Шуъбаи идоракунии сифати тахсилот - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

РАҶАБОВ БАҲРУЛЛО ҲИКМАТОВИЧ

сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони. Борбад 48/5

Тел: (+992 37) 234-88-03; (+992) 93 775 38 60

mail: rajabov_b@mail.ru

 

 

 

 


 

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани дурнамои беҳдошти сифати тайёр кардани мутахассисон ҳамчун сохтори таркибии қисми таълими донишкада бо фармони ректори донишкада (№432/И аз 12.11.2007) таъсис ёфтааст. Сифати таҳсилот ин қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории чунин сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон маҳсуб меёбад, ки дар асоси ин хизматрасониҳо ба даст омадааст ва ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълим ҷавобгӯ мебошад. Сифат ҳамчун дараҷаи мувофиқати сатҳи маърифатнокӣ ва тайёрии мутахассис ба сатҳи талаботи мувофиқатшуда оид ба азхудкунии барнома ё стандарти муайяни таълимӣ, ё худ ҳамчун мувофиқати мутавозини маърифатнокӣ ва тайёрии мутахассис ба талаботи мухталифи шахсият, ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад. Идоракунии сифати таҳсилот бошад, ин таҳия ва татбиқи чунин маҷмӯи чорабиниҳост, ки имконият фароҳам меоварад, то ба таври самаранок хизматрасониҳои таълимӣ ба сатҳи сифатнокии баланд расонида шаванд ва мувофиқати натиҷаҳои таҳсилотро бо талаботи истифодабарандагони он таъмин созад. Бинобар ин, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҷиҳати амалисозии "Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикисон" (бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2013, № 497 тасдиқ шудааст) Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тибқи он фаъолият намуда истодааст.

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ:

  • *ташкили фаъолият доир ба таъминоти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва низомномаҳо;
  • *таҳлили таъминоти фанҳои таълимӣ бо комплексҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ;
  • *мураттабсозии нақшаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат оид ба омодасозӣ ва нашри васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ;
  • амъбаст ва дастраси ҳамагон намудани таҷрибаи пешқадами шаклҳои навини таълим;
  • *ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ доир ба масоили мубрами таҳсилот
  • *назорат аз болои сифати васоити таълимии нашршаванда ва корҳои илмӣ-методӣ;
  • *таҳлили таъминоти фанҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ;  
  • *баҳодиҳӣ ба сатҳи истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар раванди таълим;
  • *гузаронидани мониторингҳо оид ба муайян кардани сатҳи дониши донишҷӯён;
  • *муайян намудани ҳолати таълими фанҳои алоҳида.

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ:

  1. Сармутахассиси шуъба — Раҷабов Баҳрулло Ҳикматович
  2. Эксперти шуъба — Ҷумаев Уктам Мирзоёрович
  3. Эксперти шуъба — Қаюмова Фируза Абдуллоевна
  4. Эксперти шуъба — Гадоев Ҳасан Солеҳович
  5. Эксперти шуъба — Норқулов Раҷабалӣ   Олимшоевич
  6. Эксперти шуъба — Ҷурахонова Сурайё Қудратовна