Сухани ректор - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Сухани Ректор

   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 3 факултет, 15 кафедра ва 1 литсейи таҳсилоти миёнаи умумиро муттаҳид сохтааст.  Донишкада мутахассисони баландихтисосро аз рӯи 26 ихтсисоҳои барои хоҷагии халқи мамлакат зарур дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктор аз рӯи ихтсисос (Phd) омода месозад.    

   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат тӯли 25 соли фаъолияти худ ба боргоҳи маъвои касб ва илму ҳунар, ҷалби мутахассисон гардида, баҳри пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, фарҳанги кишвари азизамон саҳми арзанда гузошта истодааст.

   Фаъолияти ин боргоҳи илму адаб ва таълим чун падидаи басо муҳими Истиқлолияти кишвари маҳбубамон зуҳуроти комил дар раванди мунтазам тағйирёбандаи хизматрасониҳои таълимӣ ва пешрафти илмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад.

   Имрӯз муҳити созандаву созгоре, ки дар донишкада фароҳам гардидааст, татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илми кишвар ба шумор рафта, омили муҳими ноилгардӣ ба дастовардҳои таълимиву тарбиявӣ, илмӣ, инчунин густариши равобити хориҷӣ мебошад.

   Ҳамгироии низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои умумиҷаҳонии таълимӣ ба тамоюли наздикшавии низомҳои таҳсилот дар чорчӯбаи раванди Болонӣ, талаботи рӯзафзуни истифодабарандагони хизматрасониҳои таълимӣ, шароитҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва як қатор омилҳои дигар алоқаманд мебошад. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ дар заминаи густариши робитаҳо самтҳои калидии ҳамгироии низоми таҳсилот ва ҳалли масоили таъмини сифати таҳсилот воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, байналмилаликунонии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ноилгардӣ ба рейтинги байналмилалӣ ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд.

   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз соли 2007 инҷониб ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ ворид гардида, имрӯз дар тамоми зинаҳо (бакалавриат, магистратура, доктор аз рўи иътисос (PhD) таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.

   Боиси ифтихору сарбаландии коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аст, ки ин муассисаи олии таълимӣ дар номинатсияи «Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас» (муттаҳидии донишҷӯён) миёни макотиби олии Тоҷикистон дар зинаи чорум қарор гирифт.

   Маҷмааи донишкадавӣ иборат аз 4 бинои таълимӣ, 1 бинои ёрирасон, китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, комплекси варзишию солимгардонӣ ва ошхона иборат мебошад. Кафедраҳои донишкада бо таҷхизоти муосир чиҳозонида шуда, ҳамаи синфхонаҳо дорои воситаҳои муосири техникии таълим, аз ҷумла тахтаи электронӣ мебошанд. Ҳамзамон ба ҷуз синфхонаҳо дар донишкада лаборатория-озмоишгоҳҳои таълимии дорои тамоми шароитҳои таълимию техникӣ фаъолият мекунанд.

   Донишкада робитаҳои хориҷии худро мунтазам тавсеа дода, иштирокчии фаъоли барномахои таҳсилотии байналмилалӣ ва донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад.

   Дар донишкада шароитҳои таълиму тарбия ва рушди бемайлони шахсияти донишҷӯёну хонандагон фароҳам сохта шудааст. Диққати бештар ба корҳои тарбиявӣ, рушди ҷисмонӣ равона карда шуда, мунтазам ҷиҳати фароғату истироҳати донишҷӯёну хонандагон чорабиниҳо ташкил карда мешавад.

   Ҳаёти донишҷӯёну хонандагони донишкадаи мо саршор аз воқеаҳои ҷолиби фарҳангию эҷодӣ, ҷустуҷуҳо ва навгониҳои илмӣ, истироҳати пурнишоту фаъол мебошад.

   Саҳифаҳои ҳаёти донишкада дар нашриёти даврии донишкадавӣ-маҷаллаи  “Соҳибкор” ва сомонаи асосии донишкада мунтазам инъикос меёбад.

   Дарҳои донишкада ҳамеша барои меҳмонон, довталабон ва тамоми хоҳишмандони баҳри беканори илму маърифат боз аст.

         Қодирзода Диловар Баҳридин
   доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат