logo

МАСОИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР ВА МУТАВОЗИН ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН: ТАМОЮЛ ВА ДУРНАМО

           28 октябри соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масоили таъмини рушди устувор ва мутавозин дар иқтисодиёти ҷаҳон: тамоюл ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон,  олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва магистрантони донишкада иштирок намуданд.         Конфронсро  муовини ректор…

ОЗМУНИ «АШЪОРИ ШОИРОНА» ДАР ДОНИШКАДА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

          26 –уми октябри соли равон дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озмуни «Ашъори шоирона» ҷамъбаст гардид.        Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур тули беш аз як моҳ дар донишкада идома ёфта, ғолибони даври дуюм ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Озмун тамоми хонандагони Литсей ва донишҷӯёни Донишкадаро фаро гирифта, шахсони мутасаддӣ аз Литсей ва…

ЯК РӮЗИ ШАНБЕГИ ДАР ДОНИШКАДА

           Тибқи Нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар саҳни Донишкада бо ҷалби аъзоёни Маҳфили "Пайравони Пешвои миллат" шанбеги таҳти шиори " Донишкада хонаи умеди мост, мо бояд онро тозаву озода нигоҳ дорем" гузаронида шуд.

Мулоқоти ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. бо коршиносони соҳаи сайёҳии Португалия ва Қазоқистон

   Санаи 14 октябри соли 2019 ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. бо коршиносони соҳаи сайёҳӣ-профессори   Донишгоҳи Портои Португалия   Педро Бритто ва устоди Донишгоҳи ҳуқуқи Қазоқистон Рушан Мухамеджанова доир гардид.   Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Педро Бритто ва хонум Рушан Мухамеджанова шарикони хориҷии татбиқи  Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон», тибқи барномаи грантии «Омодасозии кадрҳо барои рушди устувори туризм дар Тоҷикистон»…

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ” ВА “РӮЗИ ОМӮЗГОР” ДАР ДОНИШКАДА

           5 октябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ ” ва “Рӯзи омӯзгор” баргузор гардид, ки дар он устодон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада иштирок доштанд.         Чорабинии мазкурро Хоркашов  И.С.- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни…