Китобхонаи илми - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Китобхона

                                             Китобхонаи илмии донишкада 

 

Китобхонаи илмии донишкада қисми ҷудонашавандаи иттилоотии сохтори макотиби олӣ ба ҳисоб рафта, дорои фонди бисёрсоҳаи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷӣ буда, онҳоро пешкаши хонандагон гардонида, нигоҳдориашонро барои насли оянда таъмин менамояд. Китобхонаи илмии донишкада аз 1 қироатхонаи дорои 52 ҷои нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобхонаи илми то имрӯз 45077 нусха китобро ташкил медиҳад. 
Инчунин, дар китобхона намоишгоҳи доимоамалкунандаи «Китобҳои нав» мавҷуд аст. Ҳангоми ба китобхона ворид гаштани китобҳои нав, аз тарафи кормандони китобхона бо хонандагон шарҳи китобҳои нав гузаронида мешавад. 
Мақсади асосии китобхонаи илмӣ инҳоянд:
- қонеъгардонии талаботҳои иттилоотии бисёрсоҳавии хонандагон
- муайяннамоӣ, таҳқиқот ва ҷоринамоии технологияи ҳозиразамон дар таҷрибаи фаъолияти корӣ
- нигоҳдории мавқеи пешсафӣ нисбати дигар китобхонаҳои макотиби олии ҷумҳурӣ
- дастгирии маълумотнокии иттилоотии китобдорӣ ва самтҳои самтҳои илмӣ- таҳқиқотии донишкада дар шароити имрӯза
- нигоҳдории боигарии фонди китобхона ва мероси илмии донишкада


                                            Китобхонаи электронӣ

 

Китобхонаи электронӣ қисми таркибии китобхонаи илмӣ буда, ба шабакаи локалии донишкада ва шабакаи глобалии Интернет пайваст мебошанд.  Китобхонаи электронӣ дорои 70 ҷои нишаст ва бо 70 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Фонди китобхонаи электрониро зиёда аз 8500  нусха китобҳои электронӣ ташкил медихад. Ба ғайр аз ин, китобхонаи электронӣ дорои фонди электронии феҳрист мебошад, ки хонандагон метавонанд аз он адабиёти лозимиашонро дарёфт намоянд.
Мақсади асосии китобхонаи электронӣ:
- дастгирии китобхонавӣ – иттилоотӣ ба самтҳои маълумотнокӣ ва илмӣ- таҳқиқотӣ дар шароити имрӯза;
- маркази ҷоринамоии таҷрибаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва паҳнкунии онҳо;
- ёрии консултативӣ дар ташкили хизматрасонии иттилоотӣ- китобхонавӣ; 
 - ташкили феҳристи пурраи электронӣ ба нусхаҳои дар китобхонабуда;
- бароҳмонии  хизматрасонии компютерӣ дар ҳамаи шӯъбаҳои китобхона;
- ташаккули бонки иттилоотӣ оиди ҳуҷҷатҳои китобхона;
-  бароҳмонии обуна ба низоми электронии китобхонавӣ;
- ташкили низоми электронӣ- китобхонавии асарҳои олимони донишкада;
- зиёднамоии шумораи ҷойҳои автоматиконидашуда барои истифодабарандагон;
- васеънамоии ҷойҳои нигоҳдории китоб ва толори хониш;
- ташкили шароити мусоид барои хонандагони китобхона;