Қисми тарбия - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ҚИСМИ ТАРБИЯ

Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович  – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Бинои 1, ошёнаи 2, Қисми тарбия
Тел: (+992 37) 234-88-03; (+992) 907 5555 16
E-mail: dbb.1962 @mail.ru

 

 

 


 

Қисми тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кори худро дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 бо №94 қабул шудааст, ба роҳ монда, мақсад аз он:
- дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тарбияи насли наврас равона карда шудаанд; 
- тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ; 
- зери назорати доими қарор додан ваба роҳ гузоштани кори тарбиявӣ дар факултетҳои донишкада ва роҳбарӣ намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии донишкада;
- татбиқ намудани Қонуни Ҷумхурии Точикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳамкорӣ бо волидайн. 
- ҷалб намудани ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсии донишкада ва берун аз он;
- ҷалби ҷавонон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ ва тарбияи ҳаёти солим дар байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон.      
              Дар қисми тарбияи донишкада Шӯрои ҳамоҳангсоз амал менамояд, ки дар ҳайати он инҳо фаъолият менамоянд:
-    Шуъбаи тарбия;
-    Иттифоқи Касабаи донишкада;
-    Шӯрои бонувони донишкада;
-    Созмони ҷавонони донишкада.