logo

Факултети молия ва қарз

Декани факултет: Сафоев Абдумаҷид Каримович номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, ошёнаи 1.
Тел.:  +992 907733247
Почтаи элекронӣ: safoev@list.ru

 

Маълумот оиди факултет

Факултети молия ва қарз (ФМҚ) дар натиҷаи иваз гардидани сохтори таркибии донишкада ва муттаҳид шудани якчанд ихтисосҳо бо фармони ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат арзи вуҷуд дошта, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгўй ба талаботи замони муосир нақши хеле калонро соҳиб мебошад.

       Факултети молия ва қарз яке аз сохторҳои  пешбари таълимии фаъолияти донишкада маҳсуб ёфта, стратегияи амиқи тайёр намудани  мутахассисони баландпояи соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, молия ва қарз, кори бонкӣ, менеҷменти молиявӣ, андоз ва андозбандӣ ва иқтисодиёти молиявӣ ва бонкиро  ба роҳ мондааст. Чунончи аз рушди иқтисоди миллӣ бар меояд, талабот ба мутахассисони соҳаҳои зикргардида мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ  мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён мегузорад.

       Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи самтҳои омодасозии бакалаврият ва магистрҳо аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

Номгӯи ихтисосҳои мавҷудбуда дар факултети

 

       Раванди таълиму тарбияро дар факултет 4 кафедра роҳандозӣ менамояд, ки аз инҳо як кафедраи ғайритахассусӣ мебошанд:

  • Иқтисодиёти ҷаҳон;
  • Молия ва қарз;
  • Фаъолияти бонкӣ;
  • Забонҳои хориҷӣ.

       Аксар устодони ҷавони донишкада хатмкардагони факултет ба ҳисоб мераванд. Факултети молия ва қарз бо устодони доимию ҳамкорон, пойгоҳи хеле хуби таълимӣ, аз ҷумла бо тамоми шароитҳои моддӣ-техникии таълим муҷаҳҳаз буда, шароити таълиму тадрис тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 4 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи методии ба кафедраҳо мансуб, 18 синфхонаи лексионии бо проектор ва тахтаҳои электронӣ насбгардида. Умуман, тамоми шароити таълимӣ ва имкониятҳои таҳсил барои донишҷӯён дар факултет муҳайё карда шудааст. Раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати омода намудани мутахассисон, тамоми имконоту захираҳоро фаровон истифода намояд.

       Дар факултет машғулиятҳо танҳо дар шакли таҳсили рўзона ба роҳ монда шудааст. Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар факултет донишҷўён дар гурўҳҳои шакли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба дарс фаро гирифтаанд.

       Дар факултет 36 гурўҳҳои таълимӣ-академӣ (ГТА) вуҷуд дорад, ки аз курсҳои 1 то 4 ба дасромўзӣ машғуланд. Курсҳои 1-ум – 12 гурўҳ, курсҳои 2-юм – 11гурўҳ, курсҳои 3-юм – 7 гурўҳ ва курсҳои 4-ум 6 гурўҳ. Ҷамъ дар факултет 875 нафар донишҷўён мавҷуд мебошад.

       Қайд кардан зарур аст, ки дар аввали соли таҳсили 2020-2021 дар факултети молия ва қарз дар маҷмўъ теъдоди устодон 54 нафарро ташкил мекунад, ки аз онҳо 1 нафар профессор, 16 нафар номзадони илм, дотсентон, 19 нафар омўзгорони калон ва 18 нафар ассистентон мебошанд. Яъне зиёда аз 31,5% устодон дорои унвони илмӣ мебошанд.

       Мақомоти олии идоракунии факултет Шўрои олимон мебошад, ки аз 11 аъзо иборат мебошад. Дар ҷаласаҳои Шўрои олимони факултет масоили рўзмаррае, ки бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилӣ-тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, баррасӣ карда мешаванд.

       Дар ҳамаи кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён амал мекунанд, ки шумораи зиёди донишҷўёнро доир ба ин ё он фан муттаҳид месозанд. Дар вақтҳои озод донишҷўёни факултет имконият доранд, ки дар толори варзиш ва майдончаҳои варзишии донишкада ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.  Қайд намудан зарур аст, ки якчанд донишҷўёни факултет дар дохили мамлакат ва берун аз он дар риштаҳои бокс ва самбо машҳур буда, қадамҳои нахустини худро аз донишкада шурўъ намуданд.

       Сатҳи хуби таҳсил ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмӣ, ҳамчунин ширкат дар чорабиниҳои мухталифи таълимӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ  ба баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва омодашавии касбии донишҷўён мусоидат менамояд. Бинобар ин, аксар донишҷўён аз курсҳои 2-юм ва 3-юм шурўъ намуда, бо ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд ва дар оянда ба кор низ қабул мешаванд.

       Хатмкардагони ин факултет дар ташкилотҳои бунуфузи ватаниву байналмилалӣ аз қабили «Хазинаи Амонат», «Shelter for use», «Кумитаи Салиби Сурх», «КЭА Интернэшнл», «СММ», «Бунёди Оғохон», «Бонки Умумиҷаҳонӣ», «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ», «Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон» кору фаъолият менамоянд.

ТАЛАБОТҲО НИСБАТИ МУТАХАССИС:

  • донистани ду забони хориҷӣ;
  • дарки амиқи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
  • дониши технологияи компютерӣ;
  • малакаи кофии дипломатӣ ва одоби муоширати касбӣ;
  • қобилияти хуби таҳлили равандҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ
Ҳайати деканат

Раванди таълим дар факултет аз ҷониби деканати факултет идора карда мешавад, ки ба ҳайати он декан – Сафоев А.К., муовини декан оид ба таълим – Салимов М.С. ва муовини декан оид ба тарбия – Сайфиддинзода С.С., инчунин мудирони кафедраҳои факултет (чор нафар – Эмомов И.Б., Исмоилов А.А., Алишоев Х.Ҳ. ва Ҷумъаев Б.М.), раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет, раиси Иттифоқи касабаи кормандони факултет ва ҳуҷҷатгузор шомиланд.

Декани факултет: Сафоев Абдумаҷид Каримович номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, ошёнаи 1.
Тел.:  +992 907733247
Почтаи электронӣ: safoev@list.ru

 

Салимов Манучеҳр Сайдуллоевич — ҷонишини декан оид ба таълим

Тел.: 900800339

Почтаи элекронӣ:

 

 

Сайфиддинзода Самариддин Сайфиддин — ҷонишини  декан оид ба тарбия

Тел.: 901111771

Почтаи элекронӣ:

 

 

Эмомов Исматулло Боронович — мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Почтаи элекронӣ: iemomov@mail.ru

Тел.: 918-68-08-21

 

 

Исмоилов Абдураҳим Аҳмадович — мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент

Почтаи элекронӣ: a_ismoilov@mail.ru

Тел.: 907-75-56-55

 

 

Ҷумаев Баҳоваддин Маҳмадназарович — мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Почтаи элекронӣ: j_bahoviddin@mail.ru

Тел.: 934-88-86-70

 

 

Алишоев Хуршедшоҳ Ҳасратшоевич- мудири кафедраи молия ва андозбандӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент 

Почтаи элекронӣ: akhurikshoh@mail.ru

Тел.: 918-63-78-40

 

 

Азизова Бибишаҳноза — ҳуҷҷатгузори факултет

 Тел.: 934-65-01-11

 

 

 

Фаъолияти таълимии факултет

        Ташкили раванди таълим дар факултети молия ва қарз, фаъолияти ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ ва сохторҳои таркибии донишкадаро дар бар мегирад ва дар чунин самтҳо кор пеш мебарад:

  • доир ба банақшагирии раванди таълим;
  • доир ба ташкили корҳои таълимӣ;
  • доир ба назорати раванди таълим.

       Банақшагирии раванди таълим дар факултети молия ва қарз дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ доир ба барномаҳои таълимии амалишаванда (ихтисосҳо), ки аз тарафи  Шўрои илмӣ-методии донишкада таҳия карда мешавад, амалӣ мегардад. Нақшаҳои кории таълимии амалкунанда аз рўи номгўи фанҳо, намуди машғулиятҳои таълимӣ ва ҳаҷми соатҳо ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгў мебошад.

        Фонди аудитории факултет аз 18 синфхонаҳои таълимӣ иборат мебошад, ки аз онҳо 4 синфхонаи компютерӣ ва 14 синфхонаи бо таҷҳизоти мултимедиявӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар факултет низоми кредитии таҳсилот пурра фаъол буда, дар шуъбаи рўзона 36 гурўҳҳои таълимӣ-академӣ дар ду баст таҳсил менамоянд.

        Пас аз хатми зинаи бакалавриат хатмкунандагон имкон доранд, ки таҳсили худро дар зинаи магистратура аз рӯи равияҳои1-250103.00-«Иқтисодиёти ҷаҳон»,  1-250104.00-“Молия ва қарз”, 1-250104.02-“Менеҷменти молиявӣ” 1-250104.02-“Андоз ва андозбандӣ” ва 1-250104.02-“Кори бонкӣ” давом диҳанд. Инчунин, хатмкунандагони зинаи мазкур метавонанд дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси 6-D050600-Иқтисодиёт (PhD) таҳсили худро идома диҳанд.

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултет

       Кафедраҳои факултет дар раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба самти фаъолияти худ муаммоҳои гуногуни илмиро мавриди омўзиш ва ҳаллу фасл қарор додаанд.

       Ҳайати устодону профессорони факултети молия ва қарз корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар асоси Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ барои солҳои 2016-2020 пеш бурда истодаанд.

       Имрўз дар факултет 54 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 16 нафар номзадҳои илм, 19 нафар устоди калон ва 18 нафар ассистент мебошанд. Яъне зиёда аз 31,5% устодон дорои унвони илмӣ мебошанд. Ба факултет 6 нафар аспирант вобаста карда шудаанд, ки аз онҳо Худоёров Ш., Хидиралиев Р., Эмомов М., Баҳромов Ф., Юсупова З., дар арафаи ҳимояи асосии рисолаҳои номзадӣ мебошанд.

Шумораи ҳайати илмӣ-педагогии факултети молия ва қарз

       Равияи илмии факултет «Инкишофи соҳибкории хурду миёнаи инноватсионии истеҳсолӣ дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, иҷрокунандагони он асосан кафедраҳои зертобеи факултет мебошанд ва дар доираи мавзўи мазкур онҳо дар чунин самтҳо корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд:

       Равияи илмии кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон «Проблемаҳои  ташаккулёбӣ  ва рушди  соҳибкории байналмилалии  инноватсионӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» мебошад.

       Дар кафедраи молия ва андозбандӣ устодон аз рўи мавзўи ягонаи «Рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ, ҳамчун омили инноватсионии пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд.

       Равияи илмии кафедраи фаъолияти бонкӣ «Инкишофи низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар соҳаи саноат» ном дошта, устодони кафедра дар доираи он корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд.

       Кафедраи забонҳои хориҷӣ низ гарчанде кафедраи умумидонишкадавӣ аст мавзўи ягонаи илмии худро дар самти «Роҳҳои такмили усулҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар ихтисосҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ» ба роҳ мондааст ва устодон вобаста ба ин самт корҳои илмӣ-тадқиқотиро давра ба давра иҷро менамоянд.

       Ҳайати устодону профессорони факултет на танҳо дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ саҳми назаррас доранд, балки фаъолияти онҳо дар самти иҷроиши корҳои илмӣ-методӣ низ намоён мебошад. Аз ҷумла, нашри васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, курси лексияҳо, дастурҳои методӣ, монографияҳои илмӣ ва амсоли инҳо аз номгӯи корҳои илмӣ-методии онҳо мебошад.

       Бояд қайд намуд, ки дар соли 2019 тибқи ҳисобҳои таҳлилии Қисми илм ва инноватсия нишондиҳандаҳои факултет нисбат ба дигар факултетҳо пешсаф буд ва аз тарафи устодони факултет як қатор корҳои илмӣ ва илмӣ-методи ба анҷом расонида шуд.

       Боиси қайд аст, ки аз тарафи ҳайатӣ илмӣ-педагогии факултет 8 адад монография, 4 адад васоити таълимӣ, 5 адад дастурҳои таълимӣ, 178 адад мақолаҳои илмӣ, 45 адад мақолаҳои тақризшаванда, 25 адад мақолаҳои байналмилалӣ ва 22 адад мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нашр расонида шуд.

      Бояд қайд намуд, ки дар назди ҳар як кафедра семинарҳои илмии устодон амал мекунанд, ки онҳо тибқи нақшаҳои кории кафедраҳо фаъолият доранд. Ҳар як устод дар давоми сол ақаллан як маротиба дар ин семинар баромад карда, доир ба корҳои илмӣ-тадқиқотии ба сомон расонидааш гузориш медиҳад.

       Дар факултет 4 маҳфили назди кафедраҳо барои тақвият додан ва баланд бардоштани малакаи донишомўзии донишҷўён фаъолона амал менамояд, ки ҳар моҳ тибқи нақшаи қабулгардида гузаронида мешавад.

       Дар факултет дар соли 2020 Хидиралиев Р., Имомов М., Баҳромов Ф. Ва Худоёров Ш.Х. ҳимояи кафедравии рисолаи номзадиашонро гузаштанд ва умед аст, ки дар соли 2020 ва аввали 2021 дар Шуроҳои диссертатсионии мувофиқ ҳимояи рисолаҳояшонро ба роҳ мемонанд.

       Инчунин, ҳар як кафедра мувофиқи ихтисосҳои вобасташуда маҳфилҳои илмии донишҷўёнро доранд, ки дар онҳо донишҷўён вобаста ба мавзўъҳои мухталиф дар доираи ихтисоси худ маърўзаҳо карда, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро сайқал медиҳанд.

Корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва ғоявию сиёсӣ

       Корҳои тарбиявӣ дар факултети молия ва қарз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шуда, ба тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст.

       Дар нақшаи корҳои тарбиявии факултет чорабинии ташкилӣ-тарбиявӣ, чорабиниҳои ғоявӣ-сиёсӣ ба нақша гирифта шудааст. Чорабиниҳои тарбиявии банақшагирифташуда ба он равона карда шудаанд, ки савияи дониш ва маданиятнокии донишҷўёнро баланд бардоранд ва барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намоянд.  Корҳои тарбиявиро дар факултет ҷонишини декан оид ба тарбия дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии факултет Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи кормандон, Шўрои бонувон, Шўрои сарпарастони гуруҳҳои-академӣ  иҷро менамоянд.

    Пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ-академӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маданияти донишҷӯён дар самтҳои зер ба роҳ монда шудааст:

— Гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида;

— Назорати риояи талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ;

— Кор бо волидайни донишҷӯён дар самти иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён;

— Тарбия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим;

— Иштирок дар чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ, ғоявӣ-сиёсӣ ва ахлоқию маърифатӣ;

— Пешгирӣ намудани ҳолатҳои майлкунии донишҷӯён ба ҳаракатҳои динии экстремистӣ;

— Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз он ҷумла омилҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда;

— Ташкили вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти қудратӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён;

— Тамошои намоишҳои театрӣ, филмҳои тарбиявӣ;

— Боздид аз осорхона ва дигар ҷойҳои таърихии мамлакат ва ғайра.

       Тибқи нақшаи тасдиқшудаи тарбиявии факултет 17 чорабиниҳои ташкилӣ — тарбиявӣ, 83 чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ  ва 20 масъалаҳои аҳамияти тарбияви дошта, пешбинӣ шудааст, ва дар ҷаласаҳои Шурои ҳамоҳангсозии қисми тарбия  ва ҷаласаҳои деканати факултет гузошта шудаанд ва он чорабиниҳое, ки дар нимсолаи аввали соли хониш ба нақша гирифта шудаанд иҷро карда шуданд.

       Мувофиқи нақша ба 83 чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ дохил мешавад: 22 чорабинии тарбияи ғоявӣ, 6 чорабинии тарбияи миллӣ, 3 чорабинии хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, 6 чорабинии тарбияи сиёсӣ, 9 чорабинии тарбияи ватанпарастӣ, 3 чорабинии ахлоқию маънавӣ, 3 чорабинии тарбияи таҳамул ва тоқатпазирӣ, 2 чорабинӣ оид ба тафаккури интиқодӣ, 3 чорабинии тарбияи масъулиятшиносӣ, 3 чорабинии тарбияи маърифатӣ-фарҳангӣ, 2 чорабинии тарбияи гуманистӣ, 3 чорабинии тарбияи зебопарастӣ, 3 чорабинии тарбияи ҳуқуқӣ, 2 чорабинии тарбияи иқтисодӣ, 4 чорабинии тарбияи экологӣ, 5 чорабинии тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим, 4 чорабинии тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ.

       Дар факултет 26-гурӯҳи таълимӣ – академӣ таҳсил менамояд, ки аз онҳо 8 — гурӯҳ дар курси якум, 8 — гурӯҳ дар курси дуюм, 6 — гурӯҳ дар курси сеюм ва 4 — гурӯҳ дар курси чорум мебошанд. Дар гуруҳои таълимӣ-академии факултет 15 нафар устодон сарпараст таъин карда шудаанд, ки ҳар ҳафтае як маротиба дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шуда дар журнали гурӯҳҳо қайд карда мешаванд. Аз аввали моҳи сентябри соли 2019 журналҳои гуруҳҳои таълимӣ – академӣ назорат карда мешавад ва ҳар ҳафта як маротиба ҳамаи журналҳо аз назар гузаронда мешавад ва ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда мешавад.

       Иқдоми хуби факултетро мебоист қайд намуд, ки аз тарафи садорати факултет “Раҳматнома” бо мўҳри декан омода карда шудааст, ки баъд аз супоридани ҳамаи имтиҳонҳо ба донишҷўёни аълохон ва барои волидайни онҳо ҳамчун рамзи ифтихорманди аз донишҷў дар ҳузури декан, муовинон, куратор ва гурўҳ супорида мешавад.

       Донишҷуёни факултет дар ҳамаи чорабиниҳои баргузоргардидаи донишкадавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намудаанд, махсусан донишҷў-духтарон бо либосҳои миллӣ.

       Лозим ва ёдоврист, ки дар давоми сол аз тарафи донишҷуён 279  адад ариза барои бо мўҳлат ва сабабҳои гуногун аз дарсҳо ҷавоб гирифтан, 43 адад ариза бинобар сабаби бемор будан (33 адад маълумотномаи тибби ва 10 адад бо тасдиқи ҳамшираи шафқати донишкада), 108 адад баёнот ворид гардидааст, ки аз онҳо: 42 — баёнот оид ба истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди дарсҳо, 20 — баёнот оид ба иштирок накардан дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, 45 — баёнот оид ба бо риши расида ва мўйи сари баланд ва 1-баёнот оиди аз болои забори донишкда паридан. Ҳамзамон аз тарафи донишҷуён 3 адад гузориш ва аз тарафи устодони дарсдиҳанда 3 адад гузориш нисбати донишҷўён ворид гардидааст.

Бинобар сабаби вайрон кардани тартиботи дохилии донишкадавӣ (риши расида, дермонӣ ва дарсшиканӣ ба дарсҳо), ба 67 нафар донишҷўён танбеҳ (дарсшиканӣ, муносибати дағалона намудан) ва 38 нафар донишҷуён хориҷ гардиданд.

       Бояд қайд намоям, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсил бо волидайни 63-нафар донишҷўён суҳбат гузаронида шуда, аз ҳолу вазъияти фарзандонашон дар донишкада бохабар гардонида шуд. Аз натиҷаи суҳбати 63–нафар волидайн 41– нафараш дар дафтари бақайдгирии факултет ва 22– нафараш дар дафтарҳои бақайдгирии сарпарастони гурўҳҳои таълимӣ – академӣ қайд гаштааст.

       Дар факултет 11-нафар донишҷўи бепадар, 2-нафар бемодар ва 1 нафар ятими кул таҳсил мекунанд. Донишҷўёни факултет дар ҳамаи мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Робитаҳои берунаи факултет

       Факултет бо дигар кафедраҳои макотиби олии кишварҳои узви ИДМ (Россия, Қазоқистон, Қирғизистон) ва Ҷопон ҳамкории зич дорад. Аз он ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москва, Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Лутски Украина, Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Руссия,   Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.С. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии – Мактаби олии иқтисодиёт (ГУ-ВШЭ) ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо ҳамкорӣ барпо намудааст.