logo

Бойгонӣ ‘ХАБАР’:

ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ !

       Санаи 15.11.2019. дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада ва дар ҳамбастагӣ бо Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, шеъру таронаҳо ва саҳнаи театрикунонидашуда дар мавзӯи лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият ва заҳматҳои Пешвои миллат  таҳти унвони  “ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ”, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.       Мақсад аз баргузори чунин чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯсти ва худогоҳии ҷавонон,  инчунин содиқ будан ба Пешвои муаззами милат, ҳифз намудани сулҳу суботи кишвар мебошад.


СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДОИР БА МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ

       Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо «Доир ба тақвият бахшидан ба ҳамкории тарафайни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати беҳтар намудани сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи андоз ва баланд бардоштани дониши аҳолӣ вобаста ба андоз ва андозбандӣ» санаи 15-уми ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доир ба муқаррароти қонунгузории андоз ва маъмурикунонии андоз семинар-машварат баргузор гардид.       Дар кори семинар-машварат намояндагон аз Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии


ВИКТОРИНА БАХШИДА БА “РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ”

       Бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ 14-15 ноябри соли 2019 дар бинои таълимии 2 дар толори лексионии 1, бахшида ба “Рӯзи Президент” Викторина (саволу ҷавоб) байни донишҷӯёни ихтисосҳои таъминоти иқтисодӣ ва ҳуқуқии Донишкада баргузор гардид.        Сараввал декани факултети молия ва гумрук дотсент Абдуллоев А.А. баъдан мудири кафедраи фаолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дотсент Нодиров Ф.М. баромад намуда, қайд карданд, ки ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи


ОМӮЗИШИ ТАЪЛИФОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШКАДА

       Дар доираи иҷроиши Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили бошукӯҳи «Рӯзи Президент» санаи 12 ноябри соли 2019 бо ибтикороти Китобхонаи илмии донишкада, ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Таълифоти Пешвои миллат – осори гаронбаҳо» бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада дар толори китобхона баргузор гардид.       Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов Исломбек Сангакович ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти донишкада иштирокчиёнро ба «Рӯзи Президент» табрик намуданд. Ташкили чунин ҳамоиши илмиро Хоркашов И.С. аз ҷониби Китобхонаи илмии донишкада зарур ва муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки гарчанде аз ҷониби раёсати донишкада


Хушхабар!!!

       8 ноябри соли 2019 дар Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», ки бо ибтикороти Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  доир гардид, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар озмуни «Беҳтарин гушаи сайёҳӣ» соҳиби ҷойи I–ум гардид.        Ин дастоварди навбатӣ барои кулли устодону донишҷӯён ва кормандони Донишкада муборак бошад!