САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА:
— ташкил ва густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ва илмии хориҷи кишвар;
— назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва омӯзгорони хориҷӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;
— барои баррасӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои муҳассилини хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдид ё таҳияи раводиди таҳсилӣ ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ;
— ба роҳ мондани фаъолият бо сафоратхонаҳо, сарраёсати консулӣ, созмонҳо ва хазинаҳои байналмалалӣ дар шаҳри Душанбе;
— таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати ба даст овардани грантҳои хориҷӣ;
— расонидани кумаки методӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ва иштирок дар барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён;
— таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
— таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
— назорати татбиқи созишномаҳои байнимуассисавӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;
— ҷустуҷў ва дарёфти лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи маориф ва илм;