорабиниҳои мухталифи таълимӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ  ба баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва омодашавии касбии донишҷўён мусоидат менамояд.  Бинобар ин,  аксар донишҷўён аз курсҳои 2-3 шурўъ намуда, бо ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд ва дар оянда ба кор низ қабул мешаванд. 

   Хатмкардагони ин факултет дар ташкилотҳои бунуфузи ватаниву байналмилалӣ аз қабили «Хазинаи Амонат», «Shelter for use», «Кумитаи Салиби Сурх», «КЭА Интернэшнл», «СММ», «Бунёди Оғохон», «Бонки Умумиҷаҳонӣ» кору фаъолият мкнамоянд.