logo
  • 5
  • 05.04.2021
  • Comments Off on САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ КИШВАР ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ КИШВАР ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои  хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ  Раҳмон

       Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки  низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

       Истиқлоияти давлатӣ волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта оғози эҳёи нави ин миллати тамадунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодии давлатдорӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат зимни баромадҳояшон қайд карданд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри ХХ ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамадину пешрафта сабзид, ташаккул ёфт ва ба камол расид.

       Истиқлолият дар баробари дигар музаффариятҳояш ба миллати бузурги мо дастовардҳоеро рӯйи кор овард, ки халқи  мо то истиқлолият орзуи онҳоро дар дил мепарвариданд.

       Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

       Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллатамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

       Истиқлолияти давлати имконият фароҳам овард, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти  ҷамъияти соҳаи сайёҳӣ низ ба яке аз самтҳои муҳими пешрави ва тарақиёти  кишвари азизамон гардад.

       Сайёҳӣ падидаи муракаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир буда, вобаста ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ рушд меёбад. Имрӯз рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки пешравии ҷомеа ва муарифгари имконот ва захираҳои туристии кишвар дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.

       Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рўйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишрҳои ҷомеа вазифаи муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

       Паёми навбатӣ инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи кор бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба хотири рушди соҳаҳои мухталиф ва арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи миллат соли навбатиро ба соҳа ё бахши муҳим бахшида, барои рушди он соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

       Иқдоми муҳими Президенти кишвар, ки дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 декабри соли 2017 баён намуданд, соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвари мо «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад”. Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми соли 2019,  солҳои 2019-2021-ро  Пешвои миллат  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд ва дар ин замина, чорабиниҳои мушаххас гузаронида шуда истодаанд. Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд ва барои муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо, обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим доранд. Сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвари мо рӯ оварда маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд, аз меҳмонхонаю тарабҳонаҳо истифода мебаранд.

       Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншоотҳои сайёҳиро дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод намуданд, ки барои рушди ин соҳа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Тоҷикистон ҷумҳурии биҳиштосо, кишвари зебоманзару афсонавӣ дорои табиати нотакрор ва ёдгориҳои зиёди нодири таърихию меъморӣ буда, бо меҳмоннавозии мардумаш таваҷҷуҳи сайёҳон ва тамоми оламиёнро ба худ ҷалб сохтааст.

       Иқлими субтропикии Тоҷикистон барои мавҷудияти тамоми фаслҳои сол мусоидат намуда, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азимҷусса, дараҳои зебо ва хушбоду ҳаво, олами наботот ва ҳайваноти нодир ва ҳайратангез ва дар маҷмӯъ табиати биҳиштосои кишвари мо беҳтарин мавзеъ ва макони сайёҳӣ мебошад.

       Таъриху фарҳанги куҳан, мардуми тамаддунофар, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон дар маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон ба монанди Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт дар ҷаҳон шӯҳрат ва маъруфият пайдо намудаанд.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

       Амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.Чуноне ки сарвари давлат зикр намуданд, барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест.

       Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд. Аз ин рў дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ дар деҳот, мактабу кўдакистонҳо, корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои нави маъмури маишӣ, шўъбаҳои корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳҳои мошингард, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳангӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдончаҳои варзишӣ, таҷдиду азнавсозии НБО идома ёфтаистодааст. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо майдони Парчам ва Рамзи давлатӣ бунёд ёфта, барои истироҳати сокинон боғу гулгаштҳо сохта шудаанд.

       Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дасти муаммоҳои гуногун нуҳуфтаанд, ҳатто бархе аз онҳо дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон қариб аз байн рафтаанд.

       Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.

       Аслан таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад. Аз ин рў, омӯзиши либоси милли ва тағйири шаклҳои он робитаи либосро бо таърихи этникии милли ошкор месозад. Дар замони мо як қатор амалҳое, ки пештар дасти иҷро мешуданд, тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки ҷавонони имрӯз аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархӯрдор мегарданд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд.

       Гузашта аз ин, ҷавонон бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳӣ  хуб дошта бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ аз қабили кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадўзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд.

       Дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардуми мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Санъати ороиши, ки робитаи хеле зич дорад бо зиндагии мо, тавассути офаридани ашёи гуногун ва ороиши меъмори амалӣ мешавад. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, колинбофӣ ва кашидадӯзӣ ба рушди наққошӣ низ мусоидат кардааст.

       Ороиши либос бо зардузию кашидадӯзӣ, гулдӯзии куртаҳои чакани халқҳои Осиёи Миёна ҳар яке бо сабки хос инкишоф ёфтаанд, зеро дар тӯли асрҳо ороиши сару либос (бисёртар дар кӯҳистон), ҷиҳози хона ва ашёи рӯзғор, хуллас, аз бисоти тифл то ҷиҳози арусӣ, дар худи хонадонҳо ба иҷро расонида мешуд.

       Барои омӯхтани таърихи сару либоси миллӣ, ҷиҳози хонаводаи миллии хар як халқ, барои онҳое, ки бо таърих ва фарҳанги он халк шинос шудан мехоҳанд, аз ҷумла, санъатшиносон, кормандони театр рассомон ва намояндагони соҳаҳои дигари фарҳанг мухим аст. Аз тарафи дигар, дар ҷараёни шиносои бо таърихи либоси милли то андозае аз вижагиҳои либоси миллии халқҳои дигари ҳамсоя низ огоҳ шуда, монанди ё тафовут, иртибот ва таъсири этникию фарҳангии онҳоро ба ҳамдигар дармеёбем, ки ин ба муайян кардани этногенезиси халқҳои Осиёи Миёна мусоидат мекунад.

       Мавриди зикр аст, ки  инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

        Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифгари чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиноси кишварро мебояд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд.

 

Ҳабибов С.И. ассистенти кафедраи ҷомеашиносии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

 


Сӯҳбат пӯшида аст.