Литсейи донишкада - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ЛИТСЕЙИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

   Литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 15 –уми апрели соли 1998 дар ҷаласаи Шўрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун гимназия таъсис дода шуда буд ва дар асоси қарори Шўрои олимони Донишкада аз 30 майи соли 2012 таҳти №11/-5.2 ба Литсейи Донишкада табдил дода шуд.

   Литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун муассисаи таълимии ғайритиҷоратӣ, сохтори таркибии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буда, дар асоси литсензияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ додаст, фаъолияти таълимиро дар доираи таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ амалӣ мегардонад Бояд ёдовар шуд, ки литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, дорои иҷозатномаи АУ №0000573 оиди ҳуқуқӣ  пешбурди фаъолияти таълимӣ то соли 2014 – ум мебошад. Литсей хонандагонеро, ки қобилияти баланди зеҳнӣ ва майлу рағбати хос ба фанҳои табиию риёзӣ доранд, дар асоси озмун қабул менамояд. Соҳибмулки литсей Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми идоракунии он ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вобаста карда шудааст.. 

 

ФАЪОЛИЯТИ ЛИТСЕЙ

 

   Дар литсей 35 нафар омўзгорон фаъолият доранд. Аз онҳо 9 нафар аълочии маорифи Ҷумҳурии Точикистон, 10 нафар тахассуси дараҷаи олӣ, 11  нафар дорои тахассуси дараҷаи якум мебошанд. 

   Ҳоло бошад дар литсей 481 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 111 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 55 нафар хонанда бо баҳои аъло, 170  нафар бо баҳои хубу аъло ва боқимонда бо баҳои омехта таҳсили худро идома дода истодаанд. 

   Дар литсей Шӯрои омўзгорон, Шўрои методӣ, Шўрои бонувон, иттифоқи касаба, Шўрои волидон, 8 иттиҳодияи методии фаннӣ ва 4 маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. 

   Хонандагони литсей дар озмунҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Имсол дар олимпиадаи ноҳиявӣ 7 нафар хонанда ҷойҳои намоёнро сазовор шуда ба олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни фании шаҳрӣ 1 нафар хонандаи синфи 11-А Ҳошимбоева Мавлуда аз фанни забони русӣ соҳиби ҷои 2-ум гардида ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

   Литсей дорои 32 синфхонаи муҷаҳҳази таълимӣ буда, бо синфхонаҳои компютерӣ, ки дорои 24 адад компютер, 20 адад нетбук, 1 адад тахтаи электронӣ, китобхонаи электронӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш, синф- кабинетҳои физика, химия, биология, забони русӣ, забони модарӣ, математика, таърих ва ҳуқуқ, ки дорои маводҳои ёрирасони таълимӣ мебошад, амал мекунанд.

Литсейи Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат фаъолияти худро дар асоси Сарқонуни Ҷумхурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маориф ва Оинномаи литсей ба роҳ мондааст.  Барои баланд бардоштани сифати таълим ва донистани таъриху фарҳанги миллати худ хонандагон ба маҳфилҳои фаннии «Забоншиносӣ», «Математикони ҷавон», «Фозилони ҳуқуқ», «Кишваршинос», «Русское слово», «Муаррихи ҷавон», «Дастони моҳир», «Муҳандисони ҷавон» ва ғайрҳо ҷалб карда шудаанд. Ба ин хотир дар литсей гузаронидани озмунҳои:  «Шоҳномахонӣ», «Рўдакихонӣ», «Мавлавихонӣ» ва «Қироати шеър» ба роҳ монда шудааст. Ҳисси Ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ дар хонандагон тавассути навиштани иншо дар мавзўъҳои «Забон рамзи асосии миллат», «Кафили сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Қаҳрамонони Тоҷикистон», «Душанбе шаҳри сулҳ» бедор ва тақвият дода мешавад. Ҳамчунин дар соли таҳсили ҷорӣ силсилаи сўҳбатҳо дар мавзўъҳои «Нашъамандӣ вабои аср», «Ҳуқуқи кўдак», «Эъломияи  ҳуқуқи башар» доир карда шудаанд.

Ташкили сайру саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳои миллию кишваршиносӣ ва театрҳо низ ба роҳ монда шудааст. Баҳри фаъол гардидани хонандагон ва ҷалби онҳо ва корҳои таълиму тарбия ташкилу гузаронидани корҳои беруназсинфӣ, тарбия намудани шахсиятҳои фаъоли ҷомеа дар литсей ташкилотҳои ҷамъиятии хонандагон ба монанди «Ахтарон, «Ворисони Сомониён», «Сомониён», «Шўрои духтарон», маҳфилҳои фаннӣ фаъолият дошта, ба онҳо аксари хонандагон шомиланд. Омўзгорони фаннӣ ва Шўрои методӣ дар фаъолияти худ бештар ба такмили шаклу усулҳо ва тарзи ташкилу гузаронидани чорабиниҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои хубтарин кор дастурҳои методӣ тартиб додааст.

Литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо муассиса ва ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта бошад. Литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фарзандони шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, метавонад ба таҳсил фаро гирад.