Дастовардхо
ДАСТОВАРДХО
Дар самти корҳои тарбиявӣ

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишкада ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, барои тақвияти корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронид.  Дар давоми соли 2013 зиёда аз 20 маротиба чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва хусусияти сиёсию тарбиявӣ дошта баргузор гардиданд. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони донишкада, на танҳо дар чорабинхои маърифатӣ-фарҳангии донишкадавӣ, балки берун аз он низ фаъолона ширкат варзиданд. 

 

 Вакти нашр: 2014-04-08  |  Нигариданд: 2309  | Муфассал


Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

дар соли 2013 аз ҷониби КОА (ВАК) Федератсияи Россия се нафар устодони донишкада бо унвони илмии дотсентӣ ва як нафар бо унвонии илмии профессорӣ сарфароз карда шуданд;
-    дар соли 2013 1 семинари байнидонишгоҳӣ, 1 конфронси анъанавии устодону донишҷўён, 4 конфронси байналмилалӣ, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ ва 8 семинару мизи мудаввар доир карда шуд. 
-    шумораи мақолаҳои илмии устодон низ дар соли 2013 ба маротиб боло рафта, 458 ададро ташкил намуд.

 Вакти нашр: 2014-04-08  |  Нигариданд: 2052  | Муфассал


Дар самти фаъолияти таълимӣ

дар донишкада компютеркунонии раванди таълим босуръат идома дорад. Баҳри баланд бардоштани сифати таълим тамоми кафедраҳои донишкада бо ноутбук ва проекторҳо пурра таъмин гардиданд. Танҳо дар соли ҷорӣ 25 адад компютер, 6 адад принтери “се ба як”, ду доскаи электронӣ харидорӣ шудааст. 

шумораи зиёди китобҳои дарсӣ аз рўи фанҳои гуногуни таълимӣ бо забони тоҷикӣ ва тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва нашр  гардиданд, ки баҳри таълим ва баланд бардоштани малакаи касбии донишҷўён нақши назаррас доранд.

 Вакти нашр: 2014-04-08  |  Нигариданд: 2138  | Муфассал