logo
  • 5
  • 05.04.2021
  • Comments Off on ТАҲКИМИ АСОСҲОИ ҒОЯВИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҲКИМИ АСОСҲОИ ҒОЯВИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолият асоси оромиву осудагии

       халқ, кафолати инкишофи давлат  ва

                             муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.

       Масъалаи истиқлолият ва тадқиқу таҳлили ҳамаҷонибаи он дар шароити ҳозира  ба муҳимтарин мавзўи пажўҳиши илмию академӣ табдил ёфтааст. Бисёр падидаҳо ва равандҳои ҷомеа аз инкишофи мутасилли истиқлолияти кишвар бармеояд. Масъалаи истиқлолият хосияти мушаххас дошта, ба макон, замон ва низоми муайяни арзишҳо пайваст аст. Аз тарафи дигар, истиқлолгароӣ яке аз категорияи махсуси сиёсатшиносӣ ба ҳисоб рафта, паҳлўҳои мухталифи онро равшан менамояд. Таърихи истиқлолият якранг нест. Онро дар давраҳои мухталифи инкишофи таърихӣ ва мазмуну моҳияти гуногун шарҳу эзоҳ медоданд. Аз замони атиқа оғоз ёфта то ба муҳақиқони замони муосир андешаҳои пурарзиш оид ба истиқлолияти сиёсӣ  иброз доштаанд, ки моҳияти худро нигоҳ медоранд.

       Назарияи истиқлолро ба таври мукаммал дар Эъломияи Истиқлоли ИМА дучор гардидан мумкин аст, ки асосан аз тарафи Томас Ҷефферсон таҳия гардида, 4 июли соли 1776 ба расмият шинохта шудааст. Меҳвари асосии Эъломияро озодии инсон чун қудрати асосӣ ташкил медиҳад.

       Асоси Эъломияи Истиқлолияти ИМА – ро таълимоти сувернитети халқ ташкил менамояд. Дар он омадааст: «Мо тарафдори ҳақиқате ҳастем, ки тамоми мардум баробар офарида шудааст ва онҳоро Худованд ба як қатор ҳуқуқҳои ҷудошаванда мушарраф гардонидааст, ки дар байни онҳо Ҳаёт, Озодӣ ва Хушбахтӣ мебошанд. Барои таъмини ин ҳуқуқҳо дар байни мардум ҳукуматҳо созмон дода мешаванд, ки ҳуқуқҳои одилонаи худро аз ризоият ҳукумронӣ кардан мегиранд ва ҳар вақте, ки шакли Ҳукумат ба ин талабот ҷавоб дода натавонад, маҳз халқ ҳуқуқ дорад, онро дигар ё бекор намояд ва ҳокимияти нав таъсис диҳад, ки ба Бехатарӣ ва Хушбахтии онро таъсири беҳтарин расонад». [2, с.3]

       Истиқлол ин ҳокимияти доимӣ ва ягонаи давлат аст. Вуҷуд доштани истиқлол, ягона нишонаи вуҷуд доштани ҳокимияти мустақили давлатист ва бе истиқлолияти комил давлат фаъолияти мустақили сиёсиашро ба роҳ монда наметавонад.[8, с.277]

       Мутафаккирони замони гузашта, ки асосан ба донишҳои фалсафаи сиёсӣ такя менамуданд, истиқлолиятро дар сатҳи умуми ва комил мефаҳмиданд. Масъалаи истиқлолияти кишвар, ба мисли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ба таври зайл гузошта мешуд: қонунҳо ва қоидаҳои рафтори одамон ва ҷомеаро, ки тағийр дода метавонад. Чигунагии ҷавоб ба саволи мазкур моҳият ва хусусиятҳои истиқлолиятро ошкор месохт. Ҳокимияти давлатӣ, ки нерўи пешбарии истиқлолият ба ҳисоб меравад, бояд хосияти мазкури масъаларо дар назар дошта бощад. Фаъолияти он боиси  тағйири муносибатҳо гардад. Давлат бояд кафили сохтори ҷамъиятӣ, муносибатҳои байни ҳамдигарии  одамон, муносибатҳо байни умумиятҳои иҷтимоӣ танзимгари муносибатҳои байни халқи баромад намояд.[3, с.9]

       Чуноне, ки мебинем дар айёми гузашта истиқлолиятро дар маънои мушаххас мефаҳмиданд. Фаҳмиши комилтари он ба давраи заволи муносибатҳои ҷомеаи асримиёнагӣ ва ташаккули давлатҳои миллӣ рост меояд. Синфи миёна ва табақаҳои поёнии ҷомеа, ки истиқлолияти халқӣ ва конститутсиониро пуштибонӣ менамуданд, баҳри шикасти ҳокимияти аристократи кушишҳои зиёдеро ба харҷ доданд. Ба вуҷуд омадани давалатҳои зиёди миллӣ, махсусан дар Аврупо, асосан таҷассуми ғояҳои истиқлолияти давлатӣ буданд. Дар ин айём мақом ва нақши ҳаракатҳои озодиҳоҳии миллии Аврупо ва Амрикои мустамликавӣ хеле бузург буд. Масъалаи миллӣ, ки яке аз қисматҳои асосии истиқлолияти кишвар буд, аз ҳар вақта дида, баръало ҳис мегардид. Аз ин ҷост, ки идеологҳои ҷомеаи сармоядори принсипи миллиятро  аз миён мегузоштанд. Мувофиқи он бояд ҳар як миллат соҳиби давлати худ мегашт.

       Истиқлолият ду навъи асосӣ: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷӣ. Ба истиқлолияти дохилӣ ғояҳои монархия, халқ, конститутсия, қонун, парламент ва ғайраҳоро мансуб медонистанд. Яъне, мавҷудияти чунин институтҳои сиёсиро шарти зарурии воқеъияти истиқлолият меҳисобиданд. Ба сифати шарти зарурияти истиқлолияти хориҷии кишвар бошад, ҳуқуқи комили давлатҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ медонистанд. Донишварони замони гузашта, ки асосан ба донишҳои фалсафаи сиёсӣ такя менамуданд, истиқлолиятро дар сатҳи умумӣ ва аз назари замона комил мефаҳмиданд. Масъалаи истиқлолияти кишвар, ба мисли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ба таври зайл гузошта мешуд: қонунҳо ва қоидаҳои рафтори одам ва ҷомеаро кӣ тағйир дода метавонад? Чигунагии ҷавоб ба саволи мазкур моҳият ва хусусиятҳои истиқлолиятро ошкор месохт. Ҳокимияти давлатӣ, ки нерўи пешбари истиқлолият ба ҳисоб меравад, бояд хосияти мазкури масъаларо дар назар дошта бошад. Фаъолияти он боиси тағийри муносибатҳо гардад. Давлат бояд кафили сохтори ҷамъиятӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии одам, муносибатҳои байни умумиятҳои иҷтимоӣ, танзимгар муносибатҳои байналхалқӣ баромад намояд. [4, с.206-207]

       Дар шароити ҳозира низ моҳияти истиқлол дигар нашудааст, аммо дар мазмун ва хусусиятҳои он тағийротҳои назаррас  пайдо шудаанд. Пеш аз ҳама зарурати аз фаҳми радикалии истиқлолият даст кашидан, пайдо гардидааст. Зеро дар низоми сиёсии олам вобаста ба равандҳои глобалкунонӣ падидаю ҳодисаҳое ташаккул меёбанд, ки дар фаҳми классикии истиқлол намеғунҷанд. Давлати миллии муосир дигар ба монанди то замони глобалкунонӣ дар нисбати раванду ҳодисаҳои ҷомеа инҳисоре надорад. Зеро дар баробари он дар низоми сиёсии олам акторҳое мақом ва ҷойгаҳи хосае пайдо кардаанд, ки онҳо низ дар ҳалли масъалаҳо ва таъмини рушди олам нақш офарида метавонанд. Бинобар ин истиқлол аз доираи давлат берун гашта, хусусиятҳо ва вазифаҳои онро ниҳодҳои дигари сиёси дар қатори давлат бо ҳам мебинанд. Давлати миллиро зарур аст, ки мақом ва нақши воқеъии акторҳои дигари сиёсати ҷаҳониро ба эътибор гирад.

       Истиқлолияти сиёсӣ талаб дорад, ки давлат тамоми ҳуқуқҳо ва имкониятҳоро барои истифодаи ҳокимият дар ҳудудҳои хеш истифода намуда, рушди ҷомеаро таъмин созад. Давлат на фақат самтҳои стратегии ҷомеаро муайян менамуд, балки ҷараёни рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро низ танзим менамуд. Чунин ҳуқуқи миллиро давлатҳои дигар эътироф ва эътиром менамуданд, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намуда, дурравӣ ва принсипҳо ва арзишҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ дониста шуда, нисбати субъектҳои моҷарогар ҳаргуна муҷозотро раво медонистанд.

       Истиқлолияти сиёсӣ дар замони муосир мазмуни ба худ хосро гирифтааст ва дар баробари ин, нигоҳ ва фаҳмиши соҳибистиқлоли давлат аз тарафи оммаи мардум низ дар сатҳи пешина нест. Тамоми миллату халқияте, ки давлати мустақил доранд, аммо кўшиши такмилдиҳии истиқлолияти сиёсии  хешро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масъала истисно нест. Миллати тоҷик, ки таърихи қадимаи тўлонии давлатдорӣ дорад, барои такмили нигоҳдории истиқлолияти хеш камар бастааст.

       Истиқлолгарои ҳамчун самти асосию муҳими инкишофи давраҳои миллӣ бояд бо низоми сиёсии олам дар мувофиқа сурат гирад. Моҳият ва хусусиятҳои давраи инкишофи таърихӣ  ва олам ба эътибор гирифта шаванд. Махсусан, равандҳои глобализм ва хосиятҳои асосии инкишофи он: моҳиятан  дигаргун гаштани оқибатҳои иҷтимоии ҳам рушди давлати миллӣ ва ҳам равандҳои глобаликунонӣ; таҳдидҳои навини олам ва таъсири онҳо ба равандҳои истиқлолгарӣ ва гайра.

       Соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистонро муҳақиқон мавриди омўзиш қарор додаанд ва хулосаҳои гуногун иброз менамоянд. Чунини сатҳи муносибат мансуб ба муҳақиқони ватанӣ низ мебошад. Андешае мавҷуд аст, ки «ба Тоҷикистон чун кишварҳои дигари Шўравӣ ҳеҷ кас истиқлолият ҳам мубориза набурдаанд».  Ё андешаи дигар мустақилияти Тоҷикистонро ба талошҳои миллати тоҷик мепайванданд. Ҳаркатҳои аввалин нисбат ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ дар охири солҳои 80-ум ба вуъқўъ омада буд. Соли 1988 дар Ўротеппа, Конибодом ва Кўлоб аввалин ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил гардиданд. Ин инттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ паҳлўҳои мухталифи ҳокимияти шўравиро зери танқид  қарор дода, мустақилиятро афзал дониста ва дар байни мардум чунин ҳолатро таблиғ менамуданд.

       Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Халқи тоҷик, ки дар тўли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунанд. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зорияш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ў сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сўйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, ба дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонанд. [9, с.9]

       Ошкор сохтани паҳлўҳои мухталифи раванди истиқлолиятхоҳӣ муҳим ва зарур мебошад. Аммо дар шароити Тоҷикистон барин давлати рў ба инкишоф мавриди пажўҳиш қарор додан ва роҳу воситаҳои муҳимтар мебошад. Зеро истиқлолияти комил имкон медиҳад, ки дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ давлат талаботу манфиаташро беҳтару хубтар ҳимоя намояд. Дар чунин ҳолат назар ба масъалаи роҳу воситаҳо ба дастории истиқлолияти сиёсӣ даҳҳо маротиба масъалаи дарёфти роҳҳои таҳкими он аҳамиятноктар мебошад.

       Доираи мухталифи андешамандон барои такмили истиқлолияти Тоҷикистон талош доранд. Зеро дар амалияи ҷамъиятии Тоҷикистон омилҳои мухталифе арзи ҳастӣ доранд, ки барои рушди истиқлоли Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ мегарданд. Мо имкони дар як вақт ҳалли тамоми он монеаҳоро надорем. Пас бояд рў ҷониби он монеаҳое овард, ки хусусияти аввалиндараҷа ва унверсалиро доро мебошанд, махсусан омилҳои зерин аз худ бештар дарак медиҳанд: заифии қувваҳои мудофиавӣ, сатҳи пасти зиндагии мардум, муҳоҷирати барзиёди аҳолӣ, амалҳои коррупсионӣ, инкишофи нокифояи иқтисодиёт ва дигар масъалаҳо.

       «Аз рўзи ба истиқлолият соҳиб гардидан сарзамини бостони мо ҳанўз се чор моҳ нагузашта буд, ки халқи Тоҷикистон ба кашмакашиҳои  Хатари дар гаҳворааш нобуд гардидани истиқлолияти кишварамон пеш омада буд. Нерўҳои ба ҳам мухолиф ба ҷони якдигар теғ кашиданд ва ҳазорҳо манзилу биноҳои маъмурӣ, корхонаю иншооти хадамоти омма харобу валангор карда шуданд». [9, с.127]

       Чунин андешаҳои Э. Раҳмонов гувоҳ медиҳанд, ки дар воқеият каме зиёдтар ҷанги шарҳванди давом мекард миллати тоҷик давлатдорияшро аз даст медод. Тоҷикон дар тули таърих дар воқеият азобу шиканҷа дидаанд, аз ин ҷост, ки мебояд насли нав танҳо оиди рушди давлатдорӣ андеша намояду роҳҳои гуногуни онро ҷуяд. Инчунин боз як андешаи Э. Раҳмонов ҷолиб аст: «Халқи мо имрўз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихии хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ва ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Ранҷбарону  деҳқонон ва равшанфикрони миллат, ки дар фазои дўстиву рафоқат бо ҳам мезистанд, гирифтори фишору таъқиб шуда, ниҳоят иҷборан ба даст яроқ гирифтанд. Натиҷаи ҷанги бародаркушӣ ба ҳама маълум аст. Даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ шаҳиду маҷрўҳ шуд. Имрўз халқи тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одамон бехонаву дар сарсону саргардон шуданд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад. Фоҷиаи падарон, модарон ва хоҳарону бародарони мо тамаддуни оламшумул ва фарзандони нобиғаи худ машҳури ҷаҳон гардида буд. Чаро ва аз баҳри чӣ ин фоҷиа ба сари халқ омад? Ҷавоби савол ба ҳама маълум аст. Мубориза баҳри мансабу ҳокимият. Ин мубориза бо кадом роҳ пеш бурда шуд, ба халқ маълум аст». [9, с.4]

        Инчунин оиди давлатдории тоҷикон шоирону зиёиён андешаҳои гуногун ибрози андеша намудаанд, ки яке аз онҳо шоири барҷаста Лоиқ Шералӣ мебошад, ӯ оиди таърихи тоҷикон чунин менависад:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

                     Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

                     Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидааст

                     Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

                     Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

                     Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидааст. [11, с.43]

       Дар воқеъият шоир шери аҷибе навиштааст ва ин нишонаи он аст, ки тоҷикон дар масири таърих басо азобу шиканҷа дидаанд, аз ин ҷост мебояд оиди ояндаи рушди давлатдорӣ андеша намуд.

       Дар шароити ҳозира ҳар як шарванди Тоҷикистонро мебояд оиди ғояи миллие андеша намояд, ки тавонад такони пурзури рушди давлатдорӣ гардад.

       Оиди масъалаи ғояи миллӣ андешаҳо зиёданд ва бештари онҳо хосиятӣ универсалӣ надошта, танҳо ба манифияти он давлатҳоеанд, ки мутафаккирон дар он минтақа рушд намудаанд. Мисол, В.Н. Муравев чунин андеша дорад: ҷаҳиши сифатан бузургеро дар чеҳраи хеш дарк бояд кард, ки ба фаҳми, пеш аз ҳама дар маънои олӣ озоди ин сухан миллатгаро будан лозим, мувофиқ аст ва он инсонро ифода менамояд, ки баҳри хайрият халқу кишвараш кӯшиш намояд. [6, с.4] Яъне, Муравев ҳар як сокини давлатро баҳри рушди давлатдорияш ба милатгароӣ даъват менамояд, ки маҳз милатгароӣ метавонад такони бузурги рушди давлатдорӣ шавад.

       П.Б. Струв бошад қарзи ҳар як зиёиёнро чунин мешуморид: «бо ҳаяҷону қатъият дар байни оммаи васеъи мардум ғояи миллиро ба сифати нерӯи беҳдошту муташаккилкунанда тарғиб намояд, ки бе он эҳёи халқ ва навсозии давлат номумкин аст». [10, с.144]

       Умуман мактабҳои гуногуни илми сиёсии Ғарб миллатгароиро хосияти мусбӣ дода, онро меҳвари асосии рушди давлатдорӣ медонанд. Барои мисол дар Энсиклопедияи бритонӣ миллатгароӣ чунин баён шудааст: миллатгароӣ ҳамчун садоқат ва дӯстдорӣ ба миллат ё мамлакат тавсиф менамояд, ки манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳӣ боло меистад. [12, с.552]

       Инчунин оиди масъалаи миллатгароӣ дар Луғати сиёсии амрикоӣ бе назар нест, дар он чунин омадааст: «дар зери таъсири омилҳои беҳамтои маданӣ ва рӯҳбаландӣ дар байни халқи мазкур тавассути парастиши ҳиссиёти мансубияти умумӣ ба ин арзишҳо ташаккул ёфтаанд. Миллатгароӣ халқеро муттаҳид менамояд, ки хосияти умумии маданӣ, забонӣ, нажодӣ, таърихӣ ва географӣ ва таҷриба дорад. Чунин хосиятҳо садоқати чунин умумияти сиёсиро таъмин менамояд». [13, с.545]

       Оиди масъалаи миллатгароӣ мутафаккирони тоҷик низ андешаҳои зиёд намудаанд. Яке аз мутафаккироне, ки оиди масъалаи миллатгароӣ андешаҳои хеле ҷолиб менамояд Устод Гулмаҳмад Зокиров мебошад. Эшон дар ҳама мақолаҳои илмияш марбут ба рушди давлатдории Тоҷикистон оиди миллатагароӣ ибрози андеша менамояд. [5, с.125-132] Устод масъалаи миллатгароиро яке аз категорияи асосии рушди давлатдорӣ шуморида дар яке аз масъалаи асосии рушди давлатдории Тоҷикистон маҳз миллатгароиро пешниҳод менамояд.

       Ӯ қайд менамояд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ фаъолият дорад. Таҷрибаи таърихӣ исботи он аст, ки тамоми давлатҳои миллӣ маҳз таввасути ғояи миллӣ – миллатгароӣ ба низоми баландӣ миллатгарои расидаанд. Аммо фаҳми мафҳуми миллатгароӣ ва назарияи миллатгароӣ пурихтилоф аст. Аз сабабе, ки раванди миллатгароӣ дар шароити кишвари мо ва собиқ мамлакатҳои коммунистӣ муносибати холисона наёфтааст, аз эътирофи рӯирости он мутафаккирон меҳаросанд. Ҳоло низ дар мақолаҳо ва асарҳои илмӣ миллатгароиро бештар аз назари манфӣ менигаранд. Аз истифодаи мусбати мафҳум ҳазар менамоянд. Ба он сифатҳоеро мансуб медонанд, ки гӯё маҳз онҳо барангезанда ва нерӯи мутаҳаррики пайдоиш ва рушди муқовиматҳои байналхалқӣ мегашта бошанд. Чунин муносибат бар зарари кор буда, дар сатҳи арзишӣ ба раванди таҳкими истиқлолияти сиёсии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, дар раванди инкишофи худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ монеа мегардад». [3, с.125]

       Яъне, ҳар як мутафаккире, ки оиди миллатгароӣ андешаронӣ намудааст, масъалаҳои марбут ба мӯҳити давлати хешро овардаанд. Агар сухан дар бораи тарзи фаҳмиши миллатгароии Зокиров Г.Н. равад мутафаккир оиди миллатгароии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, паҳлӯҳои мусбии онро марбут ба сатҳи давлатдории Тоҷикистон масъалагӯзори намудааст. Аз ин хотир оиди андешаҳои Устод метавон хосияти мусбӣ дод.

       Дар маҷмуъ баҳри амали намудани ғояи миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зиёде дар пеш истодаанд. Аз рӯи андешаи мо онҳоро бояд сипари намуд ва масъалаҳои мазкурро метавон чунин номид:

  1. Нисбатан аз байн бурдани муносибати авторитарӣ-тотолитарӣ, ё ин ки то андозае коҳиш намудани бюрократизм. Пас аз фанои Итиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи модернизатсиякунонии системаи сиёсӣ гузашт ва то ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи мазкур қарор дорад. Системаи сиёсие, ки дар рафти модернизатсиякунонӣ ҷорӣ карда шуд, тавонист то андозае мухолифатҳои иҷтимоиро аз байн барад ва субъектони сиёсии мо тавонистанд аз ин мухолифатҳои «бе ҳадафона»-и баъзеи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар канор шаванд.

       Дар шароити ҳозира бошад, системаи сиёсии Тоҷикистон эҳтиёҷ ба реформа дорад. Баҳри амалӣ намудани мақсадҳои сиёсие, моро мебояд на танҳо системаи сиёсиро, балки муносибат ба системаро иваз намоем. Яъне, «бюрократияи оҳанин» ба пурагӣ сари роҳи индувидулизмро мегирад, индувидуализм бошад ин беҳтарин роҳ ва самти инкишофи давлатдорист. Инчунин як масъалаи саволомезе ба назар мерасад: оё халқе, ки тўли солҳо дар як тафаккури авторитарӣ-тотолитарӣ қарор дошт, метавонад принсипҳои режими демократиро ба худ қабул намояд? Албатта метавонад, дар ҳолате, ки агар субъетон ва элитаи ҳукмрон онро ба таври режими ортодоксалӣ қабул намоянд ва он идеологияе, ки паҳлўҳои аввалиндараҷа ва дувуминдараҷа дорад, маҳз ба он хотире дарҷ шудаанд, ки сотсиаликунонии сиёсат ҳарчи зудтар, дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ карда шавад. Мутаасифона мо то ҳол режими демократиро на ин ки амали намудаем, балки онро сарфаҳм нарафта истодаем.

       2. Аз байн бурдани баъзе микро анъанаҳо, урфу одатҳо ва фарҳангҳои миллӣ ва ба миён оварданӣ фарҳанги ягонаи миллии Тоҷикистонӣ. Дар воқеият баъзе анъана, урфу одат ва фарҳангҳои миллии мо хосияти манфӣ доранд ва онҳо сабабгори асосии регресси давлатдорӣ мешаванд. Аз ин ҷо моро мебояд рў ба фарҳанги ягонаи миллӣ орем, ки тавонад тамаддуни моро боз ҳам васеътар намояд. Асри XXI ин муборизаи тамаддунист ва меҳвари асосии муборизаи нави олам муборизаи тамаддунҳо ба вуқўъ меояд (С. Хангтинтон). Аз ин ҷост, ки моро мебояд на ин ки паҳлўҳои сиёсию иқтисодиро рушд намоем, балки дар равандҳои глобализатсионӣ паҳлўҳои тамаддунамонро ғанитар гардонем. Зеро мо то ҳол эҳсос менамоем, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии мо фарҳангҳои зиёде арзи ҳасти доранд, ки метавонанд омили асосии гирифтани роҳи прогресс шаванд. Дар ҳолати ғани набудани фарҳанги миллӣ онро метавонад фарҳанги хориҷӣ метавон онро ғанитар ё ин ки иваз намояд (Ниг. Расми I).

       Дар шароити ҳозира, равандҳои глобализатсионӣ чунон коркард ва амалӣ шудаистодаанд, ки сари роҳи онҳоро пешгирӣ намудан имконнопазир нест. Танҳо метавон онро қабул намуда, арзишҳои фарҳангиро бо ёрии идеологияи ортодоксалӣ нигоҳ дошт. Баҳри нигоҳ доштани он бошад бояд консепсияеро қабул намуд, ки тавонад арзишҳои анъанавиро нигоҳ дорад. Зеро пояи рушди давлатдори ин: фарҳанг, ҳуввияи миллӣ ва маориф мебошад.

  1. Коркард ва таъсиснамоии револютсияи маданӣ, маънавӣ ва илмӣ. Дар рушди давлатдорӣ револютсияҳои маданӣ, маънавӣ ва илмӣ хеле муҳим мебошанд. Зеро бе ҷаҳиши амиқи тафаккури ҷомеа, ягон таълимоти сиёсиро амалӣ намудан имконпазир нест. Баҳри амалӣ намудани таълимотҳои сиёсӣ ва рушди давлатдорӣ, ки тавонанд пояи онро мустаҳкам созанд, моро мебояд соҳаи маорифро боз ҳам ҷиддитар ва мустаҳкамтар назорат (бештар ба воситаи маблағгўзорӣ) намоем. Инчунин дар самти мазкур ҳавасмандии бе воситаи муаллимон дар назар аст.

       Айни ҳол дар афкори иҷтимоии мо талаби пешрафти илмӣ ба назар намерасад, аз ин ҷо мебояд субъектони сиёсии Ҳукумати марказӣ ва минтақавӣ оиди масъалаи мазкур ҷиддӣ кор карда бароянд. Он ҳадаф ва самтҳое, ки дар боло гузашта баромадем бе таъсиснамоии револятсияи маданӣ, маънавӣ ва илмӣ амали намудан хеле мушкилтар аст. Аз ин ҷо моро мебояд на танҳо шакли давлатдориро реформа намоем, балки тафаккури омаро низ то андозае реформа намоем. Албата ин самти хеле мушкил аст, лекин он паҳлўҳои мусбӣ низ доранд.

       Баҳри сохтани давлати миллӣ моро мебояд аз марҳалаҳои ҷаҳишӣ гузашт. Ҳангоми тай намудани марҳалаҳои мазкур таҳдидҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ (нисбат ба дохилӣ зиёдтаранд) ба назар мерасад, дар чунин ҳолат моро мебояд онҳоро бо таври хирадмандона сипари ва ҳал намуд. Зеро шоирон ва мутафаккирони тоҷик асрҳои аср орзуи амали намудани ҷомеаи адолатпарварро намудаанд, ки миллати тоҷик тавонад осоишта фаъолият намояд, фурсате расидааст, ки насли нави тоҷикистонӣ ҳамаи орзуҳоро нисбатан амалӣ намояд.

             Руйхати адабиёти истифодашуда:

  1. Абдулҳақов М., Манфиятҳои миллӣ-омили меҳварии рушди давлатдорӣ.-Душанбе, 2008.
  2. Декларация независтмости.-М.:ТОО «Ла Пред», 1992.-С. 3.
  3. Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ.-Душанбе, 2006.-С. 9.
  4. Зокиров Г.Н. Давлат.-Душанбе., 2012.- С. 206-207.
  5. Зокиров Г.Н. Миллатгароӣ чист ва миллатгаро кист?//Ҳафтганҷ, 1998.-№2;
  6. Муравьёв В.Н. Национальная идея //Независмоя газета, 1993. 13 янв.
  7. Кентавр, 1994. №1.-С. 13.
  8. Политология: Словарь-справочник. Под. реда. М.А. Василик, М.С. Вершин и др.-М., 2001.-С. 277.
  9. Раҳмонов Э. Тоҷикистон даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ . Ҷилди дуюм.- Душанбе.,2001. С. 3
  10. Струв П.Б. Исторический смысл руской революции и национальные задачи//Из глубы.-М.,1990.-С.
  11. Шералӣ Л. Таърих гувоҳ аст….(Куллиёт, ҷилди 1). Хуҷанд., 2001.- С. 43
  12. The New Encyclopedia? Chicago, London, Vol.8, p. 552.
  13. The American Political Dictionary, 1993, Nint Elition, New York, p. 545

       Аннотатсия бо забони тоҷикӣ: Ғояҳои рушди давлатдории истиқлолияти Тоҷикистони муосир. Ошкор сохтани паҳлўҳои мухталифи раванди истиқлолиятхоҳи муҳим ва зарур мебошад. Аммо дар шароити Тоҷикистон барин давлати рў ба инкишоф мавриди пажўҳиш қарор додан ва роҳу воситаҳои муҳимтар мебошад. Зеро истиқлолияти комил имкон медиҳад, ки дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ давлат талаботу манфиаташро беҳтару хубтар ҳимоя намояд. Дар чунин ҳолат назар ба масъалаи роҳу воситаҳо ба дастории истиқлолияти сиёсӣ даҳҳо маротиба масъалаи дарёфти роҳҳои таҳкими он аҳамиятноктар мебошад. Доираи мухталифи андешамандон барои такмили истиқлолияти Тоҷикистон талош доранд. Зеро дар амалияи ҷамъиятии Тоҷикистон омилҳои мухталифе арзи ҳастӣ доранд, ки барои рушди истиқлоли Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ мегарданд. Мо имкони дар як вақт ҳалли тамоми он монеаҳоро надорем. Пас бояд рў ҷониби он монеаҳое овард, ки хусусияти аввалиндараҷа ва унверсалиро доро мебошад, махсусан омилҳои зерин аз худ бештар дарак медиҳанд: заифии қувваҳои мудофиавӣ; сатҳи пасти зиндагии мардум; муҳоҷирати барзиёди аҳолӣ; амалҳои коррупсионӣ; инкишофи нокифояи иқтисодиёт ва дигар масъалаҳо. Пайдоиш ва ташаккули ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Халқи тоҷик, ки дар тўли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиши то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунанд. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зорияш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ў сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сўйи хештаншиносӣ ва худогоҳи ниҳода, ба дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонанд.

       Аннотатсия на русском: Идеи развития независимой государственности современного Таджикистана. Важно и необходимо определить различные аспекты процесса независимости. Однако  в контексте такой развивающейся страны, как Таджикистан, необходимы исследования и более важные инструменты. Потому что полная независимость позволяет государству лучше защищать свои потребности и интересы в международных отношениях. В этом случае вопрос поиска путей усиления политический независимости становится в десять раз важнее, чем вопрос путей и средств достижения политической независимости. Различные круги мыслителей пытаются повысить независимость Таджикистана. Потому что в социальной практике Таджикистана существуют различные факторы, которые являются серьезным препятствием на пути развития независимости Таджикистана.  Мы не можем решить все эти препятствия сразу.  Следовательно, необходимо устранять препятствия, имеющие первичный и универсальный характер, особенно следующие факторы: слабость сил обороны;  низкий уровень жизни;  чрезмерная миграция населения;  коррупционные действия;  неразвитость экономики и другие вопросы.  Происхождение, формирование и самобытность каждого народа и нации определяются его историей и судьбой на разных этапах истории.  Таджикский народ, много пострадавший на протяжении истории, также определяет свои победы и поражения с момента своего возникновения до наших дней на весах истории.  Это естественно.  Потому что история – это зеркало, в котором мы видим положение наших предков в ходе истории во всем ее великолепии и унижении, понимаем красоту его творчества и тем самым делаем шаг к самопознанию и самосознанию, определяя будущее нашей страны и народа.

       Аннотасия на анлиском: Ideas for the development of the independent statehood of modern Tajikistan.  It is important and necessary to identify the various aspects of the independence process.  However, in the context of a developing country like Tajikistan, research and more important tools are needed.  Because full independence allows the state to better and protect its needs and interests in international relations.  In this case, the issue of finding ways to strengthen political independence is ten times more important than the issue of ways and means to achieve political independence.  Different circles of thinkers are trying to improve the independence of Tajikistan. Because in the social practice of Tajikistan there are various factors that are a serious obstacle to the development of Tajikistan’s independence.  We are not able to solve all those obstacles at once.  Therefore, it is necessary to address the obstacles that are of a primary and universal nature, especially the following factors: the weakness of the defense forces;  low living standards;  excessive population migration;  corrupt practices;  underdevelopment of the economy and other issues.  The origin, formation and identity of each people and nation are determined by its history and destiny at different stages of history.  The Tajik people, who have suffered a lot throughout history, also determine their victories and defeats from the time of its emergence to the present day on the scales of history.  This is natural.  Because history is a mirror in which we see the position of our ancestors in the course of history with all its splendor and humiliation, understand the beauty of his work, and thus take a step towards self-knowledge and self-awareness, defining the future of our country and people.

       Калидвожаҳо:Истиқлолият, истиқлолияти миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ, манфиатҳо, мадернизатсия, давлати миллӣ, реформа, режими демократӣ, миллатгароӣ.

 

Абдуллоева Л. – ассистенти кафедраи ҷомеашиносии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Сӯҳбат пӯшида аст.