Донишкадаи мо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

     Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1991, дар тӯли фаъолияти худ баҳри хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёту илм ва фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошта истодааст. Донишкада бо қарори Девони Вазирони ИШҶС №530 аз 29.07.1991 ва бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 226 аз 2 сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст.
  Сарпарасти донишкада Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии АУ №000070 аз 4 сентябри соли 2003, АУ №000099 аз 26 марти соли 2004 ва АУ № 0000392 аз 22 июни соли 2007 ва АУ №0000829 аз 4 январи соли 2011 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маълумоти олии касбӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии ИА №0000142 аз 29 марти соли 2011, №127 мебошад. 
   Имрӯз дар сохтори донишкада қисмҳои таълим, тарбия, илм ва робитаҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Миқдори донишҷӯён зиёда аз 3100 нафарро ташкил медиҳад, ки 1950 нафари онҳо донишҷӯёни таҳсили рӯзона мебошанд. Донишҷӯён аз рӯи 23 ихтисос, ки тобеъ ба факултетҳои хизмати молиявӣ, соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирӣ-иқтисодӣ, технологияҳои информатсионӣ, туризм ва хадамоти гумрукӣ мебошанд, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 180 нафар устодони донишкада (170 нафар кормандони доимӣ), 5 нафар доктори илм ва 53 нафар номзади илм мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бештар аз 40 нафари онҳо хатмкардагони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошанд.
   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта,  мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, хизматрасонӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ тайёр менамояд.
     Дар донишкада барои таҳсил аз рӯи низоми бисёрзинагии зерини таҳсилот тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд:
-    Литсей – синфҳои 1- 11
-    Бакалавриат – аз рӯи 23 ихтисос;
-    Магистратура – аз рӯи 8 ихтисос;
-    Аспирантура – аз рӯи 4 ихтисос;


     Донишкада дорои 9 синфхонаи компютерӣ (беш аз 375 компютери пайваст ба Интернет, аз ҷумла 80 ноутбук), 1 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, хобгоҳи замонавӣ, ду майдончаи варзишӣ ва дигар шароитҳои ба талаботи муосири таҳсилот ҷавобгӯ мебошад.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун:
-    Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (УШОС) аз рӯи самти технологияҳои иттилоотӣ;
-    узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ;
-    узви Созмони умумиҷаҳонии туризм (ВТО);
-    узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA  буда, робитаҳои хориҷии худро бо Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москва, Донишгоҳи Фотеҳи Ҷумҳурии Туркия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи туризм ва сервиси ФР, Донишгоҳи улумпояи Занҷони ҶИЭ, Барномаи байналмилалии хадамоти ихтиёрӣ дар Тоҷикистон (VSO) дар бахши омода намудани муттахассисони соҳаи туризм, Барномаи иттиҳоди Аврупо -Темпус, Институти «Ҷамъияти кушода» дар Тоҷикистон густариш медиҳад.