logo

Архивы рубрики ‘ХАБАР’:

ОЗМУНИ «АШЪОРИ ШОИРОНА» ДАР ДОНИШКАДА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

       26 –уми октябри соли равон дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озмуни «Ашъори шоирона» ҷамъбаст гардид.        Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур тули беш аз як моҳ дар донишкада идома ёфта, ғолибони даври дуюм ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд. Озмун тамоми хонандагони Литсей ва донишҷӯёни Донишкадаро фаро гирифта, шахсони мутасаддӣ аз Литсей ва Донишкада ин равандро назорат ва идора менамуданд.        Ҳадаф аз баргузории озмуни «Ашъори шоирона» дар донишкада, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тарбия намудани


ВОХӮРИИ РЕКТОР, ПРОФЕССОР ОБИДОВ Ф.С. БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЧОРУМИ ДОНИШКАДА

17 октябри соли 2019 тибқи Нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар толори маҷлисии Донишкада вохӯрии судманд аз ҷониби Ректори Донишкада муҳтарам Обидов Ф.С.  бо донишҷӯёни курси чорум баргузор гардид.   Дар рафти баргузории мулоқот Обидов Ф.С. иброз намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд ва инчунин  вобаста ба риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» «Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи


ЯК РӮЗИ ШАНБЕГИ ДАР ДОНИШКАДА

        Тибқи Нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар саҳни Донишкада бо ҷалби аъзоёни Маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» шанбеги таҳти шиори » Донишкада хонаи умеди мост, мо бояд онро тозаву озода нигоҳ дорем» гузаронида шуд.


Мулоқоти ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. бо коршиносони соҳаи сайёҳии Португалия ва Қазоқистон

Санаи 14 октябри соли 2019 ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. бо коршиносони соҳаи сайёҳӣ-профессори   Донишгоҳи Портои Португалия   Педро Бритто ва устоди Донишгоҳи ҳуқуқи Қазоқистон Рушан Мухамеджанова доир гардид.       Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Педро Бритто ва хонум Рушан Мухамеджанова шарикони хориҷии татбиқи  Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон», тибқи барномаи грантии «Омодасозии кадрҳо барои рушди устувори туризм дар Тоҷикистон» буда, раёсати донишкада номбурдагонро барои оғоз бахшидан ба даври дуюми татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамчун машваратчӣ даъват намудааст. Дар раванди мулоқот ректори донишкада оид ба паҳлуҳои мухталифи раванди омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маълумоти муфассал дода, роҷеъ


ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ” ВА “РӮЗИ ОМӮЗГОР” ДАР ДОНИШКАДА

        5 октябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ ” ва “Рӯзи омӯзгор” баргузор гардид, ки дар он устодон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада иштирок доштанд.         Чорабинии мазкурро Хоркашов  И.С.- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷамъомадагонро бо фарорасии “Рӯзи забони давлатӣ ” ва “Рӯзи омӯзгор” самимона аз номи худ ва аз номи раёсати Донишкада табрику таҳният гуфтанд.         Зимни баромади хеш Хоркашов И.С. қайд намуданд, ки тамоми бузургон ва аҳли