Декани факултет: Исломова Заҳро Саъдуллоевна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тел.: 935997042
Почтаи электронӣ: Islomovazakhro@gmail.com
Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада №15.1 бо фармоиши ректори донишкада аз 19 майи соли 2020 №109/И таъсис дода шудааст.
Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар сохтори донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз факултетҳои асосӣ буда, дар бозори меҳнат яке аз марказҳои тайёр намудани мутахассисони баландпоя маҳсуб меёбад.
Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз 2 кафедраи тахассусӣ ва 1кафедраи ғайритахассусӣ иборатаст.
Кафедраҳои тахассусӣ:
Кафедраи ғайритахассусӣ:
6-D051000 Идораи давлатӣ (PhD)
Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии бакалаврият ва магистрҳо аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
Таъминоти моддӣ-техникӣ ва кадрии факултет ба меъёрҳои муосири таҳсилоти олӣ ҷавобгӯй буда, дорои 20 синфхонаи таълимӣ, 1 лабораторияи гумрукӣ, 2 лабораторияи лингафонӣ, ба кафедраҳо мансуб, синфхонаҳои лексионӣ бо проектор ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имкониятҳои таҳсил барои донишҷӯён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати омода намудани мутахассисон, тамоми имконоту захираҳоро фаровон истифода намояд.
Дар факултет 20 гурўҳҳои таълимӣ-академӣ вуҷуд дорад, ки аз курсҳои 1 то 4- ба дасромўзӣ машғуланд. Курсҳои 1-ум – 10 гурўҳ, курсҳои 2-юм – 7 гурўҳ, курсҳои 3-юм – 6 гурўҳ ва курсҳои 4-ум 3 гурўҳ. Ҷамъ дар факултет 701 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони доимии факултет аз 37 нафар иборат аст, ки аз он 5 нафардоктори илм, профессор, 9 нафар номзадони илм, дотсентон, 8 нафар омўзгорони калон ва 15 нафар ассистентон мебошанд.
Раванди таълим дар факултет аз ҷониби деканати факултет идора карда мешавад, ки ба ҳайати он декан – Исломова З.С., ҷонишини декан оид ба таълим – Абдиев Ҷ.Х., эдвайзер оид ба таълим – Каримов М.А. ва ҷонишини декан оид батарбия – Сафаров У.Х., инчунин мудирони кафедраҳои факултет, раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет, раиси Иттифоқи касабаи кормандони факултет, раиси Шӯрои бонувони донишкада, ва ҳуҷҷатгузор шомиланд.
Исломова Заҳро Саъдуллоевна – декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тел.: 935997042
Почтаи электронӣ: Islomovazakhro@gmail.com
Абдиев Ҷамшед Хуршедович – ҷонишини декан оид ба таълим
Тел.: 989125346
Почтаи электронӣ: dean_010187@inbox.ru
Каримов Муҳриддин Абдуҳакимович – эдвайзер оид ба таълим
Тел.: 989125346
Почтаи электронӣ: fsij@mail.tj
Сафаров Убайдулло Ҳикматуллоевич
Тел.: 989125346
Почтаи электронӣ: fsij@mail.tj
Нодиров Фозил – мудири кафедраи Фаъолити гумрукӣ ва ҳуқуқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Почтаи электронӣ: fnodirov@list.ru
Тел.:934017817
Қаландарова Гулрӯ Сафаровна – мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ
Почтаи электронӣ: qalandarovag@mail.ru
Тел.:900121781
Ҳайдаров Абдусамад Алифбекович – мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣномзади илмҳоипедагогӣ, дотсент
Почтаи электронӣ: abdu54@mail.ru
Тел.: 934334422
Бобоназарова Саёҳат Менгбобоевна
Ҳуҷҷатгузори факултет
Тел.: 987425542
Ташкили раванди таълим дар факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ ва сохторҳои таркибии донишкадаро дар бар мегирад ва дар чунин самтҳо кор пеш мебарад:
Банақшагирии раванди таълим дар факултет дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ доир ба барномаҳои таълимии амалишаванда (ихтисосҳо), ки аз тарафи шўрои илмӣ-методии донишкада таҳия карда мешавад, амалӣ мегардад. Нақшаҳои кории таълимии амалкунанда аз рўи номгўи фанҳо, намуди машғулиятҳои таълимӣ ва ҳаҷми соатҳо ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў мебошад.
Пас аз хатми зинаи бакалавриат хатмкунандагон имкон доранд, ки таҳсили худро дар зинаи магистратура аз рӯи равияи«Идораи давлатӣ» давом диҳанд. Инчунин, хатмкунандагони зинаи мазкур метавонанд дар зинаи докторантура аз рӯиихтисоси 6-D051000-Идораи давлатӣ (PhD) таҳсили худро идома диҳанд.
Кафедраҳои факултет дар раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба самти фаъолияти худ муаммоҳои гуногуни илмиро мавриди омўзиш ва ҳаллу фасл қарор додаанд.
Ҳайати устодону профессорони факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар асоси Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ барои солҳои 2016-2020 пеш бурда истодаанд.
Равияи илмии факултетфаъолити гумрукӣ ва ҳуқуқ «Рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ ҳамчун омили инноватсионии пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ» ном дошта, асосан иҷрокунандагони он кафедраҳои зертобеи факултет мебошанд.
Аз он ҷумла, ҳайати кормандони илмӣ-педагогии кафедраи фаъолити гумрукӣ ва ҳуқуқ аз рӯи мавзӯи «Инкишоф ва тараққиёти фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ – «Проблемаҳои идоракунии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – «Эҳё намудани арзишҳои умумибашарӣ ва тафаккури нави фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ» тадқиқот мебаранд.
Равияи илмии кафедраи менеҷмент ва маркетинг «Ҳавасмандгардонии иқтисодии соҳибкории истеҳсолӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, устодони кафедра дар доираи он корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд.
Кафедраи назарияи иқтисодӣ низ гарчанде кафедраи умумидонишкадавӣ аст мавзўи ягонаи илмии худро дар самти «Муаммоҳои такмили муносибатҳои иқтисодӣ дар таъмини рушди инноватсионии рушди иқтисодиёти миллӣ» ба роҳ мондааст ва устодон вобаста ба ин самт корҳои илмӣ-тадқиқотиро давра ба давра иҷро менамоянд.
Аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кормандони илмӣ-педагогӣ ҳамасола дар кори конфронсҳои илмӣ-амалии донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ бо мақолаҳои ҷолиби худ баромад менамоянд. Фаъолияти устодон дар таҳия ва чопи дастуру адабиёти таълимию методӣ хеле назаррас аст.
Дар факултет 4 маҳфили назди кафедраҳо барои тақвият додан ва баланд бардоштани малакаи донишомўзии донишҷўён фаъолона амал менамояд, ки ҳар моҳ тибқи нақшаи қабулгардида гузаронида мешавад.
Инчунин, ҳар як кафедра мувофиқи ихтисосҳои вобасташуда маҳфилҳои илмии донишҷўёнро доранд, ки дар онҳо донишҷўён вобаста ба мавзўъҳои мухталиф дар доираи ихтисоси худ маърўзаҳо карда, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро сайқал медиҳанд.
Корҳои тарбиявӣ дар факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар ҶумҳурииТоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ”бароҳ монда шуда, бо мақсади тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ мебошад.
Пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ-академӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маданиятнокии донишҷӯён дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар самти корҳои таълимӣ-методӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва идораву ташкилотҳои зерин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст: