Кисми таълим - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ҚИСМИ ТАЪЛИМ

Ойев Насимҷон Абдулмуминович
номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел: (+992 37) 234-88-03
E-mail: nasim_jon@mail.ru

 

 

 


 

Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим, таҳлили натоиҷи сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонотӣ ва ғайраҳо дар асоси Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои донишкадаро мувофиқа месозад. Қисми таълим шуъбаҳои зеринро дар бар мегирад: 

-    ШУЪБАИ ТАЪЛИМ
-    ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛ