logo

Менеҷмент ва маркетинг

И.в.мудири кафедра: Раҳимов Ҷамшед Одинабекович – номзади илмҳои иқтисодӣ,
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии№ 1, утоқи №15
Тел.: (+992) 93 848 44 88
E-mail: rahjam@mail.ru

 


Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг бо қарори Шурои олимони донишкада таҳти рақами №1.3 аз 5 сентябри соли 2012 дар заминаи кафедраҳои «Назарияи иқтисод ва маркетинг» ва «Иқтисодиёт ва идоракунии соҳибкорӣ» таъсис дода шудааст.

Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода месозад:

1-260202.00 “Менеҷмент”,

1-260203.00 – “Маркетинг”,

1-260201.01 – “Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат”

Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра дар корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ, бизнес-сохторҳо, кору фаъолият карда метавонанд.

Раванди таълим дар кафедра бо назардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон устодони кафедра аз рӯи зиёда 28 фанни таълими дарс мегузаранд, ки ҳамаи онҳо бо силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва васоитҳои айёнӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин,  маводҳои зарурии таълимӣ вобаста ба талаботи замон пайваста мавриди таҷдид қарор мегиранд. Аз ҷониби устодони кафедра барои самаранок ба роҳ мондани дарсҳо пайваста омода намудани дастурҳои методию таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Фанҳои тахассусие, ки дар нақшаи таълимии ихтисос ҷой дода шудаанд ба стандарти таълимӣ мувофиқат менамоянд, ки барои баланд бардоштани дараҷаи дониши донишҷўён мусоидат мекунанд.

Дар кафедра дар қатори фанҳои тахассусӣ  омўзиши фанҳои дигари таълимӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки барои барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ ҳамчун фанни умумикасбӣ пешбинӣ шудаанд.

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони оянда тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз ҷиҳати ҳайати кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ кафедра хуб таъмин мебошад. Дар назди кафедра 2 синфхонаи методӣ мебошад, ки онҳо бо тахтаҳои электронӣ, аёниятҳо ва проектор муҷаҳҳаз мебошанд. Инчунин, кафедра ҷиҳати истифода дар раванди таълим як  проектори сайёр ва ноутбук дар ихтиёр дорад.

Ҳайати устодони кафедра
Маълумот вуҷуд надорад!!!
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра
Маълумот вуҷуд надорад!!!
Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра
Маълумот вуҷуд надорад!!!