logo
  • Опубликовано 05.08.2019
  • Комментарии к записи Маълумот оид ба қисм отключены

Маълумот оид ба қисм

ҚОДИРОВА ГУЛМО ТОЛИБОВНА-

муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Суроға: 734055, ш.Душанбе,хиёбони Борбад 48/5
Тел: (+992 37) 234-88-03,(+992) 93 406 68 68
E-mail: kodirova.gulmo@mail.ru

 


 

Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим, таҳлили натоиҷи сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонотӣ ва ѓайраҳо дар асоси Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои донишкадаро мувофиқа месозад.

Дар назди Қисми таълим Шӯрои илмӣ-методӣ дар ҳайати муовини ректор оид ба  корҳои таълимӣ (раис), сардорони шуъбаҳои таълим, илм, котиби Шӯрои методӣ, раисони Шӯрои методии факултетҳо ва омӯзгорони соҳибтаҷриба амал мекунад. Фаъолияти Шӯрои илмӣ-методӣ ҷиҳати татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишкада, қарори Шӯрои олимон ва фармону дастурҳои ректори Донишкада ва ҷиҳати  тадриҷан беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таълим ба роҳ монда мешавад.

Самтҳои фаъолияти Шӯрои илмӣ-методии донишкада инҳоянд:

  • *ҳамоҳангсозии  фаъолияти таълимию методии омӯзгорони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии Донишкада дар самти таҳияю такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ;
  • *таъмини таҳияҳои илмию методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим;
  • *таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим;
  • *таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзгорони алоҳида ҷиҳати *бозсозии раванди таълим ва татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим;
  • *баргузор кардани конференсияҳо, семинарҳои илмӣ-методӣ;
  • *таҳлили таъмин будани донишҷӯёну омӯзгорон бо адабиёти илмӣ-методӣ;
  • *омӯзиши масъалаҳои психологию педагогии маҳорати касбии омӯзгорон, таҳияи тавсияҳо  вобаста ба нақшагирии сарбории *таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон;
  • *таъмини таҳия, нашр ва низоми мувофиқи паҳнкунии маводи тавсиявии илмӣ-методӣ;
  • *омодасозии мавод оид ба масъалаҳои мубрами илмию методӣ барои баррасӣ ба Шӯрои олимон ва Маркази таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар назди Қисми таълим, инчунин Комиссияи экспертии интиқолу барқарор  амал менамояд, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи донишкада ба роҳ мондааст.

Қисми таълим шуъбаҳои зеринро дар бар мегирад:

  • ШУЪБАИ ТАЪЛИМ
  • ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Обсуждение закрыто.