logo
  • 6
  • 07.04.2021
  • Comments Off on ЗАХИРАҲОИ ОБ-МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОР

ЗАХИРАҲОИ ОБ-МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОР

«Захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто,
балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд».
Эмомалӣ Раҳмон

       Об муъҷиза, сарчашма ва манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату покизагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нушидан, пухтани хўрок, шустушўи ҷою манзил, тозагии кучаҳо истифода мебарад. Об сарчашмаи ҳаёт буда, инсоният худро бе об тасаввур карда наметавонад. Инсон тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ бо об зинда аст. Обро минерали нодиртарини захираҳои табиӣ арзёбӣ намудаанд. Ягон чизи дигар обро иваз карда наметавонад. Файласуфи бузург Арасту дар бораи об чунин гуфта буд: «Об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоиш ва пойдории олам аст».

       Дар рўи замин чизе нест, ки дар таркиби худ об надошта бошад ё аз он баҳра нагирад. Бе об ҳеҷ кор ба сомон намерасад. Шоир, табиатшинос ва мутафаккири Олмон Иоганн Волфганг  Ҳете  чунин гуфтааст:

     Тамоми ҳастиро сарчашма об аст,

Нигаҳдору ҳама созанда об аст.

       Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳои Антарктида ва Арктика, дар минтақаҳои яхбандии доимӣ ва пиряхҳои куҳӣ маҳфузанд. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрўзҳо камбудии шадиди ин неьмати худододро эҳсос мекунанд ва бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масьала торафт мураккабтар мегардад. Қисми дигари одамон муносибати бепарвоёна нисбати ин муъҷизаи беҳамто ва исрофи аз ҳад зиёди оби тоза зоҳир менамоянд. Эҳтиёт намудани об вазифаи муҳимтарини мост.

       Об сарвати табииест, ки дар тараққиёту пешрафти давлат нақши муҳим мебозад. Давлат баҳри самаранок истифода бурдан ва ҳифз намудани об чораҳои лозимӣ меандешад. Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба об ва истифодабарии он инҳоянд:

1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) дигар қонунҳои ҶТ, ки масоили истифодабарии обро баррасӣ менамоянд;

4) шартномаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби ҶТ ба тавсиб расидаанд ва ба истифодабарии об ва тозагии он вобастаанд.

       Дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Об моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодабарии самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».

       Дар Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон об ва масоили он ба танзим дароварда шудааст. Кодекси оби ҶТ муносибатҳои вобаста ба обро бо мақсади таъмини истифодабарии самаранок, баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои аҳолӣ, соҳаи иқтисодӣ ва муҳити табиии атроф, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, заҳролудшавӣ вa камшавӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии таъсироти бад, беҳтар гардонидан ва муҳофизати объектҳои обӣ, мустаҳкамкунии қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои обӣ, ба танзим медарорад.

       Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2001 таҳия ва тасдиқ шудааст, масъалаҳои муҳимтаринро дар ин бахш баррасӣ намудааст, аз ҷумла онҳо масъалаҳои арзёбии манбаҳои об, ҳифзи обҳо ва пиряхҳо, идоракунии захираҳои об, дурнамоии комплекси хоҷагии об, корҳои илмию тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳо, масоили ҳуқуқӣ ва институтсионалии комплекси хоҷагии об.

       Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин муьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад. Тоҷикистони мо бо захираҳои обаш дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва дар Осиёи миёна ҷойи якумро ишғол мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз даҳ км боло мавҷуд буда, ҳамаи онҳо куҳианд. Дарозии умумии ин дарёҳо 30 ҳазор км-ро ташкил медиҳад. Дар давоми як сол аз дарёҳои Тоҷикистон 64 млрд. метри мукааб об ҷорӣ мешавад, аз ҷумла ба воситаи дарёи Аму наздик 53 млрд. м3. Дар ҳудуди Тоҷикистон 8492 пирях мавҷуд аст, ки масоҳаташ 8476,2 км2 ё ин ки 6% масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Пиряхҳо дар худ 400 млрд. м3 об дошта, ҳиссаи оби аз пиряхҳо ҳосилшуда 10-12% мебошад. Кўлҳои Тоҷикистон, теъдоди умумиашон 1300 адад буда, 43,3 км3 (ё ин ки 43,3 млрд м3) об доранд.

       Дар Тоҷикистон чашмаҳои шифо ва обҳои минералӣ дар кишвар 150 адад мебошад. Чашмаҳои Чилучорчашмаи Шаҳритус, Сарчашмаи Кулоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Чашмаи Нияти Панҷакент, Чашмаи Чинори Ашт, Чашмаҳои Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибӣ (дар куҳи Муғул), Ҳавзи моҳиёни Истаравшан, Сарчашмаи Рўшон ва ғайра бо оби ширини нўшиданиашон ном баровардаанд.

       Давлатҳо баҳри ҳалли масоили вобаста об дар ҳамкориҳои зич қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз қабили он давлатҳое мебошад, ки ба ҳалли масъалаи вобаста ба об чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар арсаи ҷаҳон кушиш ба харҷ медиҳад. Дар ин ҷода саҳми Президенти ҶТ  Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас аст.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати истифодаи пурсамару сарфакоронаи об ва тоза нигоҳ доштани он таваҷҷуҳи махсус ва доимӣ зоҳир менамоянд. Имрўз масъалаи оби тоза яке аз проблемаи глобалӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин барои таъмин намудани аҳолии тамоми сайёра бо оби тоза хизмати Пешвои миллат ниҳоят бузург аст. Аввалин иқдом дар ин самт аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  соли 2003 оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» гирифта шуда буд.  

       Маҳз бо таклифи Президенти ҶТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби зиёда аз 140 давлати ҷаҳон пурра ҷонибдорӣ гаштааст, Маҷмааи умумии СММ Қатъномаи махсус қабул карда, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт»  эълон кард.

       21-уми декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028” бо иқдоми  навбатии Пешвои миллат ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.

       Дар суханронии худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андўхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад».

       Оид ба иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи тағйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) баён намуданд. Инчунин таъкид намуданд, ки: «Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи об таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомидании безарар ва беҳдошту санитария боқӣ мемонад. Ин мушкилот хусусан дар деҳот, ки зиёда аз 70% аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, хеле муҳим ба назар мерасад. Бинобар ҳамин об ва захираҳои он дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 яке аз ҷойҳои калидиро ишғол кардааст.

       Даҳсолаи мазкур барои муколамаи сиёсӣ, табодули маълумот ва таҷриба платформаи муҳим буда, ҷиҳати мусоидат намудан ба иҷрои он ҳадафҳо ва вазифаҳои сатҳи байналхалқӣ, ки ба захираҳои об алоқаманданд, аз ҷумла, ба ҳадафу мақсадҳое, ки дар Рўзнома барои рушди устувор дар давраи то соли 2030 нишон дода шудаанд, воситаи хуб мебошад».

       Мо бояд шукр намоем, ки оби дарёҳои мо баҳо надорад, неъмати худодод аст ва ба қадри ҳар як қатраи он бояд бирасем. Нисбати боигариҳои табиат беэҳтиромӣ намуданамон хиёнате ба насли оянда хоҳад буд. Ҳар як шаҳрванди кишвар дигар муқаддасот ба ҳифз кардани оби тоза, ҳавои тоза, сарсабзу шукуфон нигоҳ доштани макони зист, оқилона истифода намудани табиат, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизамон масъул аст.

Ҳар қатраи ин оби равон пос бидорем,

Худ ҳокими ҳар ҷўйча эҳсос бидорем.

Оби ватани мо ба зулолӣ шуда машҳур,

Покиза варо аз ҳама ифлос бидорем.

 

Юсупова З.И. – муаллими калони кафедраи

молия ва андозбандии ДССХ

 
 

Сӯҳбат пӯшида аст.