ЭЪЛОНХО

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!!!

    Садорати факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ, дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба муқовимат бо коррупсия дар факултет барои солҳои 2015-2016», Озмуни     «Реферати беҳтарин»-ро байни гуруҳҳои таълимӣ-академии факултет дар мавзуи «Донишҷӯён бар зидди коррупсия» эълон медорад. Хоҳишмандон метавонанд рефератҳои худро то санаи 17.12.2016 пешниҳод созанд.

Озмун санаи 20.12.2016 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии садорати факултет  қадрдонӣ карда мешаванд.

  Садорати факултет

 Вакти нашр: 2016-11-30  |  Нигариданд: 451  | Муфассал


   Санаи  25- уми ноябри соли 2016, соати 10:00 дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои баланд бардоштани даромади аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад. Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

 Вакти нашр: 2016-11-22  |  Нигариданд: 369  | Муфассал


                                                                                                                                                                  ДИҚҚАТ, ОЗМУН!!!

    Садорати факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ, вобаста ба ҷамъбасти машғулиятҳои дарсии «Таълифоти Пешвои миллат», Озмуни «Реферати беҳтарин»-ро байни гуруҳҳои таълимӣ-академии факултет дар мавзӯи «Нақши Таълифоти Пешвои миллат дар таълиму тарбияи ҷавонон ва наврасон» эълон медорад. Хоҳишмандон рефератҳои худро то санаи 29.11.2016 ба садорати факултет пешниҳод намоянд.
  Озмун санаи 30.11.2016 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадрдонӣ карда мешаванд.

Садорати факултет

 Вакти нашр: 2016-11-19  |  Нигариданд: 434  | Муфассал