logo

Бойгонӣ ‘ХАБАР’:

Хушхабар!!!

       8 ноябри соли 2019 дар Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», ки бо ибтикороти Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  доир гардид, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар озмуни «Беҳтарин гушаи сайёҳӣ» соҳиби ҷойи I–ум гардид.        Ин дастоварди навбатӣ барои кулли устодону донишҷӯён ва кормандони Донишкада муборак бошад!  


КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ “РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯ” ДАР МАВЗЎИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ИФОДАИ АРЗИШҲОИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН, ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ДАВЛАТ

       02 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди таҷлили «Рӯзи Конститутсия» дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ифодаи арзишҳои волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат баргузор гардид.      Дар кори конфронс Ректори ДСХ профессор Обидов Ф.С., Ёрдамчии калони Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З.М., раиси фраксияи ҲХДТ Маҷлиси намояндагонӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар,  муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ.,  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хоркашов И .С., меҳмонон


РУШДИ САЙЁҲӢ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ИҶТИМОӢ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

      1 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ” дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ-омили пешрафти иҷтимоӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ,  олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.      Чорабинии мазкурро Хоркашов  И.С.- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро аз номи Роҳбарияти донишкада


МАСОИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР ВА МУТАВОЗИН ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН: ТАМОЮЛ ВА ДУРНАМО

        28 октябри соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масоили таъмини рушди устувор ва мутавозин дар иқтисодиёти ҷаҳон: тамоюл ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон,  олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва магистрантони донишкада иштирок намуданд.         Конфронсро  муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро аз номи Роҳбарияти донишкада ҷиҳати ширкаташон дар ин конфронси сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада


ОЗМУНИ «АШЪОРИ ШОИРОНА» ДАР ДОНИШКАДА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

       26 –уми октябри соли равон дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озмуни «Ашъори шоирона» ҷамъбаст гардид.        Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур тули беш аз як моҳ дар донишкада идома ёфта, ғолибони даври дуюм ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Озмун тамоми хонандагони Литсей ва донишҷӯёни Донишкадаро фаро гирифта, шахсони мутасаддӣ аз Литсей ва Донишкада ин равандро назорат ва идора менамуданд.        Ҳадаф аз баргузории озмуни «Ашъори шоирона» дар донишкада, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тарбия намудани