logo
  • 07.11.2019
  • Комментарии к записи Маълумот оид ба қисм отключены

Маълумот оид ба қисм

ҶАББОРОВ ФАТҲУЛЛО АМРИЕВИЧ — н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел: (+992 37) 234-88-02
E-mail: fathullo_a@mail.ru

 

 

Қисми робитаҳои хориҷӣ яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти густариши равобити хориҷӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавї дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи соҳибкорї ва хизмат ба роҳ мондааст.

Қисми робитаҳои хориҷӣ танзим ва назорати равобити хориҷии донишкадаро амалӣ сохта, баҳри вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмиллалї дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ва истифодаи самараноки онҳо дар рушди касбияти мутахассисон, таҳияи лоиҳаҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби грантҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ месозад. Қисми робитаҳои хориҷии донишкада аз шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва ҷалби грантҳо иборат аст.


Сӯҳбат пӯшида аст.