Шурои олимон - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШКАДА

    Шӯрои олимон - ҳамчун мақоми олии идоракунии Донишкада маҳсуб меёбад. Шӯрои олимони донишкада натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию тадқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад. Ҳисоботи фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва корҳои тарбиявии тайёр кардани мутахассисонро (дар факултетҳо) мешунавад. Масъалаи таъсис намудан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишкада истодаро дар маҷмӯъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд. Номзадҳоро барои дарёфти идрорҳои мухталиф аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохони донишкада ва аспирантон тавсия менамояд. Барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад. 

Вазифаҳои асосии Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: 


-    муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада; 
-    дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
-    мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён; 
-    назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.
     Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории донишкада дар назди ректор таъсис дода шудааст. Раисии Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ректори донишкада, профессор Қодирзода Д.Б. ва котиби илмии Шӯрои олимонро Исматуллоева С.А. ба ӯҳда доранд. 
     Ҳайати Шӯрои олимонро ректори донишкада тибқи фармон ба мӯҳлати 3 (се) сол тасдиқ менамояд.    Ҷаласаҳои Шӯрои олимон дар суратҷаласа қайд карда мешавад. Ба суратҷаласа раиси Шӯро ва котиби он имзо мегузоранд. Раиси Шӯрои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шӯрои олимонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он дар ҷаласаи Шӯрои олимон гузориш медиҳад. 
     Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд ва қарори қабулшуда аз тарафи ректори донишкада ба тасвиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад.
Шӯрои олимони донишкада 21 нафар аъзо дорад ва он дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:

 

            НОМУ НАСАБ ВА

              НОМИ ПАДАР

ВАЗИФА

1.

Қодирзода Диловар Баҳридин

Ректори донишкада

2.

Ойев Насимҷон Абдулмуминович

Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ

3.

Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

4.

Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ

5.

Назаров Наҳтулло Эмомович

Муовини ректор оид ба инноватсия ва рушди касбият

6.

Ҷабборов Фатҳулло Амриевич

Сардори шуъбаи таълими донишкада

7.

Қодирова Гулмо Толибовна

Декани факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳӣ

8.

Раҳимов Олимхуҷа Нусратович

Декани факултети хизмати молиявӣ ва гумрук

9.

Хоркашов Исломбек Сангакович

Декани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон

10.

Насирдинов Изатулло Муҳиддинович

Раиси иттифоқи   касаба

11.

Ойев Холмаҳмад

Мудири бахши ҳуқуқ

12.

Абдиев Ҷамшед Хуршедович

Раиси созмони ҷавонон

13.

Муҳаммадҷон Исматӣ

Профессори кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёт

14.

Ҳотамов Намозалӣ Басарович

Профессори  кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ

15.

Розиқов Воҳид Абдуқаҳорович

Профессори кафедра

16.

Хоҷаев Қурбон Тоҳирович

Профессори кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон

17.

Ҷурабоев Ғафурҷон

Профессори кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

18.

Қодирова Моҳира Ишоновна

Дотсенти кафедраи туризм

19.

Шарипова Файзинисо Латиповна

Раиси Шӯрои бонувон

20.

Исматуллоева Сайрам Асадулоевна

Котиби илмии Шӯрои олимон