logo
  • 14
  • 27.03.2021
  • Comments Off on Маълумот оиди Раёсат

Маълумот оиди Раёсат

Ҷураев Шоҳрух Неъматович – сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДССХ

Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1
Тел: +992 918781078; +992 93 500 288

П. электронӣ: Shohrukh7916@gmail.com

       Раёсати  кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат воҳиди таркибии сохтори донишкада буда, барои ҳали вазифаҳои амалии худ дар доираи салоҳиятҳое, ки Оинномаи донишкада муқаррар кардааст, масъул мебошад.

       Сардори раёсати  кадрҳо ва корҳои махсус ба ректори донишкада итоат мекунад.

       Раёсати  кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъолияти худро дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи донишкада ва низомнома ва дигар санадҳои меёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ месозад.

       Сохтор ва теъдоди воҳидҳои кории раёсати  кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро тибқи тартиби муқарраргардида ректори донишкада муайян ва тасдиқ мекунад.

       Вазифаҳои асосии кормандони раёсати  кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ташкили низоми самараноки идоракунии кадрҳо, фароҳамоварии шароитҳои мусоид барои фаъолияти ташаббускорона ва эҷодкоронаи профессорону омўзгоронро бо дарназардошти хусусиятҳои инфиродӣ ва малакаҳои касбии онҳо дар асоси сиёсати кадрии корхона бо ҳавасмандгардонии моддию маънавии онҳо ба роҳ мемонад.

       Мақсади асосии фаъолияти раёсати  кадрҳо, корҳои махсус, бойгонии донишкада ин баланд бардоштани савияи касбӣ, ҳифзи солимӣ ва таъмини бехатарии ҳар як корманд мебошад.

       Фаъолияти раёсати  кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин равона карда шудааст:

  • мувофиқати касбии ҳар як корманд ба вазифаи ишғолкардааш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд.
  • муайян намудани талаботи ҷорӣ ва банақшагирии талаботи дурнамо оид ба кадрҳо, қонеъ гардонидани онҳо дар асоси сохторҳои иҷтимоию демографӣ, касбию тахассусии кормандон, тарбияи мутахассисон бевосита дар муассисаҳои таълимӣ.
  • таҳияи низоми ишѓоли мансабҳо ва ҷойҳои корӣ, истифодаи усулҳои илмии омўзиши сифатҳои корӣ ва касбии кормандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии болоравии тахассуси онҳо.
  • ташкили захираи амалкунандаи кадрҳо дар тамоми зинаҳои идоракунӣ ва мақсаднок тайёр кардани онҳо аз рўи нақшаи алоҳида.
  • таҳия ва ҷорӣ намудани низоми илман асоснок барои пешравии вазифавӣ ва тахассусии бо кафолатҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд, ки саҳми ҳар як корманд, давомоти кори ў ва омилҳои дигарро дар бар мегирад.
  • иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омўзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамоюли таѓйирёбии ҳайати кадрӣ, коркард ва пешниҳоди чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи кормандон.
  • таҳияи сохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ва интихоби кормандони мувофиқ барои кор бо кадрҳо.
  • тадқиқоти илмию методӣ ва таъмини иттилооти кории кадрҳо, истифодаи дастовардҳои сотсиологӣ, психологӣ ва илмҳои дигар дар кор бо кадрҳо.
  • таҳлили мунтазами ҳолати кор бо кадрҳо, татбиқи мониторинги касбӣ дар донишкада ва таклифу пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани сифати кор дар ин самт.
  • назорати иҷрои санадҳои меёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои кадрӣ.
  • таҳия ва пешниҳод намудани реҷаи озмуни ишѓоли вазифаҳои ҳайати профессорону омўзгорон ва мудирони кафедраҳо.
  • баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо ва пешниҳоди ҳисоботи муқарраршуда, пешбурди манбаи маълумотҳои захиравии ҳайати шахсӣ, ҷорӣ кардани шаклҳои замонавии идоракунӣ.
  • мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди корӣ дар муассиса.


Сӯҳбат пӯшида аст.