logo

ШӮРОИ ОЛИМОН

Шӯрои олимон — ҳамчун мақоми олии идоракунии Донишкада маҳсуб меёбад. Шӯрои олимони донишкада натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию тадқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад. Ҳисоботи фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва корҳои тарбиявии тайёр кардани мутахассисонро (дар факултетҳо) мешунавад. Масъалаи таъсис намудан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишкада истодаро дар маҷмӯъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд. Номзадҳоро барои дарёфти идрорҳои мухталиф аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохони донишкада ва аспирантон тавсия менамояд. Барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад.

Вазифаҳои асосии Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: 

—    муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада;
—    дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—    мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
—    назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.
Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории донишкада дар назди ректор таъсис дода шудааст. Раисии Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. ва котиби илмии Шӯрои олимонро Исматуллоева С.А. ба ӯҳда доранд.
Ҳайати Шӯрои олимонро ректори донишкада тибқи фармон ба мӯҳлати 3 (се) сол тасдиқ менамояд.    Ҷаласаҳои Шӯрои олимон дар суратҷаласа қайд карда мешавад. Ба суратҷаласа раиси Шӯро ва котиби он имзо мегузоранд. Раиси Шӯрои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шӯрои олимонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он дар ҷаласаи Шӯрои олимон гузориш медиҳад.
Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд ва қарори қабулшуда аз тарафи ректори донишкада ба тасвиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад.
Шӯрои олимони донишкада 23 нафар аъзо дорад ва он дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:

 НОМУ НАСАБ ВА  НОМИ ПАДАР

ВАЗИФА

1.

Обидов Фозил СаидовичРектори донишкада

2.

Қодирова Гулмо ТолибовнаМуовини ректор оид ба корҳои таълимӣ

3.

Ҷабборов Баҳриддин БурҳоновичМуовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

4.

Хоркашов Исломбек СангаковичМуовини ректор оид ба  илм ва инноватсия

5.

Ҷабборов Фатҳулло АмриевичМуовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ

6.

Қаландаров Саймаҳмуд СафаровичМуовини ректор оид ба корҳои хоҷагидорӣ

7.

Қодиров Фазлиддин СадридиновичСардори шуъбаи таълим

8.

Шоҳрузи МаҳмаднайибпурСардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона

9.

Сафоев Абдумаҷид КаримовичДекани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон

10.

Абдуллоев Абдукарим АбдуқаюмовичДекани факултети молия ва гумрук

11.

Мирсаидов Фаридун АвроровичДекани факултети сайёҳи

12.

Ҷумаев Уктам МирзоёровичДекани факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва низоми иттилоотӣ

13.

Анваров Муриватшо МунаваровичДиректори Литсейи донишкада

14.

Раҳимов Сулаймон АбдулфатоҳовичМудири шуъбаи кор бо ҷавонон

15.

Насридинов Изатулло МуҳиддиновичРаиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандон

16.

Ойев ХолмаҳмадҲуқуқшинос

17.

Ҷурабоев ҒафурҷонПрофессори кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

18.

Ҷононов СайдамирПрофессори кафедраи фалсафа ва таърих

19.

Кабиров Хуршед ШаҳбозовичМудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор

20.

Исломова Заҳро СаъдуллоевнаМудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

21.

Қодирова Моҳира ИшановнаДотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ

22.

Ширинова Гулбута СифотовнаРаиси Шӯрои бонувон

23.

Исматуллоева Сайрам АсадулаевнаКотиби  Шӯрои олимони донишкада

snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflakeWordpress snowstorm powered by nksnow