logo

Бойгонӣ ‘ХАБАР’:

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН

       Зери чунин унвон санаи 13 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президент мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои олимони ҷавон ва муҳаққиқони Тоҷикистон Рустам Наботӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шокирзода Муҳаммадтолиб, мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло ва ҷавонону муҳаққиқони Донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.  


ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Ҳамватанони азиз, ҳамкасбони гиромиқадр!        Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, бо арзи сипос ва самимияти беандоза Шуморо бо ҷашни муқаддасу фархунда 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори обод ва орому осуда, инчунин сарҷамъии безаволу ҷовидонро таманно менамоям.       Таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба даврае рост омадааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол чанде қабл маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ баргузор намуда, роҳи минбаъдаи


БОЗДИДИ УСТОДОНУ ДОНИШҶУЁНИ ДССХ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 3 ноябри соли 2020  устодон ва донишҷуён Донишкадаи саёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтанд  ва онҷоро саёҳат намуданд. Мақсад аз чунин саёҳат шиносоии ҷавонон аз тамошои  бахшҳои гуногуни ин махзани илму дониш ва ҷойгоҳи фарҳангу тамаддун ғизои маънавӣ бардошта, ба саволҳои сершумори худ посухҳои дақиқ гирифтанд.        Ҳадафи сайри мазкур огоҳии ҷавонон аз таъриху маънавиёт, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, шинохти  осори арзишманди шоирону адибон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ буда, ки он  бахшида ба “Солҳои рушди деҳот,


КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

       4 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии тантанавӣ, бахшида  ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишкада, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳою бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарияти литсейи донишкада, сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.       Чорабинии мазкурро ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро табрику муборакбод намуд.       Ректори донишкада иброз дошт, ки қабули


ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОРИ МУҲТАРАМ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР