logo
  • 7
  • 30.03.2021
  • Comments Off on Лоиҳаи барномаи грантии озмуни ”Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкада”

Лоиҳаи барномаи грантии озмуни ”Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар Донишкада”

Маълумоти умумӣ:

       Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015  ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.

      Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, №12/1-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ  Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таълимии  электронӣ  дар донишкада

Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа:

     Мақсади лоиҳа: Баланд бардоштани сифати таълим тавассути ташаккули муҳити ягонаи таълимии электронӣ ва татбиқи босуръати ТИК дар раванди таълим.

Вазифаҳои лоиҳа:

* Таъсиси фазои ягонаи иттилоотии донишкада.

* Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои идомаи таълими касбии омўзгорон ва фаъолсозии ҷараёни таълим.

* Фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги иттилоотии донишҷўён; рушди технологияҳои таълими фосилавӣ;

* Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти муштараки “оила ва донишгоҳ” ва “корфармо ва донишгоҳ” тавассути фазои ягонаи иттилоотӣ.

Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият:

 Қисмати 1. Ташкили шабакаи ягонаи  ва дастрасӣ ба Интернет. Сохтани системаи ҳимояи иттилоот аз дастрасии беиҷозат. Ҷузъи мазкур тавассути амалҳои зерин иҷро карда мешавад: (1) таҳлили вазъият ва арзёбии эҳтиёҷот; (2) харидории таҷҳизот; (3) насб ва ба кор даровардан; (4) озмоиш ва озмоиши осебпазирӣ.

 Қисмати 2. Насб ва пешбурди барномаи “УНИВЕРСИТЕТ”, ташкили пойгоҳи иттилоотии донишгоҳ. Насб ва роҳандозӣ(1).

 Қисмати 3. Ташкили омўзиш ва бозомўзии омузгорон оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таҳсилоти касбӣ. 1. Таҳия ва тасдиқи ҷадвал; 2. Таълим: Кормандони маъмурӣ; Пешвоён; Профессорону устодон.

 Қисмати 4. Ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ барои ҳамаи қисматҳои донишкада (омўзгорон, донишҷўён, синфхонаҳо, захираҳои техникӣ ва моддии ҷараёни таълим, нақшаҳои таълимӣ ва маводҳо). Фаъолиятҳо: 1. Анҷом додани барномаи таълимӣ; 2. Маълумот дар бораи омўзгорон ва донишҷўён; 3. Иттилооти пурра дар бораи аудитория ва логистика.

 Қисмати 5. Ташкили идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ дар донишкада. Чорабиниҳо: 1. Пур кардани ҷадвал ва маводи таълимӣ; 2. Мониторинги маҷаллаҳо ва рўзномаҳо; 3 Таҳлили талаботҳои оянда ба таҳияи модулҳо ва ҷузъҳои системаҳо ва хадамот.

 Қисмати 6. Таҳияи системаҳои мавҷуда, таҳияи модулҳои зарурӣ ва ҷузъҳои система, инчунин ҳамгироии ҳама хадамоти асосӣ, ки барои таъмини ҷараёни таълимии

институт ва автоматикунонии пурраи раванди таълим заруранд. Фаъолият: 1. Тарроҳии система; 2. Таҳияи љузъҳои нав

Қисмати 7. Бозомўзии кадрҳо барои таълими фосилавӣ (ТФ) барои ҳама (кормандони маъмурӣ, роҳбарият, профессорҳо, омӯзгорон, донишҷӯён).

Қисмати 8. Мутобиқсозии маводи омўзишӣ, такмилдиҳӣ ва технологияи ташкили ТФ. Барои ҳама кор.

Қисмати 9. Таҳияи стандартҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ дар самтҳои “1-40010104 – Амнияти иттилоотӣ” ва “1-400101.08 – Коркарди барномавӣ”.

Муҳлати татбиқи лоиҳа:

Оғози лоиҳа:           25 сентябр 2019с.

Анҷоми лоиҳа:        25 сентябр 2021с.


Сӯҳбат пӯшида аст.