Кисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ҚИСМИ ИЛМ ВА РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ
Хоркашов Исломбек Сангакович - 
номзади илмҳои иқтисодӣ
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5 
Тел: (+992 37) 234-88-02 (+992) 935939900
E-mail: islom_2412@mail.ru

 

 

 

 


    Қисми илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз сохторҳои асосии таркибӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти илмӣ-тадқикоти ва робитаҳои хориҷиро дар донишкада ҳамоҳанг месозад. Ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада зиёда аз 25 сол инҷониб ба тадқиқоти проблемаҳои рушди соҳибкорӣ ва соҳаи инноватсионии иқтисодиёти мамлакат машғул мебошанд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо фаъолияти таълимии донишкада хеле зич алоқаманд буда, вобаста ба талаботи замон ва бозори хизматрасониҳои зеҳнӣ, ҳамчунин бо таъсиси ихтисосҳои нав дар донишкада мунтазам тасҳеҳ карда мешаванд.

    Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ бевосита ба муовини ректор оид ба корҳои илми ва робитаҳои хориҷӣ тобеъ мебошад. Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо ва дигар сохторҳои донишкадаро оид ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-амалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, баландбардории дараҷаи тахассуси устодон, ҷалби донишҷӯёну магистрон ба намудҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва инноватсионӣ, танзими раванди муносибатҳои хориҷро ба роҳ мемонад. 

    Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон мунтазам дар раванди таълим дар донишкада татбиқ гардида, барои таҷдиди маводҳои лексионӣ, омодасозии монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва таълимӣ-методӣ истифода мегарданд. 

    Робитаҳои хориҷии донишкада бо мақсади тақвияти таҷрибаи педагогӣ, табодули устодон, донишҷӯён, магистрон бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ амалӣ карда мешавад.

    Айни замон ба Қисми илм ва робитаҳои хориљӣ шуъбаи илм ва робитаҳои хориљӣ, бахши магистратура ва докторантура, китобхонаҳои илмӣ ва электронии донишкада, хадамоти коммуникатсионӣ, парки технологӣ, маљаллаи илмӣ-оммавӣ ва сомонаи донишкада тобеъ мебошанд.

    Вазифаи асосии шуъбаи илм ва робитаҳои хориљӣ ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён ва магистрон, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, танзими раванди муносибатҳои хориҷӣ мебошад. Дар мавриди ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таваҷҷӯҳи асосӣ ба таъмини сатҳи баланди илмӣ ва амалии онҳо, тамоюли инноватсионӣ, истифодаи пурраи натиҷаҳои ба дастомада дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, дар раванди таълим, ҷалби бештари устодон, донишҷӯён ва магистрон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии воқеӣ нигаронида шудааст.

    Бахши магистратура ва докторантура бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи банақшагирӣ, ташкили ҳамгироии таълиму тадқиқот дар магистратура ва докторантура, танзими равандҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии магистрантон ва докторантон созмон дода шудааст. Фаъолияти бахши мазкур дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишкада ва қарорҳои Шӯрои олимони донишкада ба роҳ монда шудааст.

    Китобхонаи илмии донишкада қисми ҷудонашавандаи иттилоотии сохтори донишкада ба ҳисоб рафта, дорои фонди бисёрсоҳаи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷӣ буда, онҳоро пешкаши хонандагон гардонида, нигоҳдориашонро барои насли оянда таъмин менамояд. Китобхонаи илмии донишкада аз 1 қироатхонаи дорои 80 ҷои нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобхонаи илми то имрӯз 45077 нусха китобро ташкил медиҳад.

    Ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнии конмандон ва муҳассилини донишкада бо қарори Шурои олимони донишкада аз 28 ноябри соли 2013 дар замина бинои таълимии №2 Парки инноватсионию технологии Донишкадаи соҳибкорӣ  ва хизмат дар асоси худмаблағгузорӣ ташкил карда шудааст. Дар назди Парки технологӣ сехи кулолгарӣ ва заргарӣ, нуқтаи барномасозӣ ва тармимгарии компютерхои инфродӣ ва дигар технологияҳои нави иттилоотӣ ва чопӣ фаъолият менмоянд.

    Маҷаллаи илмӣ-оммавии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат “Соҳибкор” мақолаҳои илмӣ, оммавӣ, асарҳои хурдҳаҷми адабӣ, бадеӣ чун ҳикоя, очерк, латифа, андарзи бузургон, мусоҳиба, мақолаҳои донишҷӯёнро дар мавзуъҳои мухталиф манзури хонандагон мегардонад.