logo

Менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ

Мудири кафедра: Раҳимов Олимхуҷа Нусратович — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии № 02, утоқи 16.

Тел.: (+992) 934-08-33-38

 E-mail: raximov7575@mail.ru

 

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

Кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ дар заминаи кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ бо Фармоиши Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз 31-уми августи соли 2019, таҳти № 153 таъсис дода шудааст.

Кафедра фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2017, таҳти № 3/13), «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2016, таҳти № 19/24) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, мувофиқи корҳои банақшагирифташудаи таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ тарбиявӣ амал мекунад.

Устодони кафедра аз рӯи равияи илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодаанд, ки дар натиҷаи он монографияҳо, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва як қатор мақолаҳои илмиро аз чоп мебароранд.

Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.

Хулоса, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони ояндаи соҳаи идоракунии молиявӣ ва андозбандӣ мутобиқ ба талаботи муосир кафедра бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он, инчунин кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Русия ҳамкорӣ дорад.

Ихтисосҳои кафедра

Кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ кафедраи тахассусӣ  буда, аз рӯи ихтисосҳои 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ» ва 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ» мутахассис омода месозад.

Ихтисоси 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ» яке аз ихтисосҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, мутахассисони оянда баъди азхуд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ оиди методологияи андозбандӣ метавонанд бевосита дар таъмини риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва тадбиқи сиёсати андозӣ, такмилдиҳии маъмурикунонии андоз, таҳия ва тадбиқи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, инчунин бо мақсади таъмини воридоти пурра ва саривақтии андозҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ҷамъоварӣ, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтнамоии андозҳо дар мақомоти андоз ва дигар корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ба кору фаъолият машғул шаванд. Азбаски буҷети давлатӣ аз андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ вобастагӣ дорад, дар шароити муосир саҳми мутахассисони соҳаи андоз ҷиҳати идоракунии банақшагирӣ, танзимкунӣ ва назорати селаҳои андозӣ нақши муҳим ва ҳалкунандаро мебозанд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ донистани асосҳои ташкили муносибатҳои андозӣ ва идоракунии он барои роҳбарон, кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ, шаҳрвандон, инчунин соҳибкорони хурду миёна ҳатмӣ мебошад. Маҳз чунин ҳолат талаботро ба мутахассисони дорои дараҷаи баланди маҳорату малакаи касбӣ дар соҳаи андоз ва андозбандӣ меафзояд.

Ихтисоси 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ» яке аз ихтисосҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, мутахассисони оянда баъди аз худ намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ оиди методологияи идоракунӣ метавонанд бевосита дар таъмини рушди устувори субъектҳои иқтисодӣ кору фаъолият намоянд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ яке аз шартҳои муҳимтарини таъмини рушди устувори корхона ва ташаккули натиҷаҳои максималии ниҳоии фаъолияти молиявии он мавҷудияти низоми самараноки бехатарии молиявӣ буда, мундариҷаи онро таҳия ва тадбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои молиявӣ аз таҳдидҳои дохилию берунӣ ташкил медиҳад.

Таҳдидҳо ба манфиатҳои молиявӣ дар тамоми давраҳо омили объективӣ ва ба таври доимӣ амалкунанда (таъсиррасонанда) мебошад. Аз ин лиҳоз, талаб карда мешавад, ки менеҷер оид ба молия чунин таҳдидҳоро ба ҳисоб гирифта, ба онҳо диққати махсус диҳад. Дар шароити рақобатнокӣ, ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодиёт бо назардошти ноустувории баланди омилҳои дохилию берунии муҳити амал намудани субъектҳои иқтисодиёт ва тадбиқи сиёсати молиявӣ аз ҷониби аксарияти иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ муҳим будани ташкили низоми самараноки идоракунии молиявӣ воқеан афзун гардида истодааст.

Таҷрибаи даҳсолаи охир гувоҳи он аст, ки вуҷуд надоштани низоми самараноки идоракунии молиявӣ яке аз сабабҳои нисбатан вусъатёфтаи буҳрони молиявӣ мебошад. Маҳз чунин ҳолат талаботро ба мутахассисони дорои донишу маҳорати баланди касбии арзёбикунандаи вазъи молиявӣ ва муҳити молиявии мусоид, технология ва воситаҳои муосири молиявии дар таҷрибаи хориҷии идоракунии молия истифодашаванда, фалсафаи молиявии муосир ва маърифати молиявии ин намуди фаъолияти идоракунӣ, таҳияи қарорҳои идоракунӣ ва асосноксозии интихоби онҳо аз рӯи меъёри самаранокӣ афзун мегардонад.

Ҳайати устодони кафедра
Маълумот вуҷуд надорад!
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

Равияи назариявии кори илмӣ-тадқиқотии кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ «Рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ ҳамчун омили инноватсионии пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ» ва илмӣ-тадқиқотӣ «Проблемаҳои идоракунии молиявӣ ва дурнамои сиёсати андозӣ – ҳамчун заминаи рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ» буда, дар ин самт аз ҷониби устодони кафедра чунин масъалаҳо мавриди тадқиқот қарор дода шуда истодааст:

— механизми амалигардонии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муаммоҳои низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои мукаммалгардонии он дар шароити муосир;

— механизми такмилдиҳии маъмурикунонии андоз дар сатҳи маҳал;

— нақши корхонаҳои давлатӣ дар рушди иқтисодиёти муосир: тамоюл ва дурнамо;

— раванди самаранок истифодабарии сармояи хориҷӣ ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ташаккул ва такомули низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба равияи назариявӣ ва мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра устодон мақолаҳои илмии худро таҳия намуда, дар семинару конфронсҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дастовардҳои илмӣ-методии кафедра

Яке аз самтҳои асосии фаъолияте, ки устодони кафедра бо он машғуланд, анҷом додани корҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим аз ҷониби устодони кафедра воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ омода гардонида шудааст, ки дар раванди фаъолияти амалӣ, инчунин дар раванди таълими донишкадаю донишгоҳҳои олӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Натиҷаи корҳои таълимӣ-методӣ

  1. Исломова З.С., Мизробов С.С., Андоз ва андозбандӣ, Васоити таълимӣ, Душанбе: «Деваштич», 2013 – 146 саҳ.
  2. Исломова З.С., Мизробов С.С., Андоз ва андозбандӣ (шарҳи мухтасари мафҳумҳо), Васоити таълимӣ, Душанбе 2014, 90 саҳ.
  3. Исломова З.С., Мизробов С.С., Юсупова З.И., Бюджетно-налоговая политика: состояние, проблемы и перспективы развития, Монография, «СИ Ахмедов Рузӣ», Душанбе 2014. – 130 стр.
  4. Исломова З.С., Мизробов С.С., Шарҳи мухтасари мафҳумҳо аз фанни «Андоз ва андозбандӣ», Дастури методӣ, «СИ Ахмедов Рузӣ», Душанбе: ДСХ, 2014. – 88 саҳ.
  5. Исломова З.И., Мизробов С.С., Юсупова З.И., Дастури методӣ оид ба навиштани рисолаи тахассусии хатм барои донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои «Молия ва қарз» ва «Андоз ва андозбандӣ», Душанбе 2014, 32 саҳ.
  6. Баҳромов Ф.Б., Барномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ», Дастури методӣ, Душанбе, 2015. – 56 саҳ.
  7. Исломова З.С., Мизробов С.С., Дастури методӣ доир ба иҷрои кори курсӣ аз фанни «Андоз аз шахсони ҳуқуқӣ» барои донишҷӯёни ихтисоси 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ», Душанбе 2016. – 32 саҳ.
  8. Садриддинов М.И., Ершов Ю.С., Бахромов Ф.Б., Финансовая математика, Учебное пособие, Душанбе: ИПС, 2018. – 244 саҳ.
  9.  Садриддинов М.И., Юсупова З.И., Баҳромов Ф.Б., Имомов М.Қ., Хидиралиев Р.З., Шарҳи мухтасари мафҳумҳо аз фанни «Молия», Дастури методӣ, Душанбе: ДСХ, 2018. – 152 саҳ.

Семинари илмӣ-назариявӣ ва маҳфили илмии кафедра

Дар назди кафедра семинари илмӣ-назариявӣ амал мекунад, ки роҳбарии он ба зиммаи устоди калон Баҳромов Ф.Б. вогузор гардидааст. Тибқи нақшаи семинар, ки яке аз қисмҳои таркибии нақшаи кории кафедраро ташкил медиҳад, моҳе як маротиба ҷаласа баргузор мегардад ва дар он устодон бо маърӯзаҳои худ вобаста ба мавзӯҳои илмӣ-тадқиқотиашон баромад менамоянд.

Дар баробари ин аз моҳи сентябри соли 2019 инҷониб маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Боҷу хироҷ» амал мекунад, ки роҳбарии онро ассистенти кафедра Хидиралиев Р.З. ба зимма дорад. Тибқи нақшаи кории маҳфил донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ» ва 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ» бо маърӯзаҳои худ баромад менамоянд.

Ҳамкориҳои берунаи кафедра

Кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ бо кафедраҳои дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла бо кафедраҳои «Андоз ва андозбандӣ» ва «Менеҷменти молиявӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Менеҷменти молиявӣ» ва «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, «Менеҷменти молиявӣ» ва «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, «Менеҷменти молиявӣ ва инноватсия» ва «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ташкил намудааст. Дар баробари ин, робитаи устувору доимии кафедра бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.