Шуъбаи илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ШУЪБАИ ИЛМ ВА РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ

Сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ – Нидоев Парвиз Фозилович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1
Тел: (992) 2348803   +(992) 918665093
E-mail: Parwez_78@mail.ru 

 

 

 

 

 


   Вазифаи асосии шӯъбаи мазкур ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён ва магистрон, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, танзими раванди муносибатҳои хориҷӣ мебошад. Дар мавриди ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таваҷҷӯҳи асосӣ ба таъмини сатҳи баланди илмӣ ва амалии онҳо, тамоюли инноватсионӣ, истифодаи пурраи натиҷаҳои ба дастомада дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, дар раванди таълим, ҷалби бештари устодон, донишҷӯён ва магистрон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии воқеӣ нигаронида шудааст. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат корҳои илмӣ-тадқиқотиро доир ба самтҳои муосири илм ва истеҳсолот анҷом дода истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти Шӯъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ  инҳо мебошанд:

  1. 1. банақшагирӣ ва назорати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  дар сохторҳои донишкада;
  2. 2. омодасозии ҳисоботҳои таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотии сохторҳои донишкада;
  3. 3. омодасозии мутахассисони дараҷаи тахассуси олӣ барои соҳаи илми мамлакат;
  4. 4. ҷалб ва васеъсозии иштироки коллективи илмии донишкада дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодӣ-иҷтимоии иқтисоди миллии Тоҷикистон;
  5. 5. таҳлили механизмҳои ташкилӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, ки ба баландбардории самаранокии фаъолияти инноватсионӣ дар сохторҳои иқтисодиёти миллӣ ва соҳибкорӣ нигаронида шудаанд;
  6. 6. ҷамъкунии иттилоот оид ба конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва форумҳои баргузоршаванда ва расонидани он ба маълумоти тамоми сохторҳои донишкада; 
  7. 7. расонидани кумаки машваратӣ ва методӣ ба устодон, аспирантон, магистрон ва унвонҷӯён;
  8. 8. танзими раванди банақшагирии муносибатҳои хориҷӣ;
  9. 9. татбиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишкада ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ватанию хориҷӣ ва ғайра.

   Ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада тадқиқот ва супоришҳои масъулиятноки вазоратҳои гуногун ва муассисаҳои мамлакатро фаълолона  иҷро мекунанд, дар омодасозии як қатор барномаҳои давлатӣ ширкат меварзанд, лоиҳаҳои байналмилалиро иҷро мекунанд,  мутахассон, магистрҳо ва аспирантҳоро омода месозанд, аъзои Шӯроҳои олимон ва ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ, ҳамчунин аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ мебошанд.