ЭЪЛОНХО

Эълон !!! Эълон !!!

БА ДИҚҚАТИ ДОНИШҶӮЁН ВА УСТОДОНИ ДОНИШКАДА РАСОНИДА МЕШАВАД, КИ Рӯзи 08-уми  ДЕКАБРИ соли 2018  соати 10:00 дар бинои №2, СИНФХОНАИ 14, МАҳФИЛИ илмии донишҶӯёни КАфедраи гумрук ва муҚовимат бо коррупсия «МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС» баргузор мегардад.

Дар кори маҳфил мавзуҳои зерин мавриди барраси қарор мегиранд:

1 Нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб;

2  Терроризм, экстремизм ва сепаратизм

3 Ҳуқуқ уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд

   Иштироки ҳамаи хоҳишмандонро таманно дорем.

кафедраи гумрук ва

муҚовимат бо коррупсия

 Вакти нашр: 2018-12-05  |  Нигариданд: 133  | Муфассал


    Санаи 5 ноябри соли 2018 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 40010104-Бехатарии иттилоотӣ, таҳсили рӯзона, бо забони тоҷикии  факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, Сотирзода Масрури Қурбоналӣ,  дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба варзиши сабук, бахшида ба «Рӯзи Конститутсия», ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд, иштирок намуда, соҳиби ҷойи III-юм гардид.

    Раёсати донишкада, садорати факултети мазкур ва кулли устодону донишҷӯён ин муваффаќиятро ба Сотирзода Масрури Қурбоналӣ табрик намуда, барояш бурдбориҳои навбатиро таманно доранд!

 

 ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

 Вакти нашр: 2018-11-13  |  Нигариданд: 161  | Муфассал


Ғолибият муборак!

Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 89010101-Саёҳат ва меҳмондорӣ-Бобоҷонов Диловар дар номинатсияи рӯнамоии беҳтарини объектҳои сайёҳӣ, ки дар доираи Форуми якуми сайёҳии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09 ноябри соли 2018 доир гардид, дар мавзӯи «Гармчашма –дурдонаи Тоҷикистон» рӯнамои (презентация) худро бо забони англисӣ пешниҳод намуд.

Ҳайати ҳакамон ва иштирокдорони ҷаласаи бахши «Рӯнамоии объектҳои сайёҳии Тоҷикистон» дар доираи Форум мавзӯи ба номинатсия пешниҳоднамудаи Бобоҷонов Диловар ва тартиби пешниҳоди ин рунамоиро навгонӣ дар пешниҳоди рӯнамоиҳо арзёбӣ намуда, ба ӯ ҷои дуюмро сазовор донистанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ин ғолибиятро ба Бобоҷонов Диловар самимона табрик менамоянд. 

 Вакти нашр: 2018-11-13  |  Нигариданд: 273  | Муфассал