logo
  • 4
  • 07.04.2021
  • Comments Off on ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОИР БА МАСЪАЛАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ҶОМЕА”

ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОИР БА МАСЪАЛАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ҶОМЕА”

        Дар аввал бояд қайд намуд, ки дар кадом ҷомеае набошад зан ояндасозу бунёдгарӣ миллату давлат ба ҳисоб меравад. Чунки асоси тарбияи насли наврас ё ҷавонони моро зан бар души худ гирифтааст.

       Ҳастии инсоният собит намудааст, ки зан эҳёгари зиндагӣ ободкунандаи мамлакат, равшангари хонадон, зебандаи кору пайкари пешрафти ҳар давлату миллат дониста мешавад.

       Таърих исбот намудааст, ки дар пушти ҳар як мутафакири барҷаста, олимони машҳургардида ва муҳақиқони соҳаҳои гуногун  як зан ё як модар истодагари намудааст. Агар дар ҷомеа зан воқеан бомаърифат бошад, пас  ҷомеа низ бомаърифат мегардад.

      Қайд кардан ба маврид аст, ки зан-модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, самимияту садоқат, файзу баракат, хосса зиннати умри инсон аст ва нахӯстин омӯзгори башарият дар зиндагист. Зан-модар ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ҳамду сано дар бобати зан ва муҳаббати ӯ ба оила интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузуругиву фазилатҳои ӯст.

       Чун ба таърихи тоҷикон назар афканем маълум аст, ки 30-35 сол пеш дар кишвари мо мавқеъ ва манзалати зан-модар дар кадом дараҷа меистод. Барои ҳар як оила духтар нангу номус ва обрӯи хонадон дониста мешуд.

      Аз ин хотир зиндагӣ ва ояндаи ӯ аз худи духтар вобаста набуд, балки аз дигарон яъне аз падар ва ё  бародари хонадон вобастагидошт ва зан дар ҷомеа ва бунёди зиндагии озодона ҳуқуқ надошт.

      Ягона омиле, ки барои инкишофи духтарон монеъа шуд, ин роҳ наёфтани онҳо ба таҳсил буд, чунки дар ин солҳо аксар оилаҳо барои омӯхтани илму дониши духтарони худ зид буданд. Чунки нобовари ба ҷомеа ва ба давлату миллат дар зеҳни мардум ҷой гирифта буд.

      Албатта таҳсил накардани духтарон ва дониш нагирифтани онҳо нисбат ба самтҳои гуногун боиси халалдор гардидани онҳо дар ҷомеа ва оила гардид.Чунки зан тарбиятгари насли наврас, бунёдгузори ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.

     Албатта маҳз ҳамин дур мондани занон аз илм, маърифат боиси бесавод гардидани ҷавонон дар ҷомеа гардид ва ин нодонии мардуми тоҷик нооромӣ ва ҷангу ҷидолро дар ҷомеа овард. Дар ин давраҳо аз байни мардум шахсияти бузург, қаҳрамони халқи тоҷик, офарандаи сулҳ, умеди охирини миллати тоҷик пайдо гардид, ки халқи тоҷикро аз бесару сомониҳо наҷот бахшад. Ва ногуфта намонад, ки ин шахсияти бузург миёни мардум мардонавор ваъда дод, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорам, миллатро аз сару сомониҳо, ҷангу ҷидол наҷот медиҳам ва халқро мутаҳҳид месозам….

     Бояд зикр намуд, ки маҳз бо  ташабуси заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати тоҷикро аз ҷангу ҷидол дур созад ва сулҳро барои мардум муҳайё намояд ва ояндаи дурахшонро ба миллати тоҷик нишон диҳад.  Дар анаҳамин лаҳзаҳо давлати мо тавонист Истиқлолияти давлатии  худро ба даст орад.

     Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ,  Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра дар ҳама соҳаҳо тағйироти куллиро ба вуҷуд омад. Лекин ногуфта намонад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ба сари қудрат омаданашон нисбати занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд ва ҳамеша барои дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии мо занон хизмати шоёна намудаанд.

     Чун агар ба Паёмҳои Пешвои муаззами миллат назар афканем, ягон Паёмҳои Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе таваҷҷуҳ нисбати занон намегузарад. Ва барои мо занон ин боиси бисёр хушнудӣ низ мебошад. Мо занон маҳз бо дастгириву ғамхориҳои сарвари давлатамон тавонистем имрӯз дар ҷомеа мақом ва манзалати хешро пайдо кунем.

       Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ибрози андеша намуда, боз мо занонро дастгири намуданд ва қайд карданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шавад.

      Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо занон  ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷмикистон супориш доданд, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намоянд. Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе 10-солагии қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон натиҷагирӣ ва таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи мазкур барои солҳои 2020-2030 барасӣ гардида буд.

      Ин стратегия яке аз муҳимтарин ҳуҷҷате мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои дарки зарурияти таъмини баробарии гендерӣ  ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукамал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой додани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардида, дар доираи 9 боби таҳияшуда масоили болозикргардида бо ҳадафҳои расидан ба мақсадҳоро инъикос мекунад.

      Инчунин дар Паёми 26-уми январи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки  “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.” Дар низоми муосири давлатдории кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ мутаҳаррики ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад.

     Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рўй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

      Мо бонувони кишвар аз ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувони мамлакат миннатдорем. Таваҷҷуҳ бар занону бонувон чун гурӯҳи муташаккили иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ басо шаффоф ва мисли оина мушоҳида шуд.

      Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ хусусан занону бонувон мавқеи асосиро ишғол менамояд, ки мо занону бонувон аз ин ҳолат хеле хушҳол буда, минатдории худамонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.

     Абдуллоева Латофат Музафаровна – ассистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.