logo

Бойгонӣ ‘ХАБАР’:

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» ДАР КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

       Кафедраи молия ва қарз бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», санаи 16.11.2019 соати 1300  дар бинои таълимии №2, синфхонаи №46 вобаста ба иҷроиши Нақшачорабинӣ “Дар бораи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагон, донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таасуби динӣ” дар Донишкадади соҳибкорӣ ва хизмат, дар соли таҳсили 2019-2020”, чорбинии илмӣ тарбиявӣ гузаронид.       Дар чорабинии мазкур маърӯзаи мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Нидоев Парвиз Фозилович дар мавзӯи “Роҳҳои муқовимат ба тероризм – экстремизм ва бегонашавию бегонапарстӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ” гузаронида шуд.  


ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШКАДА

       Санаи 16 –уми ноябри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки устодону хонандагони литсейи Донишкада ҷамъомади маърифатӣ-фарҳангӣ ба ифтихори «Рӯзи Президент”таҷлил гардид.        Саҳни толор бо лавҳаҳо, аксҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон оро ёфта буд.       Чорабинии фарҳангӣ бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамошои филми мустанаде оид ба кор ва фаъолияти Пешвои миллат оғоз гардид.        Ровиён чорабинии мазкурро бо ситоиш ва васфи сиёсатмадори бузурги таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам 


ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ !

       Санаи 15.11.2019. дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада ва дар ҳамбастагӣ бо Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, шеъру таронаҳо ва саҳнаи театрикунонидашуда дар мавзӯи лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият ва заҳматҳои Пешвои миллат  таҳти унвони  “ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ”, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.       Мақсад аз баргузори чунин чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯсти ва худогоҳии ҷавонон,  инчунин содиқ будан ба Пешвои муаззами милат, ҳифз намудани сулҳу суботи кишвар мебошад.


СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДОИР БА МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ

       Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо «Доир ба тақвият бахшидан ба ҳамкории тарафайни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати беҳтар намудани сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи андоз ва баланд бардоштани дониши аҳолӣ вобаста ба андоз ва андозбандӣ» санаи 15-уми ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доир ба муқаррароти қонунгузории андоз ва маъмурикунонии андоз семинар-машварат баргузор гардид.       Дар кори семинар-машварат намояндагон аз Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии


ВИКТОРИНА БАХШИДА БА “РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ”

       Бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ 14-15 ноябри соли 2019 дар бинои таълимии 2 дар толори лексионии 1, бахшида ба “Рӯзи Президент” Викторина (саволу ҷавоб) байни донишҷӯёни ихтисосҳои таъминоти иқтисодӣ ва ҳуқуқии Донишкада баргузор гардид.        Сараввал декани факултети молия ва гумрук дотсент Абдуллоев А.А. баъдан мудири кафедраи фаолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дотсент Нодиров Ф.М. баромад намуда, қайд карданд, ки ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи