Шуъбаи таълим - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Сабақҳои таърих-сарчашмаи худшиносии миллӣ

 

 Ҳастии таърихӣ- ҳастӣ ва вуҷуди миллат дар масири зиндагӣ аст. Омўзиш ва донистану аз худ намудани  симои тамаддунофарӣ ва тамаддуноварии миллати мо дар раванди таърихи башарӣ, бунёди давлатҳои бузурги тоҷикон: хаҳоманишинҳо, сосониён, сомониён ва ғ., ташкили аввалин империяи ҷаҳонӣ аз тарафи Куруши Кабир,  давлати Сомониён нишонаи олии давлатдории асримиёнагии тоҷикон,  пешрафти илму фарҳанг дар замони Сомониён, ҳаёти мардуми тоҷик баъди заволи давлати Сомониён дар асрҳои баъдина (Х1-ХХ), сабабҳои шикасти давлатҳои ташкилкардаи тоҷикон ҳамчун сабақи таърихӣ барои худшиноси миллӣ аст.  

          Ҳамчунин ҳаёти  халқи тоҷик дар ҳайати давлати шуравӣ солҳои 1924-1991, тақсимоти беадолатонаи ҳудуди маъмурии соли 1924 дар О/М ва ҷабри таърих нисбат ба миллати тоҷик, таърихи табартақсим ва натиҷаҳои он, бурду бохт ва муваффақияту камбудиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлати шуравӣ нисбат ба миллату кишвари мо барои сабақи таърихӣ мисоли равшананд. Пошхўрии Давлати Шуравӣ ва сар задании низоъҳои дохилӣ дар ҷумҳурияҳои собиқ шуравӣ, наҳзатҳои миллӣ –озодихоҳии миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри ХХ ва касби истиқлолият дар 9-уми сентябри соли 1991, оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва сабабҳои асоси он, сиёсати абарқудртҳо барои ҳокимият ва нуфуз дар кишвари мо, оқибатҳои фоҷиабор ва харобиовари ҷанги шаҳрвандии солҳои (1992- 1997) ва умуман  сабақ  гирифтан аз воқеаҳои фоҷиабори давраҳои гуногуни таърихи миллат моро ба бедори сиёсӣ ва истиқлолияти фикрӣ мебарад.

Истиқлолият асоси худшиносии миллӣ аст. Муҳимтарин ва асоситарин мавзўи бедорӣ ва худшиносии фардӣ ва ҷомеавӣ барои ҳар миллат истиқлолияти ўст. Истиқлолият бузургтарин неъмат барои озодӣ, мустақилият ва пешрафти миллат бо ҳисоб меравад. Ҳифзи истиқлолият муқаддастарин вазифаи афроди кишвар аст. Истиқлолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва посдори арзишҳои динӣ нишонаҳои истиқлолияти комили давлати миллӣ мебошад. Расидан ба истиқлоли фикрӣ нишонаи худшиносии афроди ҷомеа  аст. Рукнҳои асоси истиқлолиятро пеш аз ҳама  давлати миллӣ, ғояи миллӣ, ваҳдати миллӣ, суруди миллӣ, парчами миллӣ, иқтисоди миллӣ, руҳи миллӣ, артиши миллӣ, маорифи миллӣ, ғурури  миллӣ, ифтихори миллӣ, фарҳанги миллӣ, қаҳрамонҳои миллӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Нақши шахсиятҳои миллӣ дар таъмини истиқлол ва худшиноси миллӣ хеле барҷаста аст. Барои мисол заҳмату талошҳои Президенти кишвар- Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму таъмини истиқлолият ва боло бурдани рўҳияи худшиноси миллӣ хеле калон буда,  асарҳои ў: «Тоҷикон дар  оинаи таърих: Аз ориён то сомониён», «Чаҳор солаи истиқлолият ва худшиносӣ» ва ғ. мадраку манбаи ин раванди маҳсуб мешаванд. Зиёиёну равшанфикрон, олимону фозилон, сиёсатмадорон, шоирону адибон, донишмандон, омўзгорону тарбиятгарон,  рўҳониён ва умуман аҳли соҳибмаърифати  ҷомеа дар роҳи таъмини худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ масъулияти зиёдро бар уҳда доранд.

         Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили худшиносии миллӣ. Рукни дигар асолати миллиро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Яқин аст, ки бе сулҳу ҳамбастагӣ ва ваҳдати воқеӣ вуҷуди миллат ва ҳастии он, пешрафту тараққиёташ номумкин аст.   Ваҳдати миллӣ муҳимтарин рукни суббот ва асосии иттиҳод ва ҳамбастагии афроди ҷомеа аст.  Ваҳдати миллӣ нишонае аз худшиносии миллӣ буда,  27-уми   июн чун рўзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик дар таърих сабт гардид. Имзои созишномаи Сулҳ беҳтарин намоди худшиносӣ ва дастоварди миллати мо дар охири садаи ХХ алорағми бадбинон ва душманонамон ба ҳисоб меравад.  Роҳҳои расидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ нишонае аз раванди худшиносии миллати мост. Барои мо, ки оқибатҳои сангину фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро аз сар  гузаронидем, лозим аст, ки ин неъмати бузургро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар тақвияти ин гуфтаҳо суханони шоири маъруфи олмонӣ  Фридрих Фон Логау(1605-1665) мехоҳам мисол биёрам, ки мегўяд: «Ҷанге, ки   саъю талош ба сулҳ орад, хуб ва арзандаи ситоиш аст. Сулҳе, ки боиси ҷанги нав  мешавад, зишту нангин аст».

           Музокироти байни тоҷикон рамзе аз соҳибтамаддунӣ ва соҳибандешагии миллати мо буда, муште бар даҳони душманон ва ибрате  барои ҷаҳониён гашт.  Ҷашни ҳамасолаи рўзи ваҳдати миллӣ, рўзи истироҳат ва ид эълон шудани он намоишгари фарҳанги волои худогоҳӣ ва худшиноси миллати тоҷик аст.  Саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар барқарории сулҳи тоҷикон мавриди ситоиш ва таҳсину офарин мебошад. Омўзиши фарҳанги сулҳи тоҷикон аз тарафи ҷаҳониён барои мояи ифтихор ва худшиносӣ аст. Мафҳумҳои «андешаи миллӣ», «ғояи миллӣ», «идеологияи ягонаи миллӣ» ва «ягонагии миллӣ» чун категорияҳои асосии ваҳдати миллӣ хизмат менамоянд.  Андешаи миллӣ-ғояи бузурги ифодакунандаи асли моҳияти ҳастии таърихии миллат ва вижагиҳои ҳастии маънавии он мебошад.  

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

Ҷабборов Фатҳулло Амриевич
н.и.и., сардори шуъбаи таълим

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел: (+992 37) 234-88-00; (+992) 93 488 86 60
E-mail: fathullo_a@mail.ru

 

 

 

 


 

Фаъолияти шуъбаи таълимро сардори шуъба идора менамояд, ки бевосита тобеи муовини реткор оид ба корҳои таълимӣ мебошад.

 

Вазифаҳои асосии шуъбаи таълим:

а) Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим:
-    муайян сохтани самтҳои афзалиятноки баландбардории сифати таҳсилот ва такмили ихтисоси кадрҳои донишкада;  
-    ба низом даровардани номгўи ихтисосҳо тибқи равияи донишкада, таъмин намудан бо маводи таълимӣ, барномаҳо ва назорат намудани иҷроиши онҳо;  
-    таҳлил намудани таркиби фанҳои таълимӣ, манзур намудани пешниҳодот доир ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба нақшаҳои таълимии амалкунанда; 
-    тартиб доданги реҷаи ҷараёни таълим ва ҷадвали дарсҳо;  
-    таҳлил кардани натиҷаҳои аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хатмкунандагон (ҳимоияи рисолаҳои тахассусии хатм);
-    банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомўзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ;
-    баҳисобгирии ҳайати омории донишҷўёни таҳсили рўзона ва ғоиибона;
-    таҳияи тавсияҳо доир ба такмилдиҳии раванди таълим.  
б) баҳисобгирии иҷроиши сарбории таълимии кафедраҳо ва ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ:
-    омодасозии пешниҳодот ва лоиҳаи фармонҳо доир ба вобастакунии фанҳо ва сарбориҳои таълимӣ ба кафедраҳои мувофиқи донишкада;
-    омодасозии маводҳо доир ба банақшагирӣ ва таҳияи ҷадвали штатии кафедраҳо ва донишкада;  
-    таҳияи меъёрҳо  барои банақшагирии нақшаҳои инфиродии кормандони илмӣ-педагогӣ;  
-    назорат намудани раванди банақшагирӣ, ҳисобу китоб ва иҷроиши сарбориҳои таълимӣ ва илмӣ-методии устодони донишкада.
в) Банақшагирии таъминоти моддии раванди таълим:
-    таҳлили мавҷудият ва сатҳи таъминоти синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимии донишкада бо маводи техникии таълимӣ; 
-    таҳлили таъминоти моддӣ-техникии кафедраҳо ва дигар сохторҳои таркибии донишкада;  
-    вобаста намудани синфхонаҳо ба факултетҳо ва кафедраҳо мувофиқ.