Бахши магистратура ва докторантура - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
БАХШИ МАГИСТРАТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА

Сардори бахши магистратура ва докторантура - устоди калон., Ёрова  Зулайхо Ҳабибуллоевна 
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел: (+992 37) 234-88-00; 
E-mail: zulaikhohab@mail.ru

 

 

 

 


 

   Бахши магистратура ва докторантура тибқи фармони №30/И аз 28-уми феврали соли 2015 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада аз 27.02.2015 , №9/4.5 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо дар сохтори таркибии донишкада” , қарори ҷаласаи назди директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.02.2015, №2/4 , дар заминаи шуъбаи аспирантура ва магистратура таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои таркибии қисми таълими Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳисоб меравад.

   Бахши магистратура ва докторантура бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи банақшагирӣ, ташкили ҳамгироии таълиму тадқиқот дар магистратура ва докторантура, танзими равандҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии магистрантон ва докторантон созмон дода шудааст.

   Фаъолияти бахши магистратура ва докторантура дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишкада ва қарорҳои Шӯрои олимони донишкада ба роҳ монда шудааст. Бахши магистратура ва докторантура дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз дипломии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявии донишкадаро дар зинаи магистратура ва докторантура ташкилу мувофиқ намуда, назорати фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявии қисмҳои таркибии онро ба нақша мегирад, натиҷаҳои фаъолияти таълимии донишкадаро таҳлил намуда, ҳисобот ва маводҳои ахборотиро омода месозад ва таклифу лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи худро пешниҳод менамояд.

   Идоракунии бевоситаи бахши магистратура ва докторантураро сардори бахш, устоди калон-Ёрова Зулайхо Ҳабибуллоевна ба уҳда дошта, назорати умумӣ ва идоракунии умумии бахши мазкур ба зиммаи муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-Ойев Насимҷон вогузор карда шудааст.